Нома ба Филиппиен 1 Боб
1 Салом ба ҳамаи онҳое ки аз они Исои Масеҳ ҳастанд ва ба сардорону хизматчиёни ҷамоат, ки дар шаҳри Филиппӣ мебошанд! Мо, Павлусу Тимотиюс, ки хизматгорони Исои Масеҳ ҳастем,
2 файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худо ва Худовандамон Исои Масеҳро бар шумо хоҳонем.
3 Ҳар гоҳ ки шуморо ёд мекунам, ба Худоям шукр мегӯям
4 ва ҳангоми дуоҳоям ҳамеша бо хурсандӣ барои ҳамаатон дуо мекунам,
5 чунки шумо аз рӯзи аввал то ҳол дар паҳн намудани хушхабари Исои Масеҳ иштирок мекунед.
6 Боварии комил дорам, Худое, ки ин кори некро дар дилҳои шумо оғоз намуд, то рӯзи баргаштани Исои Масеҳ онро анҷом медиҳад.
7 Дар бораи ҳамаи шумо чунин андеша доштанам дуруст аст, зеро шумо дар дили ман ҷой гирифтаед. Ҳангоми дар зиндон буданам ва ҳақиқати хушхабарро ҳимояву исбот карданам шуморо дар файзу меҳрубонии Худо шарикони худ медонистам.
8 Худо медонад, ки бо он қадар меҳри зиёде, ки аз Исои Масеҳ дар ман пайдо шудааст, муштоқи дидори шумо ҳастам.
9 Ҳамчунин, барои шумо дуо мекунам, ки муҳаббататон бо донишу фаҳмиши бештар торафт зиёд шавад.
10 Зеро ман мехоҳам, ки шумо интихоб кардани чизҳои беҳтаринро ёд гирифта, то рӯзи баргаштани Масеҳ поку беайб гардед.
11 Боз дуо мекунам, ки зиндагиатон пур аз ростӣ бошад. Ин зиндагии пур аз ростӣ барои бузургию ситоиши Худо аз ҷониби Исои Масеҳ бахшида мешавад.
12 Бародарону хоҳарон, мехоҳам бидонед, ки ба паҳн шудани хушхабар аслан азоб кашиданам кумак кард.
13 Ҳоло ба ҳамагон, аз он ҷумла, ба тамоми посбонони дарбор маълум гардидааст, ки ман ба хотири Масеҳ дар зиндон ҳастам.
14 Аз ҳамин сабаб имондорони зиёд аз Худованд дилпур гардида, бе тарсу ҳарос, бо як далерии бузург паёми Худоро мегуфтагӣ шуданд.
15-17 Баъзеҳо на аз таҳти дил, балки аз бахиливу душманӣ ва аз рӯйи рақобат Масеҳро эълон мекунанд, то ки азобҳоямро дар зиндон дучанд гардонанд. Аммо баъзеи дигар бо нияти нек, аз рӯйи муҳаббат ин корро мекунанд, зеро медонанд, ки ман ба ин ҷо барои ҳимояи хушхабар афтодаам.
18 Чӣ илоҷ? Бо ҳар роҳе ки бошад, хоҳ аз рӯйи нияти дуруст ё хоҳ нодуруст, Масеҳ ба мардум эълон карда мешавад. Аз эълон кардани номи Масеҳ ман шодам ва шодӣ кардан мегирам,
19 зеро медонам, ки дуои шумову кумаки Рӯҳи Исои Масеҳ маро наҷот медиҳад.
20 Умеди зиёд дорам, ки дар ягон ҳолат шарманда намешавам. Баръакс, ҳоло низ мисли ҳамеша бо камоли далерӣ сухан гуфтанро давом медиҳам, то ки хоҳ дар ҳаётам бошад, хоҳ дар маргам бузургии Масеҳ дар ман афзунтар гардад.
21 Зеро Масеҳ барои ман ҳаёт аст ва марг бароям фоида аст.
22 Аммо агар зинда монам, корам самаранок мешавад. Хулоса, намедонам кадомашро интихоб кунам.
23 Дар байни ду роҳ мондаам. Аз як тараф мехоҳам, ки ин дунёро тарк намуда, бо Масеҳ бошам, чунки ин аз ҳама беҳтар аст.
24 Аммо аз тарафи дигар, ҷисман зинда монданам барои шумо заруртар аст.
25 Ман аниқ медонам, ки зинда мемонаму барои дар имон мустаҳкам шудану хурсандӣ карданатон ба шумо ёрӣ доданро давом медиҳам,
26 то ки ҳангоми ба наздатон баргаштанам ба хотири ман аз Исои Масеҳ бештар ифтихор кунед.
27 Фақат тарзе зиндагӣ кунед, ки рафтори шумо лоиқи хушхабари Масеҳ бошад, то ки ҳангоми омаданам бинам ё агар омада натавонам, ақаллан шунавам, ки шумо дар як рӯҳ устуворед, бо як мақсад ва якҷоя барои имон, яъне барои хушхабар заҳмати зиёд мекашед.
28 Ба душманон роҳ надиҳед, ки шуморо ба тарсу ҳарос андозанд. Ин нотарсиатон нишонаи он мегардад, ки онҳо нобуд мешаванду шумо наҷот меёбед. Инчунин, ин нишона аз ҷониби Худо мебошад.
29 Зеро ба шумо ато шудааст, ки на танҳо ба Масеҳ имон дошта бошед, балки ба хотири Ӯ азоб низ кашед.
30 Шумо азоби маро дида будед ва то ҳол мешунавед, ки ҳанӯз дар азобам. Ҳоло бошад, худатон мисли ман азоб мекашед.