Нома ба Қӯлассиен 2 Боб
1 Кош медонистед, ки ман барои шумо ва онҳое, ки дар шаҳри Лоудикия ҳастанд, инчунин, барои ҳамаи имондорони дигаре, ки маро шахсан надидаанд, чӣ заҳмати зиёде мекашам.
2 Ман мехоҳам, ки ҳамаи шумо рӯҳбаланду бо риштаи муҳаббат бо якдигар пайваст бошед, то аз донишу фаҳмиши чуқуре, ки дар бораи сирри Худо, яъне пайғом дар бораи Масеҳ доред, комилан дилпур гардед.
3 Дар Масеҳ тамоми ганҷинаҳои ҳикмат ва дониш ниҳон шудаанд.
4 Ман ин суханонро барои он мегӯям, ки ҳеҷ касе шуморо бо дурӯғҳои боварибахш аз роҳ назанад.
5 Зеро ҷисман аз шумо дур бошам ҳам, дилам бо шумост. Ман аз дидани тартибу интизоме, ки дар байни шумо ҳаст ва имони мустаҳкаме, ки ба Масеҳ доред, хурсанд мешавам.
6 Инак, шумо, ки Исои Масеҳро ҳамчун Худованд қабул кардаед, зиндагиатонро якҷоя бо Ӯ давом диҳед.
7 Яъне дар Масеҳ реша давонеду Ӯро таҳкурсии зиндагиатон кунед. Чунон ки таълим гирифтаед, бо дилҳои пур аз шукргузорӣ имонатонро ба Масеҳ устувор кардан гиред.
8 Нагузоред, ки касе шуморо ба доми фалсафаҳои пучу холӣ ва гумроҳкунанда гирифтор кунад, чунки ин фалсафа на аз тарафи Масеҳ аст, балки аз расму русуми одамизоду аз қувваҳои бади нонамоён дар ин ҷаҳон бармеояд.
9 Зеро дар Масеҳ тамоми ҳастии Худо ба шакли ҷисмӣ пурра сокин мебошад.
10 Инак, шумо низ ба воситаи як шудан бо Масеҳ, ки Ӯ болотар аз ҳар ҳокиму ҳар соҳибқудрат аст, аз Ӯ пур шудаед.
11 Инчунин, шумо бо Масеҳ як шуда, дар ботин хатна шудаед, яъне одамизод ҷисматонро хатна накардааст, балки Масеҳ табиати гуноҳкоратонро бурида партофта шуморо хатна кардааст.
12 Зеро ҳангоме ки шумо аз маросими таъмид мегузаштед, ба об даромада, гуфтан мумкин, ки якҷоя бо Масеҳ дафн шудед ва бо Ӯ низ зинда гаштед, чунки ба қудрати Худо, ки Масеҳро аз марг зинда кардааст, боварӣ доштед.
13 Инак шуморо, ки аз сабаби гуноҳҳоятон ва бурида нашудани табиати гуноҳкоратон, мурда ҳисобида мешудед, Худо бо Масеҳ зинда кард. Охир Ӯ ҳамаи гуноҳҳои моро бахшидааст ва
14 рӯйхати гуноҳҳоямонро, ки шариат бар зидди мо ҳамчун қарз даъво мекард, хат зада ва ба салиб мехкӯб карда, нобуд сохтааст.
15 Худо ба воситаи қурбонии Масеҳ дар салиб бар ҳокимону соҳибқудратони шайтонӣ ғолиб баромада, онҳоро беяроқ карда, шармандаи дунё сохт.
16 Пас нагузоред, ки касе шуморо барои хӯрдану нӯшидан ё барои ҷашн нагирифтани иди мазҳабӣ, моҳи нав ё риоя накардани рӯзи шанбе айбдор кунад.
17 Ҳамаи ин қонуну қоидаҳо фақат сояи чизҳои оянда ҳастанд, аммо асли ҳама чиз Худи Масеҳ аст.
18 Пас нагузоред, ки касе шуморо бо парҳезгорию парастиши фариштаҳо ҳавасманд гардонда, аз мукофоти Худо маҳрум созад. Чунин одамон «ба мо сирру асрори ниҳонӣ аён шудааст» гуфта худро калон мегиранд ва аз рӯйи фикрронии гуноҳолудашон бе ягон асос меболанду
19 пайвандро аз Масеҳ, ки сари бадан аст, буридаанд. Ҳол он ки Ӯ тамоми баданро ба воситаи рагу пай якҷоя пайваст нигоҳ медорад ва он мувофиқи хости Худо инкишоф меёбад.
20 Агар шумо якҷоя бо Масеҳ мурда, аз таъсири қувваҳои бади нонамоён дар ин ҷаҳон озод шуда бошед, пас чаро боз ба монанди одамони ин ҷаҳон зиндагӣ карда, ба қонуну қоидаҳои
21 «нагир», «нахӯр» ва «даст нарасон» итоат мекунед?
22 Ҳамаи ин қоидаҳо танҳо фармону таълимоти одамизод дар бораи чизҳое ҳастанд, ки баъд аз истеъмол аз байн мераванд.
23 Ин қоидаҳое, ки ба диндории махсус, парҳезгорӣ ва танбеҳ додани бадан водор месозанд, рӯякӣ қоидаҳои хирадмандона менамоянд, аммо дар асл барои доштани нафс аз ҳавасҳои гунаҳкор ёрӣ намедиҳанд.