1 Номаи Петрус 2 Боб
1 Бинобар ин аз ҳар гуна бадӣ, дурӯғ, дурӯягӣ, ҳасад ва туҳмат даст кашед!
2 Мисли тифли навзод ташнаи шири тозаи рӯҳонӣ бошед, то ки бо ёрии он шумо рӯҳан калон шуда, соҳиби наҷот шавед.
3 Зеро шумо меҳрубонии Худовандро дида фаҳмидаед.
4 Ба назди Масеҳ оед, ки Санги зинда аст. Ӯро одамон рад карданд, лекин Худо Ӯро интихоб кардааст ва гаронбаҳо меҳисобад.
5 Шумо низ ҳамчун сангҳои зинда ҳастед, ки Худо аз онҳо хонаи рӯҳонии Худро месозад. Шумо дар он хонаи Худо коҳинони муқаддас шуда, ба воситаи Исои Масеҳ ба Худо қурбонии рӯҳонӣ мекунед, ки ба Ӯ писанд аст.
6 Зеро дар навиштаҷот чунин омадааст: «Инак, Ман дар кӯҳи Сион санги асос мегузорам, ки интихобшудаву гаронбаҳо аст. Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳеҷ гоҳ шарманда намешавад!»
7 Дар ҳақиқат, барои шумо, ки имон овардед, ин Санг гаронбаҳо аст, лекин барои онҳое, ки имон наоварданд, «Он санге, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид».
8 Ҳамчунин, «Ӯ сангест, ки бар он пешпо мехӯранд, ва кӯҳпораест, ки аз сабаби он меафтанд». Онҳо пешпо хӯрда меафтанд, чунки ба каломи Худо итоат намекунанд. Ана ҳамин аст насиби онҳо.
9 Аммо шумо насли интихобшуда, коҳинони Подшоҳи Осмонӣ, қавми Худо ва халқе ҳастед, ки Худо барои Худ ҷудо кардааст. Худо шуморо аз торикӣ ба нури аҷоиби Худ даъват кардааст, то ки шумо корҳои бузургашро ба дигарон нақл кунед.
10 Замоне шумо халқи Худо набудед, вале акнун халқи Ӯ шудед. Пештар шумо аз меҳрубонии Худо маҳрум будед, лекин ҳоло меҳрубонии Ӯро ба даст овардаед!
11 Азизон, аз шумо чун аз мусофиру ғарибон талаб мекунам, ки аз ҳавасҳои ҷисм дур шавед, чунки онҳо ҳамеша бар зидди ҷони шумо меҷанганд.
12 Бигзор рафтори шумо дар байни беимонон беайб ва бенуқсон бошад. Он гоҳ одамоне, ки ҳоло шуморо шахсони бадрафтор гуфта, туҳмат мекунанд, корҳои некатонро дида, он рӯзе, ки Худо меояд, ба Ӯ ҳамду сано мехонанд.
13 Ба хотири Худованд ба ҳар қудрату ҳукумати одамӣ итоат кунед, хоҳ ба подшоҳ, ки сарвари давлат аст,
14 хоҳ ба ҳокимоне, ки подшоҳ таъин кардааст. Зеро ҳокимон барои он таъин шудаанд, ки бадкоронро ҷазо диҳанд ва некӯкоронро таъриф кунанд.
15 Худо мехоҳад, ки шумо бо корҳои некатон даҳони одамони нодонро, ки суханони беақлона мегӯянд, бубандед.
16 Шумо озод ҳастед, лекин озодии худро баҳона карда, корҳои бад накунед. Охир шумо ғуломони Худо ҳастед.
17 Ҳамаро иззату ҳурмат кунед ва имондорони дигарро дӯст доред! Аз Худо битарсед, подшоҳро эҳтиром кунед!
18 Ғуломон бояд ба соҳибони худ бо эҳтиром итоат кунанд, хоҳ хубу нармдил бошанд, хоҳ баду сахтгир.
19 Зеро ба Худо писанд аст, вақте ки шумо барои корҳои нек азоб кашида, тоқат мекунед.
20 Агар шуморо барои рафтори бад зананд, чӣ ҷойи таъриф?! Аммо агар корҳои нек карда, азоб кашеду тоқат кунед, пас сазовори таърифи Худо мешавед.
21 Охир Худо шуморо барои корҳои нек даъват намудааст. Азобҳое, ки Худи Масеҳ кашидааст, барои шумо намунаи ибрат шудааст, то ки шумо Ӯро пайравӣ кунед.
22 «Ӯ гуноҳе накард ва аз даҳонаш дурӯғе набаромад».
23 Вақте ки Исоро дашном медоданд, Ӯ дар ҷавоб бадгӯйӣ накард. Ҳангоми азоб кашиданаш дар ҷавоб қасд гирифтан намехост, лекин Худро ба Довари Росткор, яъне ба Худо месупурд.
24 Масеҳ гуноҳҳои моро ба Худ гирифта, ба салиб мехкӯб шуд, то ки мо худро барои гуноҳҳо мурда ҳисобида, барои росткорӣ зиндагӣ кунем. Шумо бо захмҳои Ӯ шифо ёфтаед.
25 Пеш шумо ҳамчун гӯсфандони гумроҳ будед, лекин ҳоло ба назди Чӯпону Нигаҳбони ҷонҳои худ баргаштед.