меню

1 Номаи Петрус 4 Боб


1 Азбаски Масеҳ ҷисман азоб кашид, шумо низ барои аз сар гузаронидани азобҳо тайёр бошед. Зеро касе, ки ҷисман азоб мекашад, дигар гирифтори гуноҳ намешавад

2 ва зиндагии боқимондаашро на аз рӯйи ҳавасҳои ҷисм, балки мувофиқи хости Худо мегузаронад.

3 Дар гузашта шумо ҳамчун беимонон зиндагӣ мекардед ва дар бадахлоқию ҳавасҳои бад, мастию пурхӯрӣ, айшу ишрат ва бутпарастии шармовар ғарқ шуда, вақти зиёдро ҳайф кардед.

4 Азбаски шумо ҳамроҳи беимонон дар бадкорию бадахлоқӣ дигар иштирок намекунед, онҳо ба ҳайрат афтода, шуморо дашном медиҳанд.

5 Онҳо дар пеши Доваре, ки ба зудӣ мурдагону зиндагонро доварӣ мекунад, ҷавоб хоҳанд дод.

6 Ба ҳамин сабаб ба имондорони гузашта ҳам хушхабар эълон шуд, то ки мисли дигар одамон ҷисман ҳукм шуда бимиранд, вале рӯҳан бо Худо зиндагӣ кунанд.

7 Охири ҳама чиз наздик аст. Барои ҳамин ақлатонро солим ва ҳушёр нигоҳ доред, то ки беҳтар дуо карда тавонед.

8 Пеш аз ҳама якдигарро аз сидқи дил дӯст доред, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро мебахшад.

9 Якдигарро бе ягон шикоят меҳмондорӣ кунед.

10 Ҳар яки шумо аз Худо атои махсус гирифтаед, барои ҳамин аз атоҳои гуногуни Худо оқилона истифода бурда, ба якдигар хизмат кунед.

11 Агар касе атои суханронӣ дошта бошад, бигзор тавре сухан гӯяд, ки Худи Худо ба воситаи ӯ гуфта истода бошад. Касе ки хизмат мекунад, бигзор бо қуввае, ки Худо медиҳад, хизмат кунад. Бигзор ҳама чиз ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамду санои Худо хизмат кунад. Тамоми қудрату шаъну шараф то абад аз они Ӯ бод! Омин.

12 Азизон, ҳоло ки аз санҷишҳои вазнин мегузаред, ҳайрон нашавед, чунки ин ягон ҳодисаи ғайриодӣ нест.

13 Балки шодӣ кунед, ки мисли Масеҳ азоб мекашед, он гоҳ дар рӯзи бозгашташ, вақте ки бузургии Ӯ ба ҳама ошкор мешавад, шоду хурсанд мешавед.

14 Агар шуморо барои пайравӣ кардан ба Масеҳ дашном диҳанд, хушбахт бошед, чунки Рӯҳи Худо бо тамоми бузургиаш дар шумо сокин аст.

15 Ҳеҷ яки шумо набояд ба хотири одамкушӣ, дуздӣ, ҷинояткорӣ ё хабаркашӣ азоб кашад.

16 Аммо, агар барои масеҳӣ ном доштанатон азоб кашед, шарм накунед, балки Худоро ситоиш намоед, ки соҳиби чунин ном ҳастед.

17 Зеро вақти доварии Худо расидааст ва Ӯ довариашро аз халқи Худ сар мекунад. Агар доварӣ аз мо сар шавад, пас оқибати онҳое, ки ба хушхабари Худо итоат накардаанд, чӣ хел мешавад?

18 Дар навиштаҷот чунин омадааст: «Агар росткор базӯр наҷот ёбад, пас оқибати нопоку бадкорон чӣ хел мешавад?»

19 Барои ҳамин онҳое, ки аз рӯйи хости Худо азоб мекашанд, бояд ҳаёти худро бо умед ба дасти Офаридгори вафодор супоранд ва некӣ карданро давом диҳанд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5