Инҷили Марқӯс 2 Боб
1 Пас аз чанд рӯз Исо ба шаҳри Кафарнаҳум баргашт ва овозаи дар хона буданаш зуд паҳн шуд.
2 Хона чунон пур аз одам шуд, ки ҳатто дар назди дар ҷойи истодан набуд. Исо ба онҳо каломи Худоро таълим медод.
3 Ҳамин вақт чор нафар шалеро бардошта, назди Исо оварданд.
4 Вале аз бисёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавониста, боми хонаро аз болои сари Исо кушоданд ва шалро якҷоя бо ҷойгаҳаш пойин фароварданд.
5 Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Писарам, гуноҳҳоят бахшида шуданд!»
6 Баъзе аз устодони шариате, ки дар он ҷо нишаста буданд, аз дили худ чунин фикрҳо мегузаронданд:
7 «Чаро Ӯ чунин суханони куфр мегӯяд! Ғайр аз Худо кӣ гуноҳҳоро бахшида метавонад?»
8 Исо ҳамон лаҳза дар дилаш фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро дар дили худ чунин фикрҳо доред?
9 Кадомаш осонтар аст: ба шал гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он ки „бархез, ҷойгаҳатро бардошта, роҳ гард?“
10 Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Писари Одамизод дар рӯйи замин ҳаққи бахшидани гуноҳҳоро дорад». Ӯ ба шал гуфт:
11 «Ба ту мегӯям, бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав».
12 Он мард аз ҷояш хеста, зуд ҷойгаҳашро ҷамъ карду дар пеши назари мардуме, ки дар ҳайрат монда буданд, роҳ гашт. Ҳама Худоро ситоиш карда, ба якдигар мегуфтанд: «То ҳол монанди ин чизе надида будем!»
13 Исо боз ба соҳили баҳр рафт. Мардум дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд ва Ӯ онҳоро таълим медод.
14 Баъд Исо роҳашро давом дода, Левии писари Ҳалфойро дид, ки дар ҷойи ҷамъоварии андоз менишаст. Исо ба вай гуфт: «Аз паси Ман биё». Левӣ бархест ва аз паси Ӯ равона шуд.
15 Вақте ки Исо бо шогирдонаш дар хонаи Левӣ таом мехӯрд, бисёр андозгирон ва онҳое, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, низ дар сари он дастархон буданд, чунки бисёриҳо аз пайи Исо мерафтанд.
16 Баъзе устодони шариат, ки аз равияи фарисиён буданд, Исоро бо гунаҳкорону андозгирон дар сари як дастархон дида, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Ӯ бо андозгирону гунаҳкорон хӯрок мехӯрад?»
17 Исо инро шунида, ба онҳо гуфт: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон муҳтоҷанд. Ман ҳам барои он омадаам, ки на накукорон, балки гунаҳкоронро даъват намоям».
18 Дар он айём ҳам шогирдони Яҳё ва ҳам фарисиён рӯза гирифта буданд. Баъзе касон назди Исо омада, пурсиданд: «Чаро шогирдони Яҳё ва шогирдони фарисиён рӯза медоранду шогирдони Ту не?»
19 Исо ба онҳо гуфт: «Оё дӯстони домод дар тӯйи арӯсӣ, ҳангоме ки домод бо онҳост, рӯза мегиранд? То домод бо онҳост, онҳо рӯза гирифта наметавонанд.
20 Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он рӯз онҳо низ рӯза мегиранд.
21 Ҳеҷ кас аз матои нав ба либоси куҳна дарбеҳ ё поргӣ намекунад, чунки дарбеҳ ё поргии нав аз либоси куҳна ҷудо шуда медарад ва ҷойи даридаи либос боз ҳам бадтар мешавад.
22 Инчунин, ҳеҷ кас шароби навтайёршударо ба халтаи чармини куҳна намерезад, чунки аз турш шудани шароб халта дарида, ҳам шароб мерезад ва ҳам худи халта аз кор мебарояд. Бинобар ин, шароби навтайёршударо ба халтаи нав мерезанд».
23 Як рӯзи шанбе Исо ва шогирдонаш аз байни киштзорҳои гандум мегузаштанд ва шогирдон роҳравон хӯшаҳои гандумро меканданд.
24 Баъзе аз фарисиён ба Исо гуфтанд: «Чаро онҳо кореро мекунанд, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест?»
25 Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд бо ҳамроҳонаш гурусна монда, аз эҳтиёҷмандӣ чӣ кор карда буд?
26 Вақте ки Абётор саркоҳин буд, Довуд ба хонаи Худо даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод. Ҳол он ки аз рӯйи шариат фақат ба коҳинон хӯрдани он нон мумкин аст».
27 Боз давом дод: «Рӯзи шанбе барои инсон офарида шудааст, на инсон барои рӯзи шанбе.
28 Бинобар ин, Писари Одамизод ҳатто Хоҷаи рӯзи шанбе аст».