1 Вақте ки Исои Масеҳ боз меояд, Ӯ ҳамчун шоҳ ҳукмронӣ мекунад ва ҳамаро, яъне зиндагону мурдагонро доварӣ менамояд. Аз ин сабаб ман дар ҳузури Худо ва Исои Масеҳ ба ту супориш медиҳам, ки
2 каломи Худоро эълон намо. Вақту бевақт омодаи кор бош. Босаброна ва бо таълимоти дуруст одамонро ислоҳу сарзаниш намо ва онҳоро рӯҳбаланд кун.
3 Зеро замоне фаро мерасад, ки одамон таълими дурустро қабул намекунанд. Баръакс, барои шунидани суханони табъи дилҳои бадашон муаллимони дигареро даъват намуда, ба онҳо гӯш медиҳанд.
4 Онҳо гӯшҳояшонро аз шунидани ҳақиқат маҳкам карда, аз пайи шунидани афсонаҳо мераванд.
5 Лекин ту дар ҳама ҳолат ҳушёр бош. Ҳангоми ба хотири Худованд азоб кашидан пуртоқат бош. Хушхабарро эълон намудан гир ва хизмати худро пурра иҷро кун.
6 Ҳаёти ман мисли май то қатраи охиринаш дар қурбонгоҳ рехта шудааст, яъне хизматам ба охир расида истодааст. Ба наздикӣ аз дунё меравам.
7 Ман ба мисли варзишгар хуб мубориза бурда, то охир давидам ва имонро нигоҳ доштам.
8 Акнун маро мукофот, яъне тоҷи росткорӣ интизор аст. Онро Худованд – Довари боадолат дар рӯзи баргаштанаш ба ман хоҳад дод. Ин мукофотро на танҳо ман, балки ҳамаи онҳое низ мегиранд, ки бозгашти Исои Масеҳро беҳад интизоранд.
9 Тимотиюс, кӯшиш намо, ки ҳарчи зудтар ба наздам – ба шаҳри Рум биёӣ.
10 Чунки Димос чизҳои ин дунёро дӯст дошт ва маро тарк карда, ба шаҳри Тасолуникӣ рафт. Крискис ба вилояти Ғалотия ва Титус бошад, ба вилояти Далмотия рафт.
11 Фақат Луқо ҳамроҳи ман аст. Ҳангоми омаданат Марқусро бо худ биёр, зеро ӯ ба хизмати ман ёрӣ мерасонад.
12 Ман Тихикосро ба шаҳри Эфесус фиристодам.
13 Ҳангоми омаданат ҷомаамро биёр. Ман онро дар шаҳри Трӯос дар хонаи Карпус монда будам. Инчунин, китобҳо, бахусус қиматашонро биёр.
14 Искандари оҳангар ба ман бисёр бадӣ кард. Худованд мувофиқи амалаш вайро ҷазо медиҳад.
15 Ту низ аз ӯ эҳтиёт шав, чунки ӯ сахт бар зидди суханони мо баромада буд.
16 Дар суди якум ягон кас маро тарафдорӣ накард, ҳама маро тарк намуданд. Бигзор Худо инро ба онҳо гуноҳ ҳисоб накунад.
17 Лекин Худованд маро тарафдорӣ намуд. Ӯ ба ман қувват дод, ки хушхабарро эълон намоям. Ба шарофати ман ғайрияҳудиён хушхабарро аз сар то охир шуниданд. Бале, Худованд маро тарафдорӣ карда, аз даҳони шер халос кард.
18 Ӯ маро аз ҳар кори бад раҳоӣ дода, сиҳату саломат ба Подшоҳии осмониаш мебарад. Ба Ӯ то абад шаъну шараф бод! Омин!
19 Ба Прискилаву Акило ва аҳли оилаи Анисифӯрус аз номи ман салом расон.
20 Арастус дар шаҳри Қуринтус монд ва Труфимуси беморро дар шаҳри Милитус гузоштам.
21 Кӯшиш кун, ки пеш аз зимистон ба ин ҷо расида биёӣ. Авбулусу Пудис, Линусу Клавдия ва ҳамаи имондорон ба ту салом мерасонанд.
22 Бигзор Худованд бо ту бошад ва ба ҳамаи шумо файзу меҳрубонӣ нишон диҳад.