меню

Нома ба Филиппиен 3 Боб

гузариш зуд:

1 Инак, бародарону хоҳарон, дар ягонагӣ бо Худованд шод бошед. Ба ман такрор ба такрор навиштани ин чизҳо мушкил нест, чунки ин бар фоидаи шумост.

2 Аз сагон – аз одамони нобакор, аз онҳое, ки одамонро ба хатна кардан маҷбур мекунанд, эҳтиёт шавед!

3 Зеро хатнашудагони ҳақиқӣ мо ҳастем, ки ба чизҳои зоҳирӣ такя намекунем, балки бо Рӯҳи Худо парастиш мекунему бо Исои Масеҳ ифтихор мекунем.

4 Ман метавонистам, ба ҷисм такя кунам. Агар касе гумон кунад, ки ҳақ дорад ба ҷисмаш такя кунад, пас ман ҳаққи бештар дорам.

5 Зеро дар ҳаштрӯзагиам хатна шудаам, миллатам исроилӣ, аз авлоди Бинёмин ва ибрии ҳақиқӣ мебошам. Ҳамчун аз мазҳаби фарисӣ ба шариати Мусо итоат мекардам.

6 Аз рӯйи ҷидду ҷаҳд озордиҳандаи ҷамоати имондорон ва аз ҷиҳати росткорӣ дар итоати қонун беайб будам.

7 Аммо ҳоло ҳама чизҳоеро, ки пеш дастоварди худ меҳисобидам, ба хотири Масеҳ ҳеҷу пуч мешуморам.

8 Бештар аз ин, ман ҳама чизро ҳеҷу пуч мешуморам, зеро чизе нест, ки аз шинохтани Худовандам Исои Масеҳ беҳтар бошад. Ба хотири Ӯ ман аз ҳама чиз, гӯё аз партове бошад, даст кашидам, то ки бо Масеҳ бошам

9 ва бо Ӯ як шавам. Ман дигар кӯшиш намекунам, ки бо қуввати худ шариатро иҷро намуда, росткор шавам, балки дар пайи росткорие мебошам, ки аз имон ба Масеҳ бармеояд. Ин росткорӣ ба хотири имон аст ва аз ҷониби Худо дода мешавад.

10 Хоҳиши ман ин аст, ки Исои Масеҳро бештар шиносам ва қувваеро, ки Ӯро аз марг зинда кард, дарк кунам. Мехоҳам, ки дар азобҳои Ӯ шарик шавам ва дар маргаш монанди Ӯ бошам,

11 бо умеди он ки ман низ аз мурдагон зинда шавам.

12 Намегӯям, ки ман аллакай ба мақсадам расидаам ё комил шудаам, балки ғайрат мекунам, ки онро ба даст оварам, чунки Исои Масеҳ маро ба даст овард.

13 Бародарону хоҳарон, ман дар бораи худ фикр намекунам, ки муродам ҳосил шудааст, балки як чизро мегӯям, ки гузаштаро фаромӯш карда, ба пеш ҳаракат мекунам.

14 Ба сӯйи мақсад мешитобам, то ки мукофотамро, яъне даъвати осмонии Худоро, ки ба воситаи Исои Масеҳ дода мешавад, ба даст оварам.

15 Бигзор ҳар яки мо, ки рӯҳан ба камол расидаем, ҳамин тавр фикр кунем, аммо агар шумо дигар хел фикр кунед, Худо онро ҳам ба шумо ошкор мекунад.

16 Ба ҳар ҳол, мо бояд мувофиқи ҳақиқате, ки ёфтаем, зиндагӣ кунем.

17 Бародарону хоҳарон, аз ман ибрат гиред ва ба онҳое нигоҳ кунед, ки мувофиқи намунаи мо рафтор мекунанд.

18 Зеро бисёриҳо, чунон ки пеш ба шумо мегуфтам ва алҳол бо оби дида мегӯям, мисли душмани салиби Масеҳ рафтор мекунанд.

19 Оқибати онҳо нобудӣ, худои онҳо шикам аст ва онҳо аз расвоӣ фахр мекунанд. Тамоми фикрҳояшон дар бораи чизҳои заминӣ аст.

20 Вале ватани мо осмон аст ва мо интизорем, ки аз он ҷо Наҷотдиҳанда, яъне Худовандамон Исои Масеҳ меояд.

21 Ӯ бо қуввате, ки ҳама чизро ба Худ тобеъ мекунад, ҷисмҳои сусту нобудшавандаи моро дигаргун мекунад, то ба ҷисми пуршукӯҳи Худ монанд гардонад.

Бобҳо: 1 2 3 4