1 Пас, агар дар имон ба Масеҳ ягон дилбардорӣ ё бо Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо муносибат ё раҳму дилсӯзие дошта бошед ё муҳаббати Ӯ шуморо тасалло медиҳад,
2 дар фикру муҳаббати ягона якдилу якҷон шуда, хурсандии маро пурра созед.
3 Ҳаргиз худхоҳонаву ҳавобаландона рафтор накунед, балки хоксорона дигаронро аз худ болотар донед.
4 Бигзор ҳар яке аз шумо на танҳо дар бораи худ, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд.
5 Шумо низ бояд он андешаҳое, ки Исои Масеҳ дар бораи Худ дошт, дошта бошед:
6 Масеҳ дар асл Худо буд, лекин фикр накард, ки бо Худо баробар буданро ба даст биёрад.
7 Ба ҷойи ин Ӯ ихтиёрӣ аз ҳама чиз маҳрум шуда, ғулом гардид ва монанди инсонҳо шуд.
8 Вақте ки Ӯ инсон шуд, Худро фурӯтан сохта, ба Худо итоат кард ва ҳатто то дами марг дар салиб итоаткор монд.
9 Барои ин Худо Ӯро бар ҳама сарафроз кард ва номашро дар байни ҳама номҳо баланд намуд,
10 то ки баробари шунидани номи Исо ҳар зону, чи дар осмону чи дар замин ва чи дар зери замин хам шавад
11 ва барои бузургии Худо Падар ҳар як кас эълон кунад, ки Исои Масеҳ Худованд аст.
12 Азизонам, вақте ки бо шумо будам, ҳамеша ба ман итоат мекардед, аммо акнун ҳангоми набуданам бештар итоат намуда, наҷоти худро бо тарсу ларз ба ҷо оваред.
13 Зеро Худо дар дили шумо амал мекунад, то ки ҳам хосту ҳам амалатон писанди Ӯ бошад.
14 Ҳар корро шикоят накарда, бечуну чаро иҷро кунед,
15-16 то ки дар байни насли беинсофу вайроншуда шумо поку беайб ва фарзандони бенуқси Худо бошед. Ҳангоме ки каломи ҳаётро маҳкам нигоҳ медоред, ҳамчун ситорагон ба ҷаҳон нур мепошед. Дар ин ҳолат ман дар рӯзи баргаштани Масеҳ ифтихор карда метавонам, ки кору давутозам пучу беҳуда набуд.
17 Ҳатто агар хунам мисли шароб ҳангоми ҳадяи нӯшиданӣ барои иҷрои қурбонии хизмати шумо рехта шавад ҳам, хурсандам ва ҳамроҳи ҳамаи шумо шодӣ мекунам.
18 Шумо низ ҳамин тавр хурсанд бошед ва бо ман шодӣ кунед.
19 Умедворам, ки бо хости Худованд Исо ба наздикӣ Тимотиюсро ба наздатон мефиристам, то ки аз ҳоли шумо хабардор шуда, шод гардам.
20 Ман каси дигаре надорам, ки мисли ӯ аз таҳти дил ғамхори шумо бошад.
21 Чунки дигарон на дар фикри хизмат ба Исои Масеҳ, балки дар фикри худ ҳастанд.
22 Шумо Тимотиюсро хуб мешиносед ва медонед, ки ӯ дар эълон кардани хушхабар ба ман мисли писар ба падар хизмат кард.
23 Аз ин рӯ умедворам, ки пас аз маълум шудани вазъиятам ӯро дарҳол мефиристам.
24 Аммо дар Худованд дилпур ҳастам, ки ба наздикӣ худам ҳам ба пешатон меоям.
25 Ҳоло зарур донистам, ки ҳамкору ҳамсаф ва бародарам Эпафрудитусро, ки ҳангоми муҳтоҷ буданам ба хизматам фиристода будед, баргардонда ба назди шумо фиристам.
26 Ӯ шуморо хеле ёд кардааст ва хеле ғамгин аст, ки овозаи бемор шуданаш то ба шумо расидааст.
27 Эпафрудитус, дар ҳақиқат, сахт бемор буд. Қариб мемурд, лекин Худо ба ӯ раҳм кард ва на танҳо ба ӯ, балки Худо ба ман низ раҳм кард, то ки ба ғамҳоям боз ғами дигар зам нашавад.
28 Бинобар ин бо ҷону дил ӯро ба наздатон мефиристам, то ки шумо аз дидораш хурсанд шаведу ман аз ғам озод шавам.
29 Ӯро ҳамчун бародари имондор дар Худованд бо камоли хурсандӣ қабул намоед. Чунин одамонро ҳамеша ҳурмату иззат бояд кард.
30 Зеро ӯ барои кори Масеҳ ҷонашро дар хатар монда, ба ҷойи ҳамаи шумо ба ман хизмат кард.