2 номаро ба Тимотиюс 2 Боб
1 Писарам – Тимотиюс, ту ба воситаи қуввате, ки Исои Масеҳ ба мо медиҳад, устувор бош.
2 Таълимотеро, ки ту дар ҳузури шоҳидони бисёр аз ман шунидӣ, ба одамони вафодор расон, ки онҳо низ дигаронро таълим дода метавонанд.
3 Ҳамчун сарбози вафодори Исои Масеҳ ҳамроҳи ман дар сахтиҳо тоқат бикун.
4 Дар бораи ин се масал андеша кун: ягон сарбоз ҳангоми хизматаш ба корҳои одӣ машғул намешавад. Ӯ фақат кӯшиш мекунад, ки ба сарлашкар писанд ояд.
5 Варзишгаре, ки дар мусобиқа аз рӯйи қоида мубориза намебарад, мукофот намегирад.
6 Деҳқоне ки меҳнат мекунаду заҳмат мекашад, бояд ҳаққашро аз ҳосил аввалин шуда гирад.
7 Дар бораи суханони ман андеша намо. Худи Худованд барои фаҳмидани ҳамаи ин ба ту ёрӣ мерасонад.
8 Исои Масеҳро ҳамеша дар ёд дор! Хушхабаре, ки ман эълон мекунам, он аст, ки Исо аз насли шоҳ Довуд буд ва Худо Исоро аз мурдагон зинда кардааст.
9 Ба хотири эълон кардани ин хушхабар ман азоб мекашам ва ҳатто мисли ҷинояткор занҷирбанд ҳастам. Лекин каломи Худоро занҷирбанд карда намешавад.
10 Бинобар ин ба хотири халқи интихобшудаи Худо ба ҳама гуна азоб тоқат мекунам, то ки онҳо ҳам бо шуҳрату ҷалоли абадӣ наҷотеро ба даст оранд, ки он аз Исои Масеҳ аст.
11 Дуруст гуфта шудааст, ки агар бо Ӯ мурда бошем, бо Ӯ зиндагӣ низ хоҳем кард.
12 Агар мо ба азобҳо тоқат кунем, бо Ӯ ҳукмронӣ низ хоҳем кард. Агар мо аз Ӯ рӯй гардонем, Ӯ низ аз мо рӯй хоҳад гардонд.
13 Агар мо ба Ӯ бевафоӣ кунем, Ӯ вафодор мемонад, зеро Худашро рад карда наметавонад.
14 Ин чизҳоро ба ҳама хотиррасон намуда, дар ҳузури Худо талаб намо, ки баҳсҳоро дар бораи маънои калимаҳо ба охир расонанд. Шунавандагони баҳсҳо аз ин на фоида, балки зарар мебинанд.
15 Аз таҳти дил хизмат кун, то ки худро дар чашми Худо ҳамчун шахси санҷидашуда ва ҳамчун коргаре нишон диҳӣ, ки аз чизе шарм намедорад ва паёми ростиро дуруст шарҳ медиҳад.
16 Аз баҳсҳои беҳуда ва бемаънӣ худро дур гир. Онҳое, ки ба баҳс кардан машғуланд, бештару бештар одамонро аз Худо дур мекунанд ва
17 таълимоташон ба мисли бемории саратон дар бадан паҳн мешавад. Дар байни онҳо Ҳименоюс ва Филитус ҳам ҳастанд.
18 Онҳо роҳи ростро тарк карда, эълон мекунанд, ки Худо аллакай мурдаҳоро зинда кардааст. Ба ин восита баъзеҳоро аз имон мегардонанд.
19 Лекин ҳақиқати Худо ба монанди санги таҳкурсӣ устувор истодааст, ки дар он ин суханон кандакорӣ шудаанд: «Худованд медонад, ки киҳо аз они Ӯ ҳастанд» ва «Ҳар касе ки номи Худовандро ба забон меорад, бояд аз бадӣ дур шавад!»
20 Дар як хонаи калон на танҳо зарфҳои тиллоию нуқрагин, балки зарфҳои чӯбину сафолӣ низ ҳастанд. Баъзеи онҳо барои корҳои махсус ва баъзеи онҳо барои корҳои одӣ мебошанд.
21 Касе ки худро аз корҳои бад пок кунад, ба мисли зарф барои корҳои махсус истифода бурда мешавад. Ӯ барои Худо ҷудо карда мешавад. Дар ин ҳолат ӯ тайёр аст, то ки Хӯҷаинаш вайро барои ҳар кори нек истифода барад.
22 Тимотиюс, ту ҷавон бошӣ ҳам, аз ҳавасҳои ҷавонӣ гурез. Баръакс, дар пайи росткорию имон, муҳаббату сулҳ бош ва аз пайи онҳое рав, ки бо дили пок ба Худованд дуо мекунанд.
23 Дар баҳсҳои беҳудаву беасоси дигарон иштирок накун. Охир медонӣ, ки чунин баҳсҳо бо ҷанҷол анҷом меёбанд.
24 Хизматгори Худованд набояд ҷангҷӯй бошад, балки ба ҳама меҳрубонию сабру тоқаташро нишон диҳад. Ҳамчунин қобилияти таълим додани каломи Худоро дошта бошад.
25 Инчунин, хизматгор муқобилони худро бояд хоксорона ислоҳ намояд. Шояд ба воситаи чунин ислоҳкунӣ Худо ато фармояд, ки онҳо аз корашон даст кашанд ва тавба карда, ростиро фаҳманд.
26 Ба ин восита ба худ омада, аз доми шайтон раҳоӣ меёбанд, ки вай онҳоро чун асир ба зери итоаташ даровардааст.