меню

Нома ба Филиппиен 4 Боб

гузариш зуд:

1 Бародарону хоҳарони азиз, шодии дил ва тоҷи сарам, дар имон ба Худованд устувор монед!

2 Аз хоҳарон Авудия ва Синтихӣ илтимос мекунам, ки ба хотири Худованд бо якдигар сулҳ дошта бошанд.

3 Бале, ҳамкори вафодорам, аз ту низ хоҳиш мекунам, ки ба ин занон ёрӣ диҳӣ. Онҳо дар баробари ман, Климентус ва ҳамкорони дигарам, ки номҳояшон дар китоби ҳаёт аст, барои паҳн кардани хушхабар заҳмати зиёд кашиданд.

4 Ҳамеша дар ягонагӣ бо Худованд шод бошед! Боз мегӯям, ки шод бошед!

5 Бигзор нармдилии шумо ба ҳама одамон маълум бошад, чунки Худованд наздик аст!

6 Ғами ҳеҷ чизро нахӯред, балки барои ҳама чиз ҳангоми дуо бо илтимосу миннатдорӣ хоҳишҳои худро ба Худо бигӯед.

7 Он гоҳ осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилу андешаҳои шуморо дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ нигоҳ медорад.

8 Хуллас, бародарону хоҳарон, дар бораи чизҳое фикр кунед, ки росту шоиста, поку дуруст, хушоянду лоиқи таъриф ва мувофиқи одобу сазовори ситоиш бошад.

9 Корҳои аз ман омӯхтаву қабулкарда ва шунидаву дидаатонро давом диҳед ва Худои осоиштагӣ ҳамроҳи шумо хоҳад буд.

10 Дар ягонагӣ бо Худованд беҳад хурсандам, ки оқибат ба ман ғамхорӣ мекардагӣ шудед. Албатта, шумо пеш ҳам ба ман ғамхорӣ мекардед, лекин барои ёрӣ додан имконият надоштед.

11 Инро на барои он мегӯям, ки муҳтоҷӣ мекашам, зеро ман дар ҳама гуна шароит қаноатмандона зиндагӣ карданро ёд гирифтаам.

12 Камбағалиро ҳам дидааму серию пуриро ҳам. Ҳама гуна ҳолатро аз сарам гузарондаам. Ҳам ба сериву гуруснагӣ ва ҳам ба нодориву фаровонӣ тайёр ҳастам.

13 Ба воситаи Масеҳ, ки ба ман қувват мебахшад, дар ҳама гуна вазъият тоқат мекунам.

14 Бо вуҷуди ин хуб кардед, ки дар ин вақти мушкил ба ман дасти ёрӣ дароз намудед.

15 Филиппиён, шумо худ медонед, ки вақте ки аз вилояти Мақдуния баромада, эълон кардани хушхабарро сар кардам, ғайр аз шумо ягон ҷамоати дигари имондорон ба ман кумакпулӣ надод.

16 Ҳатто ҳангоми дар шаҳри Тасолуникӣ буданам шумо як-ду бор барои эҳтиёҷотам кумакпулӣ фиристода будед.

17 Мақсади гапам аз шумо туҳфа рӯёндан нест, фақат мехоҳам, ки самараи корҳои некатон зиёд шавад.

18 Туҳфае, ки ба дасти Эпафрудитус ба ман фиристодед, мисли дуди хушбӯй ва қурбонии хушу писандидаи Худо аст. Акнун ман пурра таъмин шудам ва ҳатто аз ҳад зиёд дорам.

19 Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо низ аз сарвати азими Худ ба воситаи Исои Масеҳ қонеъ хоҳад гардонд.

20 Ба Худо Падари мо, то абад бузургӣ бод. Омин.

21 Ба ҳар касе, ки ба Исои Масеҳ имон оварда, аз они Худо шудааст, салом расонед. Бародароне, ки бо ман ҳастанд, ба шумо салом мерасонанд.

22 Ҳамаи онҳое, ки аз они Худо ҳастанд, хусусан, дарбориёни шоҳаншоҳ ба шумо салом мефиристанд.

23 Бигзор файзу меҳрубонии Худованд Исои Масеҳ бо шумо бошад!

Бобҳо: 1 2 3 4