Инҷили Марқӯс 5 Боб
1 Ҳамин тавр, Исо ва шогирдонаш ба тарафи дигари баҳр, ба сарзамини ҷадариён расиданд.
2 Ҳангоми ба соҳил фаромадани Исо, як шахсе, ки гирифтори рӯҳи нопок, яъне ҷин буд, якбора аз қабристон берун баромада, бо Исо рӯ ба рӯ шуд.
3 Ин мард дар қабристон зиндагӣ мекард ва ҳеҷ кас ӯро ҳатто бо занҷир ҳам баста, нигоҳ дошта наметавонист.
4 Борҳо дасту пояшро бо занҷиру бандҳо баста буданд, вале ӯ занҷиру бандҳоро пора-пора мекард. Касе барои идора кардани вай қувват надошт.
5 Ӯ шабу рӯз доимо дар қабристон ва теппаҳо дод зада мегашту худро бо сангҳо зада, маҷрӯҳ мекард.
6 Вақте ки ӯ Исоро аз дур дид, давон-давон ба наздаш омада, саҷда кард.
7-8 Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!»
9 Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем».
10 Вай аз Исо бисёр илтимос кард, ки онҳоро аз он сарзамин берун накунад.
11 Ҳамон ҷо дар болои теппа галаи калони хукҳо мечарид.
12 Рӯҳҳои нопок Исоро зорию тавалло карда, гуфтанд: «Моро ба хукҳо фирист ва иҷозат деҳ, ки ба онҳо дароем».
13 Исо ба онҳо иҷозат дод. Он гоҳ рӯҳҳои нопок аз он мард берун баромада, ба даруни хукҳо даромаданд. Галаи хукон, ки тақрибан ду ҳазор сар буд, дав-давон худро аз теппа ба баҳр партофта, дар об ғарқ шуд.
14 Хукбонҳо бошанд, гурехтанд ва ин воқеаро дар шаҳру деҳот нақл карданд. Мардум берун баромаданд, то бубинанд, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст.
15 Пас онҳо дар гирди Исо ҷамъ шуда, диданд, ки ҳамон ҷинзадае, ки гирифтори лашкари ҷинҳо буд, акнун дар тан либос дошту бо ақли солим нишастааст. Ҳамаро тарс фаро гирифт.
16 Шоҳидони ин воқеа ҳодисаи бо ҷинзадаву хукҳо рӯйдодаро ба одамон нақл мекарданд.
17 Он гоҳ мардум аз Исо зориву тавалло карданд, ки аз сарзаминашон равад.
18 Ҳангоме ки Исо ба қаиқ савор мешуд, марде, ки пештар гирифтори ҷинҳо буд, аз Вай илтимос кард, ки ӯро ҳам бо Худ барад.
19 Аммо Исо хоҳиши ӯро рад карда гуфт: «Ба хонаат баргард ва ба хешу таборат нақл кун, ки Худованд барои ту чӣ кору чӣ ғамхории бузурге кардааст».
20 Ӯ рафта дар ноҳияи Даҳшаҳр эълон карда мегуфт, ки Исо барояш чӣ кори бузурге кардааст ва ҳама аз шунидани ин дар ҳайрат мемонданд.
21 Исо ба қаиқ савор шуда, ба тарафи дигари баҳр рафт. Вақте ки ба соҳил расид, мардуми зиёде назди Ӯ ҷамъ омаданд.
22 Дар ҳамин вақт марде бо номи Ёир, ки яке аз сардорони ҷамоатхона буд, омада Исоро дидан замон худро пеши пойҳои Ӯ партофт.
23 Ӯ зорикунон гуфт: «Духтарам дар дами марг аст. Аз Ту хоҳиш мекунам, ки омада, дастонатро бар ӯ бигузорӣ, то шифо ёбаду зинда монад».
24 Исо бо ӯ ба роҳ даромад ва аз паси онҳо мардуми бисёре ҳам равона шуданд, ки аз ҳар тараф Исоро фишор медоданд.
25 Дар он ҷо як зане буд, ки дувоздаҳ сол боз бемории хунравӣ дошт.
26 Ҳарчанд вай аз муолиҷаи табибони зиёд дард кашида, тамоми дороияшро сарф карда буд, саломатиаш хуб намешуд. Баръакс аҳволаш торафт бадтар мешуд.
27-28 Вақте ки ӯ дар бораи Исо шунид, аз дилаш гузаронд: «Агар ақаллан ба либосаш даст расонам, шифо меёбам». Барои ҳамин, он зан аз байни тӯдаи одамон гузашта, аз ақиб ба Исо наздик шуду ба ҷомааш даст расонд.
29 Ҳамон лаҳза хунравиаш бозмонд ва ӯ ҳис кард, ки шифо ёфтааст.
30 Исо низ дарҳол ҳис кард, ки аз Ӯ қуввае берун рафт ва ба мардуми гирду атрофаш нигоҳ карда, пурсид: «Кӣ ба ҷомаам даст расонд?»
31 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинӣ, ки ба Ту аз ҳар тараф фишор меоранд ва боз мепурсӣ, ки ба Ту кӣ даст расонд?»
32 Вале Исо ба атрофиён нигоҳ мекард, то касеро, ки ба ҷомааш даст расонда буд, пайдо кунад.
33 Он зан, ки огоҳ буд, чӣ гуна шифо ёфтааст, ҷуръат карда, тарсону ларзон ба Исо наздик омад ва пеши пойи Ӯ афтода, ҳақиқати ҳолро нақл кард.
34 Исо ба ӯ гуфт: «Эй духтарам, туро имонат шифо дод! Рав ва дар амон бошу саломат гард!»
35 Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, чанд нафар аз хонаи Ёир хабар оварда гуфтанд: «Духтарат мурд, дигар Устодро заҳмат надеҳ».
36 Вале Исо инро шунида, ба сардори ҷамоатхона гуфт: «Натарс! Фақат имон дошта бош».
37 Инро гуфт ва ба ғайр аз Петрус, Яъқуб ва бародари ӯ Юҳанно ба дигарон иҷозат надод, ки ҳамроҳаш бираванд.
38 Вақте ба хонаи Ёир расиданд, диданд, ки одамони зиёде бо шӯру ғавғо гиряву нола мекарданд.
39 Исо ба хона даромада, ба онҳо гуфт: «Чаро шӯру ғавғо бардошта, гиря мекунед? Духтар намурдааст, фақат хобидааст».
40 Мардум ба гапи ӯ хандиданд. Вале Исо ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва ҳамроҳонаш ба хонае, ки духтар хобида буд, даромад.
41 Исо дасти ӯро гирифта гуфт: «Талито қумӣ!», ки маънояш «Эй духтарак, бархез!» аст.
42 Он духтар, ки дувоздаҳсола буд, зуд бархест ва ба роҳ гаштан даромад. Онҳо аз дидани ин дар ҳайрат монданд.
43 Исо онҳоро сахт таъкид кард, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд ва гуфт, ки ба духтар хӯрок диҳанд.