меню

1 Номаи Петрус 1 Боб


1 Салом аз номи Петрус – фиристодаи Исои Масеҳ. Ман ин номаро ба интихобшудагони Худо, ки дар вилоятҳои Рум: Понтус, Ғалотия, Каппадукия, Осиё ва Битуния ғарибу парокандаанд, менависам.

2 Худо Падар шуморо аз қадим мувофиқи пешбинии Худ интихоб намудааст. Инчунин, Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо шуморо аз ҷаҳон ҷудо карда, муқаддас намудааст, то ки ба Исои Масеҳ итоат кунед ва ба воситаи хуни Ӯ аз гуноҳҳоятон пок шавед. Бигзор дар ҳаётатон файзу меҳрубонӣ ва осоиштагии Худо зиёд гардад!

3 Ҳамду сано ба Худо, ки Падари Худованди мо Исои Масеҳ аст! Ӯ Исои Масеҳро аз марг зинда карда, бо меҳрубонии бузурги Худ ба мо таваллуди нав ва умеди ҳаётбахш додааст.

4 Ин чизҳоро Худо ба мо чун меросе додааст, ки ҳаргиз намепӯсад, куҳна ва ё вайрон намешавад. Ӯ ин меросро барои шумо дар осмон нигоҳ медорад.

5 Худо бо қувваи Худ ва ба воситаи имонатон шуморо барои наҷот нигоҳ медорад, то вақте ки наҷоти Ӯ дар замони охир ба ҳама ошкор шавад.

6 Инро дониста шумо шоду хурсанд ҳастед, ҳатто агар аз санҷишҳои гуногуни зиндагӣ каме азоб кашед.

7 Ин санҷишҳо ҳақиқӣ будани имонатонро исбот мекунанд. Имони шумо ба тиллое монанд аст, ки ҳангоми аз оташ гузаштан тозатар мешавад. Вале имонатон аз тиллое, ки нобуд мешавад, гаронбаҳотар аст. Агар имонатон устувор монад, шумо дар рӯзи ошкор шудани Исои Масеҳ сазовори таърифу эҳтиром мегардед.

8 Гарчанде ки шумо Исоро надида будед, Ӯро дӯст медоред ва ҳоло ҳам Ӯро надида ба Ӯ имон доред. Аз ин шумо бениҳоят шоду хурсанд ҳастед,

9 чунки ба мақсади имонатон, яъне ба наҷот ёфтани худ наздик шуда истодаед.

10 Ин ҳамон наҷоте буд, ки пайғамбарон ҷустуҷӯ карда, фаҳмидан мехостанд, вақте ки дар бораи файзу меҳрубонии ояндаи Худо, ки насиби шумо гардидааст, пешгӯйӣ мекарданд.

11 Рӯҳи Масеҳ пайғамбаронро илҳом бахшида, ба воситаи онҳо дар бораи азоби Ӯ ва шаъну шарафи баъдинааш пешгӯйӣ мекард. Бинобар ин онҳо замону ҳолати он воқеаҳоро фаҳмидан мехостанд.

12 Ба пайғамбарон аён шуд, ки онҳо на барои худ, балки барои шумо пешгӯйӣ мекарданд. Ҳоло бошад, ин хушхабарро Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба воситаи одамон ба шумо эълон намудааст. Ин хушхабар дар бораи Исои Масеҳ чунон аҷоиб аст, ки ҳатто фариштагон онро фаҳмидан мехоҳанд.

13 Барои ҳамин ҳамеша ҳушёр ва ба ҳар амали нек тайёр бошед. Ба Худои меҳрубон пурра умед бандед, ки Ӯ дар рӯзи омадани Исои Масеҳ шуморо наҷот медиҳад.

14 Ҳамчун фарзандони итоаткори Худо нагузоред, ки хоҳишу ҳавасҳои бад чун дар замонҳое, ки Худоро намешинохтед, ҳаёти шуморо идора кунанд.

15 Баръакс, ба мисли Худои Пок, ки шуморо даъват кардааст, шумо низ дар ҳама кору рафторатон пок бошед!

16 Зеро Худо дар навиштаҷот чунин фармудааст: «Пок бошед, чунки Ман пок ҳастам».

17 Шумо Худоро Падари худ меҳисобед ва медонед, ки Ӯ ҳамаро бо як чашм нигоҳ карда, мувофиқи корашон доварӣ мекунад. Аз ин сабаб шумо бояд дар ин дунё ҳаёти ғарибонаи худро дар пеши Худо бо тарсу эҳтиром гузаронед.

18 Зеро медонед, ки Худо шуморо аз ҳаёти беҳудаву бемаъние, ки аз бобоҳоятон мондааст, бо нархи гарон харида, озод кардааст. Ин нарх нуқраву тиллои нобудшаванда нест,

19 балки хуни гаронбаҳои Масеҳ аст, ки ҳамчун барраи беайб ва бенуқсон қурбон шуда буд.

20 Худо пеш аз офариниши дунё Масеҳро Наҷотдиҳандаи шумо интихоб карда буд ва Ӯро дар ин солҳои охир барои шумо ошкор кардааст.

21 Охир, шумо ба воситаи Масеҳ ба Худо имон овардед ва ба Ӯ умед мебандед, чунки Худо Масеҳро аз марг зинда карда, Ӯро соҳиби шаъну шараф гардондааст.

22 Акнун шумо ба ҳақиқате, ки хушхабар ошкор мекунад, итоат карда, аз гуноҳҳоятон пок шудед. Барои ҳамин шумо бояд ба ҳамдигар чун бародару хоҳар муҳаббати самимӣ изҳор намоед. Якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред!

23 Зеро шумо на аз тухми одӣ ба дунё омадаед, балки ба воситаи тухми ҳаёти абадӣ аз нав таваллуд шудаед. Ҳаёти нави шумо то абад давом меёбад, чунки аз каломи Худо, ки зиндаву абадӣ аст, ба вуҷуд омадааст.

24 Чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст: «Одамизод мисли алаф асту зебоиаш чун гули саҳрост. Алаф хушку гул пажмурда мешавад,

25 вале каломи Худованд то абад боқӣ мемонад!» Ин калом ҳамон хушхабарест, ки ба шумо эълон шудааст.

Бобҳо: 1 2 3 4 5