1 Номаи Петрус 5 Боб
1 Акнун ман ба роҳбарони ҷамоатҳои шумо муроҷиат мекунам. Азбаски ман ҳам мисли шумо роҳбар ҳастам ва шоҳиди азобҳои Масеҳам ва дар бузургии Ӯ, ки ба наздикӣ ошкор мешавад, иштирок мекунам, аз шумо илтимос менамоям:
2 рамаи Худоро, ки ба шумо супурда шудааст, чӯпонӣ кунед. Шумо бояд онҳоро на маҷбуран, балки бо ҷону дил нигоҳубин намоед, чунон ки ба Худо писанд аст. Ин корро на аз рӯйи манфиати худ, балки бо ғайрат ва аз таҳти дил кунед.
3 Онҳоро Худо ба нигаҳбонии шумо супоридааст. Барои ҳамин бар онҳо ҳукмронӣ накунед, балки барояшон намуна бошед.
4 Он гоҳ, вақте ки Чӯпони ҳамагон меояд, ба шумо тоҷи шаъну шарафе медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ пажмурда нахоҳад шуд.
5 Инчунин шумо – имондорони ҷавон, ба роҳбарони ҷамоати худ итоат кунед. Ҳама бояд ба якдигар хоксорона хизмат кунанд, чунки «Худо зидди ҳавобаландон аст, вале ба хоксорон файзу меҳрубонӣ мебахшад».
6 Инак, ба қудрати бузурги Худо такя намуда, фурӯтан шавед ва Ӯ дар вақти муайян шуморо сарбаланд мекунад.
7 Ҳамаи ғаму ташвишҳоятонро ба Худо супоред, чунки Ӯ ғамхори шумост.
8 Бедор ва ҳушёр бошед, чунки душмани шумо – шайтон, мисли шери ғуррон имондоронро шикор намуда, фурӯ бурдан мехоҳад.
9 Шумо бояд бо имони устувор ба ӯ муқобилат кунед, чунки медонед, ки дар тамоми ҷаҳон имондорони дигар низ мисли шумо азобу уқубат мекашанд.
10 Вале Худо сарчашмаи ҳар гуна файзу меҳрубонист ва Ӯ шуморо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ даъват намудааст, ки дар бузургии абадии Ӯ иштирок кунед. Ӯ Худаш баъд аз азобҳои начандон зиёдатон шуморо барқарору устувор, пурзӯру мустаҳкам мегардонад.
11 Тамоми қудрат то абад аз они Ӯ бод! Омин.
12 Ман ин номаи кӯтоҳро бо ёрии бародари вафодорам Сило навиштаам. Мақсадам ин буд, ки шуморо рӯҳбаланд кунам ва шаҳодат диҳам, ки ин ҳама файзу меҳрубонии самимии Худост. Файзи Худоро маҳкам нигоҳ доред!
13 Ҷамоати имондорони шаҳри Бобил, ки мисли шумо аз ҷониби Худо интихоб шудааст ва писари рӯҳониам – Марқус ба шумо салом мерасонанд.
14 Якдигарро дӯстона бӯсида, салом гӯед. Ба ҳамаи шумо, ки дар ягонагӣ бо Масеҳ ҳастед, сулҳу осоиштагӣ бод!