1 Акнун, ки Худо шуморо ҳамроҳи Масеҳ зинда кард, ба ҳамон чизҳое дил бандед, ки дар осмон аст, он ҷое, ки Масеҳ аз дасти рости Худо нишастааст.
2 Ҳушатонро на бо чизҳои заминӣ, балки бо чизҳои осмонӣ банд кунед,
3 чунки шумо барои ин дунё мурда ҳисоб шудед ва ҳаётатон бо Масеҳ дар ҳузури Худо пинҳон шудааст.
4 Вақте Масеҳ, ки ҳаёти шумост, ба ҳама аён мегардад, он гоҳ шумо низ ҳамроҳи Масеҳ дар шукӯҳу ҷалолаш аён мешавед.
5 Аз ин рӯ, ҳар гуна хоҳиши заминии худро нобуд созед, яъне гуноҳҳои ҷинсӣ, бешармиву беҳаёӣ, ҳавасҳои бад ва чашмгуруснагиро, ки ин бутпарастист, аз худ дур кунед.
6 Ҳамаи ин боиси ғазаби Худо мешаванд, ки бар сари шахсони саркаш меояд.
7 Шумо низ як вақте дар байни онҳо зиндагӣ карда, чунин рафтор мекардед.
8 Аммо акнун шумо бояд аз ҳар қаҳру ғазаб ва бадӣ даст кашида, забонатонро аз дашному ҳақорат пок созед!
9 Инчунин, ба якдигар дурӯғ нагӯед, охир шумо, ки табиатан гуноҳкор будед, ин табиати куҳнаи худро бо амалҳои гуноҳолудаш мисли либос кашидаеду
10 табиати навро дар бар кардаед. Ин табиати нави шумо ба симои Офарандааш барқарор шудан мегирад, то ки шумо ҳақиқатан Худоро шиносед.
11 Пас дар ин зиндагии нав дигар аҳамият надорад, ки кӣ яҳудиву кӣ ғайрияҳудӣ, кӣ хатнашудаву кӣ хатнанашуда, кӣ аз халқи варварию кӣ аз сакоӣ, кӣ ғулому кӣ озод аст, балки Масеҳ бештар аз ҳама чизу ҳама кас аҳамият дорад.
12 Бинобар ин шумо, ки халқи поку интихобшуда ва дӯстдоштаи Худо ҳастед, раҳму шафқат, меҳрубонӣ, хоксорию нармдилӣ ва сабру тоқатро дар бар карда,
13 бо сабр якдигарро бардошт кунед. Агар касе аз шумо нисбати дигаре шикоят дошта бошед, якдигарро бахшед. Чунон ки Худованд шуморо бахшидааст, шумо низ дигаронро бахшед.
14 Аз ҳама муҳимаш якдигарро дӯст доред, чунки муҳаббат ҳамаро комилан муттаҳид нигоҳ медорад.
15 Шумо даъват шудаед, ки ҳамчун як бадани Масеҳ бо якдигар сулҳ дошта бошед. Пас бигзор ҳамин сулҳу осоиши Масеҳ дар дили шумо ҳукмронӣ намояду шумо шукргузор бошед.
16 Иҷозат диҳед, ки суханони Масеҳ ҳаёти шуморо пурра фаро гирад. Бо ақлу хиради олӣ якдигарро насиҳат кунед ва таълим диҳед, бо дилҳои миннатдор ба Худо сурудҳои Забур, ҳамду сано ва таронаҳои парастиш хонед.
17 Дар ҳар сухану рафтор ҳамчун пайравони Худованд Исо амал кунед ва ба воситаи Исо ба Падарамон Худо шукргузорӣ намоед.
18 Занон, ҳамон тавре ки ба пайравони Худованд муносиб аст, ба шавҳарони худ итоат кунед.
19 Мардҳо, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгирӣ накунед.
20 Бачаҳо, ҳама вақт падару модари худро гӯш кунед, ки чунин рафтор писандидаи Худованд аст.
21 Падарон, фарзандони худро беҳуда сарзаниш накунед, ки боз дилшикаста нашаванд.
22 Ғуломон, ба хӯҷаинони худ ҳаматарафа итоат кунед. Аммо на ҳамчун хушомадгӯй, ки дар пеши соҳибаш нағз кор карда, дар набудани ӯ бо дили нохоҳам кор мекунад, балки ҳамчун тарсгорони Худованд самимона итоат намоед.
23 Ҳар кореро аз дилу ҷон, гӯё на ба инсон, балки ба Худованд бошад, иҷро намоед.
24 Фаромӯш накунед, ки хизмати шумо ба Худованд Масеҳ аст, бинобар ин Ӯ ба шумо насиби некро ҳамчун мукофот медиҳад.
25 Шахси нобакор бошад, ҷазои рафтори бадашро мегирад, чунки Худованд ба ҳамаи одамон бо як чашм нигоҳ мекунад.