меню

Инҷили Марқӯс 3 Боб


1 Бори дигар Исо ба ҷамоатхона даромад. Дар он ҷо марде буд, ки дасташ хушк шуда буд.

2 Баъзе одамон Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё он мардро дар рӯзи шанбе шифо медиҳад ё не, то Ӯро айбдор карда тавонанд.

3 Исо ба он марди дасташ хушкшуда гуфт: «Ин ҷо биё».

4 Сипас ба онҳо гуфт: «Ба фикри шумо дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост ё бадӣ кардан? Ҷони касеро наҷот додан ё нобуд кардан?» Аммо онҳо хомӯш буданд.

5 Исо бо ғазаб ба онҳо нигоҳ карду аз кундфаҳмӣ ва саркашиашон ғамгин гашт ва ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун!» Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд.

6 Фарисиён аз ҷамоатхона баромада, зуд бо тарафдорони Ҳиродус муҳокима карда, нақшаи куштани Исоро кашиданд.

7 Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш ба тарафи баҳр равона шуд, мардуми бисёре аз вилояти Ҷалилу сарзамини Яҳудия,

8 аз шаҳри Уршалим, инчунин, аз сарзамини Адуму атрофи дарёи Урдун ва аз Суру Сидун аз паси Ӯ мерафтанд. Мардуми зиёд дар бораи корҳои Исо шунида, дар гирди Ӯ ҷамъ меомаданд.

9 Аз сабаби бисёрии мардум Исо ба шогирдонаш фармуд, ки барояш қаиқе тайёр кунанд, то ки одамон ба Ӯ фишор наоранд.

10 Азбаски Исо беморони зиёдеро шифо бахшида буд, ҳамаи беморон аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд, то дасташон ба Ӯ расаду шифо ёбанд.

11 Рӯҳҳои нопок баробари дидани Ӯ худро дар наздаш ба замин мепартофтанд ва фарёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ!»

12 Вале Исо бо таъкиди қатъӣ ба онҳо амр мекард, ки дар бораи Ӯ овоза паҳн накунанд.

13 Сипас, Исо ба кӯҳ баромада, онҳоеро ки мехост, ба наздаш даъват кард ва онҳо ба назди Ӯ омаданд.

14 Ӯ аз байни онҳо дувоздаҳ нафарро фиристода номид ва онҳоро барои доимо бо Ӯ будан ва эълон кардани хушхабари Худо таъин намуд.

15 Ҳамчунин, Ӯ ба онҳо қудрати берун кардани ҷинҳоро дод.

16 Он дувоздаҳ нафар инҳоянд: Шимъун, ки Исо ӯро Петрус меномид,

17 Яъқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд» меномид,

18 Андриёс, Филиппус ва Барталмо, Матто ва Тумо, Яъқуби писари Ҳалфой ва Таддо, Шимъуни Ватандӯст

19 ва Яҳудои Исқарютӣ, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.

20 Баъд Исо ба хона рафт. Мардуми зиёде боз ҷамъ омада буданд, ки Ӯ ва шогирдонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан наёфтанд.

21 Бо шунидани ин хабар хешу табори Исо ба наздаш омада, хостанд Ӯро бо худ баранд, зеро мегуфтанд, ки Ӯ аз ақл бегона шудааст.

22 Гурӯҳе аз устодони шариат, ки аз Уршалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар Худ Баал-Забул, сардори ҷинҳоро дорад ва бо қудрати вай ҷинҳоро берун мекунад».

23 Исо онҳоро ба наздаш даъват карда, бо масал гуфт: «Чӣ тавр шайтон худашро берун карда метавонад?

24 Давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда, ҷанг мекунад, устувор намемонад.

25 Ҳамчунин, хонаводае, ки байни аъзоёнаш ҷудоӣ афтодааст, устувор намемонад.

26 Агар шайтон бар зидди худаш биҷангад ва дар худ ҷудоӣ дошта бошад, устувор намемонад, балки нобуд мешавад.

27 Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси пурзӯр даромада, молу мулкашро дуздад, ба ғайр аз он ки аввал дасту пойи он мардро бандад ва он вақт хонаи ӯро ғорат кунад.

28 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳе, ки инсон мекунад ва ҳар сухани куфре, ки мегӯяд, бахшида мешавад.

29 Вале касе, ки бар зидди Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо сухани куфр мегӯяд, ҳаргиз бахшида намешавад ва бори ин гуноҳаш то абад бар гарданаш мемонад».

30 Ин суханонро Исо ба хотири он гуфт, ки баъзеҳо дар борааш мегуфтанд: «Ӯ гирифтори рӯҳи нопок аст».

31 Он гоҳ модар ва бародарони Исо омада, дар берун истода, шахсеро фиристоданд, ки Ӯро даъват кунад.

32 Исо дар байни мардум нишаста буд ва онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Модар ва бародарону хоҳаронат дар берун истодаанд ва Туро мепурсанд».

33 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Модар ва бародарони Ман кистанд? –

34 ва ба атрофиёнаш нигоҳе карду давом дод, – Инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд!

35 Ҳар касе, ки хости Худоро иҷро мекунад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16