Нома ба Қӯлассиен 4 Боб
1 Хӯҷаинон, шумо низ бо ғуломони худ ноҳақ ва беинсофона рафтор накунед, чун медонед, ки шумо ҳам дар осмон Хӯҷаин доред.
2 Инак, дуохониро ҳаргиз бас накунед ва ҳамеша ақлу ҳушатонро ҷамъ намуда ва бо шукргузорӣ дуо кунед.
3 Дар ҳаққи мо низ аз он ҷумла дуо кунед. Бигзор Худо барои мо роҳ кушояд, то пайғоми Ӯро дар бораи сирри Масеҳ, ки ман ба хотири он дар зиндон ҳастам, эълон намоем.
4 Ва дуо кунед, ки мувофиқи вазифаам ин сирро кушоду равшан фаҳмонда тавонам.
5 Ҳар фурсатро ғанимат донеду бо онҳое, ки ба Худованд Исо имон надоранд, оқилона рафтор намоед.
6 Ҳангоми суҳбат бо онҳо ҳамеша бо меҳру шафқат ва ақлу заковат сухан ронед, ки ба ҳар кас чӣ ҷавоб доданро донед.
7 Аз ҳолу аҳволам ба шумо Тихикос, бародари азизу хизматгузори бовафо, ки ҳамроҳи ман ба Худованд хизмат мекунад, хабар медиҳад.
8 Ман бо ҳамин мақсад вайро пеши шумо фиристодам, ки аз ҳолати мо хабар дода, шуморо хотирҷамъ созад.
9 Ҳамроҳаш Онисимусро мефиристам, ки ӯ низ бародари азизу бовафост ва одами худи шумо мебошад. Онҳо шуморо аз тамоми кору бори ин ҷо хабардор мекунанд.
10 Аристархус, ки бо ман зиндонӣ аст ва Марқуси амакбачаи Барнаббо ба шумо салом мерасонанд. Шумо дар бораи Марқус дастур гирифта будед, ки агар ба наздатон биёяд, нағз пешвоз гиред.
11 Юшаъ низ, ки ӯро боз Юстус меноманд, ба шумо салом мерасонад. Аз байни ҳамкоронам фақат ҳамин нафарон аз ҷумлаи яҳудиён ҳастанд, ки барои Подшоҳии Худо хизмат мекунанду бароям роҳати ҷон шудаанд.
12 Боз Эпафрос, ки вай низ хизматгузори Исои Масеҳ ва одами худи шумо аст, ба шумо салом мерасонад. Ӯ доимо ба хотири шумо дар дуо заҳмат мекашад, ки устувор бошед, яъне дар имон ба камол раседу аниқ донед, ки хости пурраи Худо чист.
13 Ман шоҳид ҳастам, ки ӯ баҳри шумо ва имондорони шаҳрҳои Лоудикия ва Ҳиропулис ранҷу машаққати зиёд мекашад.
14 Духтури азизамон Луқо ва инчунин, Димос низ ба шумо салом мегӯянд.
15 Ба имондорони Лоудикия ва ба ҷамоати имондороне, ки дар хонаи Нимфос ҷамъ мешаванд, инчунин, ба худи Нимфос саломи моро расонед.
16 Баъд аз он ки ин номаро дар байни худ хонда мебароед, онро ба ҷамоати имондорони Лоудикия низ фиристед, ки онҳо ҳам хонда бароянд. Шумо дар навбати худ номаеро, ки ба Лоудикия навишта шудааст, хонда бароед.
17 Ба Архипус расонед, ки вазифаи Худованд ба уҳдааш гузоштаро ҳатман иҷро кунад.
18 Аз ҳусни хатам мебинед, ки ин саломро худи ман, Павлус менависам. Дар зиндон будани маро фаромӯш накунед! Бигзор файзу меҳрубонии Худованд бо шумо бошад!