Инҷили Марқӯс 4 Боб
1 Бори дигар Исо дар соҳили баҳр ба мардум таълим медод. Азбаски тӯда-тӯда одамон дар гирдаш ҷамъ шуданд, Ӯ ба қаиқе нишаст ва одамон бошанд, дар соҳил меистоданд.
2 Ӯ бисёр чизҳоро ба онҳо бо масалҳо таълим дод. Ӯ гуфт:
3 «Гӯш кунед! Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан ба киштзор меравад.
4 Ҳангоми дона коштанаш як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва парандаҳо омада, онҳоро аз замин чида мехӯранд.
5 Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин он зуд месабзад.
6 Вале бо баромадани офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштанаш хушк мешавад.
7 Миқдори дигараш ба замини хордор меафтад ва хорҳо қад кашида, майсаи навсабзидаро пахш мекунанду намегузоранд, ки он ҳосил диҳад.
8 Лекин баъзе донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода месабзанд ва қад кашида сӣ, шаст ва сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд».
9 Боз гуфт: «Пас, ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!»
10 Вақте ки Ӯ танҳо буд, пайравонаш ҳамроҳи дувоздаҳ фиристода аз Ӯ маънои масалро пурсиданд.
11 Исо ҷавоб дод: «Фаҳмиши сирри Подшоҳии Худо ба шумо ато шудааст. Вале барои онҳое, ки бо мо нестанд, ҳама чиз бо масалҳо таълим дода мешавад,
12 то ки онҳо „бо чашмони худ бинанду дарк накунанд, бо гӯшҳои худ гӯш кунанду нафаҳманд ва ба Худо рӯ наоваранд, то Худо гуноҳҳояшонро бубахшад“».
13 Баъд Исо аз онҳо пурсид: «Магар маънои ин масалро нафаҳмидед? Пас ҳамаи масалҳои дигарро чӣ тавр мефаҳмед?
14 Деҳқон каломи Худоро мекорад.
15 Донаҳое, ки ба пайраҳа меафтанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале шайтон зуд омада, каломи дар дили онҳо кошташударо медуздад.
16 Донаҳои ба замини санглох афтода касоне мебошанд, ки каломро шунида, дарҳол бо шодӣ онро қабул мекунанд,
17 вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе устувор меистанд. Баъд ба хотири он ки ба каломи Худо бовар мекунанд, ба душворӣ ва азоб дучор шуда, зуд имони худро аз даст медиҳанд.
18 Донаҳое, ки ба замини хорзор меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд,
19 аммо ғаму ташвиши зиндагӣ, орзуи бойигарӣ ва майлу рағбат ба чизҳои дигар фикру хаёлашонро ба худ банд карда, каломро пахш менамоянд ва дар натиҷа онҳо ҳеҷ ҳосиле намеоранд.
20 Вале донаҳои ба замини ҳосилхез афтода, касоне мебошанд, ки каломро шунида, қабул мекунанду сӣ, шаст ва сад баробар бештар самар меоранд».
21 Баъд Ӯ аз онҳо пурсид: «Магар чароғро барои он меоранд, ки зери зарф ё кате гузоранд? Оё онро ба чароғпоя намегузоранд?
22 Ҳамин тавр, ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки ошкор нашавад ва чизи пӯшидае нест, ки равшан нагардад.
23 Пас, ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!
24 Суханонеро, ки мешунавед, бодиққат мулоҳиза намоед. Бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг ва ҳатто зиёдтар аз он барои шумо бармекашанд.
25 Зеро ба ҳар касе, кӣ чизе дорад, боз дода мешавад. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад».
26 Исо суханони Худро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худо монанди он аст, ки шахсе ба замин донаҳо мепошад
27 ва шабҳо хоб мераваду рӯзҳо бедор мешавад, донаҳо бошанд, сабзида нашъунамо меёбанд. Вале он шахс намедонад, ки донаҳо чӣ гуна сабзида, нашъунамо меёбанд.
28 Чунки худи замин донаҳоро месабзонад. Аввал дона сабзида, қад мекашад, баъд хӯша пайдо шуда, аз дона пур мешавад.
29 Ҳамин ки хӯшаҳо пухта мерасанд, вай бо дос меояд, чунки мавсими ҳосил расидааст».
30 Инчунин, Исо гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ муқоиса кунем? Бо кадом масал онро шарҳ диҳем?
31 Вай монанди тухми хардалест, ки ҳангоми дар замин коштан аз ҳамаи тухмҳои рӯйи дунё майдатарин мебошад,
32 вале баъд аз кошта шудан, калон мешаваду аз ҳама растаниҳо калонтар мегардад ва шохаҳояш то андозае баланд мешаванд, ки парандаҳо дар сояаш лона месозанд».
33 Ҳамин тавр, ба қадре ки мардум фаҳмида метавонист, Ӯ каломи Худоро бо чунин масалҳои зиёд баён мекард.
34 Исо бе масал ба онҳо сухан намегуфт, вале маънои масалҳоро ба шогирдонаш дар танҳоӣ мефаҳмонд.
35 Бегоҳии ҳамон рӯз Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба дигар тарафи баҳр мегузарем».
36 Сипас, онҳо мардумро ҷавоб доданд ва ба қаиқе, ки Исо дар он нишаста буд, савор шуда, равона шуданд. Чанд қаиқи дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд.
37 Ногаҳон тӯфони сахте сар шуд. Мавҷҳо бо зарб ба қаиқ бармехӯрданд ва оқибат қаиқ аз об пур шуд.
38 Аммо Исо дар қафои қаиқ сарашро ба болишт гузошта мехобид. Шогирдон Ӯро бедор карда гуфтанд: «Устод! Магар парво надорӣ, ки мо ҳалок мешавем?!»
39 Ӯ аз хоб хест ва ба шамол фармон дода, ба баҳр гуфт: «Хомӯш шав! Ором бош!» Ҳамон лаҳза бод аз вазидан бозмонд ва дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд.
40 Исо ба шогирдон гуфт: «Чаро ин қадар тарсидед? Оё ҳоло ҳам боварӣ надоред?»
41 Вале онҳо, ки ба тарсу ҳарос афтода буданд, ба якдигар мегуфтанд: «Ин Кист, ки ҳатто шамолу баҳр ба Ӯ итоат мекунанд?»