меню

1 Номаи Петрус 3 Боб


1-2 Ҳамчунин, шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат кунед. Он гоҳ ҳатто шавҳароне, ки хушхабарро рад мекунанд, рафтори хуб ва ҳаёти поку худотарсонаи шуморо дида, бе ягон сухан ба Худо имон меоранд.

3 Бигзор зебоии шумо на дар ороиши мӯй ва на дар зару зевар ва пӯшидани сарулибоси зебо бошад.

4 Шумо бояд дар ботин зебо бошед. Хоксорию оромии рӯҳатон зебоии пажмурданашавандаи шумост, ки дар назари Худо қиматбаҳо аст.

5 Дар замонҳои пеш занони худотарс ҳам худро ҳамин тарз оро медоданд. Онҳо ба Худо таваккал менамуданд ва барои ҳамин ба шавҳаронашон итоат мекарданд.

6 Масалан, Соро ба шавҳараш Иброҳим итоат мекард ва ӯро хӯҷаин меномид. Агар шумо ҳам корҳои нек карда, ба тарсе роҳ надиҳед, духтарони Соро мешавед.

7 Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, занҳои худро бояд иззату ҳурмат кунед. Зеро занон аз шумо сусттар бошанд ҳам, дар баробари шумо ҳаёти нави худододро мерос гирифтаанд. Барои ҳамин дар зиндагии оилавиатон ҳолати онҳоро фаҳмида, ба онҳо муносибати дуруст кунед. Он гоҳ чизе ба дуоҳоятон халал намерасонад.

8 Хулоса, бигзор дар байни шумо ҳамфикрӣ ва дилсӯзӣ бошад ва нисбати якдигар меҳру муҳаббати бародарона дошта бошед ва хоксорона рафтор кунед.

9 Бар ивази бадӣ бадӣ накунед ва бар ивази дашном дашном надиҳед, балки ба онҳо дуои нек диҳед. Зеро Худо шуморо даъват кардааст, ки баракати Ӯро мерос гиред.

10 «Ҳар кӣ зиндагии хушбахту бобаракат ба сар бурдан хоҳад, забонашро аз бадгӯйӣ ва даҳонашро аз дурӯғ нигоҳ дорад.

11 Аз бадӣ даст кашида, некӣ кунад ва сулҳҷӯйӣ намуда, талабгори он бошад.

12 Зеро чашмони Худованд некӯкоронро мебинад ва гӯшҳояш дуоҳои онҳоро мешунавад, аммо Ӯ зидди бадкорон аст».

13 Агар шумо ғайратмандона некӣ кунед, пас кӣ ба шумо бадӣ мекунад?

14 Аммо аз кори некатон азоб кашед ҳам, шумо хушбахт ҳастед! Аз воҳимаи ситамгарони худ натарсед ва хавотир нашавед!

15 Ба ҷойи ин Масеҳро ҳамчун Худованди ҳаёти худ бо ҷону дил ҳурмату эҳтиром кунед. Агар касе аз шумо дар бораи умеде, ки доред, савол пурсад, ҳама вақт барои ҷавоб додан тайёр бошед.

16 Вале бо эҳтирому хоксорӣ ҷавоб диҳеду виҷдонатонро пок нигоҳ доред. Ҳамин тавр, онҳое, ки бо вуҷуди дидани рафтори некатон шуморо ҳамчун пайравони Масеҳ туҳмату ҳақорат мекунанд, аз гапҳои худ шарманда хоҳанд шуд.

17 Агар хости Худо бошад, беҳтар аст, ки на барои корҳои бад, балки барои корҳои нек азоб кашед.

18 Зеро Худи Масеҳи бегуноҳ барои гуноҳҳои бадкорон, яъне мо, як бор барои ҳамеша азоб кашидааст, то ки ба мо роҳро ба назди Худо кушояд. Ӯ ҷисман мурд, вале Рӯҳи Худо Ӯро зинда кард.

19 Масеҳ ба воситаи Рӯҳ ба назди рӯҳҳое, ки дар зиндон буданд, рафта, башорат дод.

20 Онҳо дар замонҳои Нӯҳ ба Худо итоат накарда буданд. Ҳангоме ки Нӯҳ киштиро месохт, Худо босаброна интизор буд, ки онҳо тавба кунанд. Аммо дар киштӣ аз оби тӯфон танҳо ҳашт нафар наҷот ёфт.

21 Ин ҳикоя тасвири таъмид, яъне рамзи шустани гуноҳҳо дар об аст, ки шуморо ба воситаи қувваи зиндашавии Исои Масеҳ наҷот медиҳад. Ба ҷо овардани таъмид шустани чирки бадан нест, балки ба воситаи он шумо ваъда медиҳед, ки виҷдони худро пок нигоҳ медоред.

22 Масеҳ ба осмон баромада, аз дасти рости Худо нишаст ва ҳамаи фариштагону қувваҳои неку бади рӯҳонӣ зердасти Ӯ шуданд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5