Нома ба Қӯлассиен 1 Боб
1-2 Салом ба халқи Худо ва бародарону хоҳарони вафодор дар Масеҳ, ки дар шаҳри Кулассо ҳастед! Ман, Павлус, ки бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ интихоб шудаам ва бародари мо, Тимотиюс ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худоро хоҳонем.
3-4 Мо хабардор шудем, ки ба хотири умедвориатон шумо Исои Масеҳро такягоҳи худ кардаед ва ба тамоми халқи Худо муҳаббат доред. Бинобар ин барои шумо дуо карда, Худо ва Падари Худовандамон Исои Масеҳро ҳамеша шукр мегӯем.
5 Умедвории шумо ба он чизҳоест, ки дар даргоҳи Худо шуморо интизор аст. Ва шумо дар борааш бо шунидани пайғоми ростӣ фаҳмидаед, ки бо хушхабар
6 ба шумо расидааст. Ин хушхабар дар саросари дунё паҳн шуда, самара медиҳад ва дар байни шумо низ аз рӯзе, ки онро шунидаеду файзу меҳрубонии Худоро ба ростӣ фаҳмидаед, паҳн шуда, самара дода истодааст.
7 Ҳамаи инро шумо аз ҳамкори азизамон Эпафрос, ки ба хотири шумо вафодорона ба Масеҳ хизмат мекунад, таълим гирифтаед.
8 Ӯ ба мо низ дар бораи муҳаббати шумо, ки Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо бахшидааст, хабар додааст.
9 Бинобар ин аз рӯзе, ки дар бораи шумо шунидем, доимо бароятон дуо карда, аз Худо металабем, ки ба шумо бо Рӯҳаш тамоми хираду дониш бахшида, ба ҳамин восита хосташро бароятон пурра маълум гардонад.
10 Он гоҳ тарзи зиндагонии шумо лоиқи Худованд шуда метавонаду шумо дар ҳар кори нек самара дода ва ҳар чӣ бештар Худоро шинохта, аз ҳар ҷиҳат Ӯро хурсанд мегардонед.
11 Бигзор Худо аз қудрати бузургаш шуморо он қадар қувват бахшад, ки босабру тоқат ба ҳама чиз тоб овареду хурсандиро аз даст надиҳед.
12 Ҳамчунон, Худо Падарро шукргузорӣ кунед, ки шуморо муносиб ба ҳамон меросе гардондааст, ки дар подшоҳии нур барои халқи Худ дорад.
13 Зеро Ӯ моро аз қувваҳои торикӣ халос карда, ба Подшоҳии Писари азизаш гузаронидааст.
14 Ва ба воситаи Писараш мо ба озодӣ харида шудаему гуноҳҳоямон бахшида шудаанд.
15 Писар симои Худои нонамоён асту пеш аз офарида шудани ҳама чиз вуҷуд дорад ва болотар аз тамоми офариниш аст.
16 Зеро ба воситаи Ӯ ҳама чизи дар замину осмон буда, олами намоёну нонамоён бо соҳибони тахту тоҷ, роҳбарону ҳокимон ва соҳибқудратонаш, ҳама ба воситаи Писар ва барои Ӯ офарида шудаанд.
17 Ӯ пеш аз пайдоиши ҳама чиз аллакай, ҳаст ва ба воситааш тамоми офариниш бо ҳам пайваст нигоҳ дошта мешавад.
18 Ӯ сари ҷамоати имондорон аст ва ин ҷамоат бадани Ӯст. Писар ибтидо аст ва аввалин шуда аз марг зинда гаштааст, то ки дар ҳама чиз аввал бошад.
19 Зеро Худо хоста буд, ки ҳузураш пурра дар Писар сокин бошаду
20 ба воситаи Ӯ ҳама чизро ба Худ баргардонад. Ӯ ба хотири хуни Писараш, ки дар салиб рехта шуд, бо ҳама кас, чи дар замину чи дар осмон, сулҳ баст.
21 Шумо низ як вақте барои Худо бегона будед ва бо фикру кирдори бадатон ба Худо зид мебаромадед.
22 Аммо ба воситаи он ки Масеҳ инсон шуда, ҷон супорид, ҳоло Худо шуморо бо Худ оштӣ кунонд, то ки дар ҳузураш ҳамчун халқи комилан беайбу нуқсони Худ гузорад.
23 Аммо ин бо шартест, ки дар имонатон пойдору мустаҳкам истед ва умеди худро, ки бо шунидани хушхабар пайдо кардаед, аз даст надиҳед. Ин хушхабар дар саросари ҷаҳон ба ҳама эълон шудааст ва ман, Павлус низ барои паҳн кардани он вазифадор гаштаам.
24 Ҳоло хурсандам, ки ҷисман ба хотири шумо ранҷу азоб мекашам ва барои ба охир расондани азобҳое, ки Масеҳ баҳри баданаш, яъне ҷамоати имондорон ҳанӯз дорад, саҳм мегузорам.
25 Худо маро барои ҷамоати имондорон ҳамчун хизматгузор уҳдадор кардааст, ки пайғоми Ӯро ба шумо пурра маълум гардонам.
26 Ин пайғоми Худо ҳамон сиррест, ки Ӯ аз асрҳои пеш аз ҳамаи одамон пинҳон нигоҳ дошта, акнун ба халқаш ошкор кардааст.
27 Ӯ нишон додан хост, ки ин сир барои шумо, ғайрияҳудиён сарвати то чӣ андоза боҳашамате дорад, чунки сир ҳамин аст, ки Масеҳ дар шумост. Бинобар ин шумо бо дили пур ба дидани шукӯҳу ҷалоли Худо умедвор шуда метавонед.
28 Инак, мо бо тамоми ҳикматамон ҳар шахсро насиҳат карда ва таълим дода, дар бораи Масеҳ эълон мекунем, то ҳар касеро, ки бо Масеҳ як аст, пеши Худо ҳамчун имондори баркамол пешкаш намоем.
29 Бо ҳамин мақсад ман остинамро барзада, бо тамоми қуввати Худо, ки дар ман амал мекунад, заҳмат мекашам.