меню

1 номаро ба Тимотиюс 1 Боб


1 Салом Тимотиюс! Ман – Павлус бо фармони Наҷотдиҳандаи мо – Худо ва Исои Масеҳ, ки умеди мост, фиристодаи Исои Масеҳ таъйин шудаам.

2 Ман ба ту, ки фарзанди ҳақиқиам дар имон ҳастӣ, файзу меҳрубонӣ, раҳму шафқат ва сулҳу осоиштагии Худо Падар ва Худовандамон Исои Масеҳро хоҳонам!

3 Ман – Павлус, пеш аз он ки ба вилояти Мақдуния равам, аз ту хоҳиш кардам, ки дар шаҳри Эфесус бимонӣ. Хостам, ки ту дар он ҷо таълимоти бардурӯғи баъзе муаллимонро манъ кунӣ.

4 Ба онҳо гӯй, ки вақташонро ба ривоятҳо ва насабномаҳои аҷдодонашон беҳуда сарф накунанд. Аз ин кор танҳо баҳсу мунозира ба вуҷуд меояд. Нақшаҳои Худо на бо чунин корҳо, балки бо имон иҷро мешаванд.

5 Мақсади фармони ман ин аст, ки имондорон аз муҳаббате, ки аз дили соф, виҷдони нек ва имони ҳақиқӣ мебарояд, пур бошанд.

6 Лекин баъзеҳо аз ҳамаи ин дур шуда, ба сафсатагӯйӣ машғул шудаанд.

7 Онҳо шариати Мусоро намефаҳманд, лекин мехоҳанд, ки устоди шариат бошанд. Дар асл онҳо намедонанд, ки дар бораи чӣ гап мезананду чиро исбот мекунанд.

8 Мо медонем, ки агар шариатро дуруст истифода барем, он хуб аст.

9 Ҳамчунин, медонем, ки шариат на росткоронро ҳукм мекунад, балки қонуншиканону беитоатон, худобехабарону гунаҳкорон, бадкорону нопокон, таҳқиркунандагони падару модар ва одамкушонро ҳукм мекунад.

10 Инчунин, шариат гунаҳкорони ҷинсӣ, ҳамҷинсгароён, одамдуздон, дурӯғгӯён ва аҳдшиканонро ҳукм мекунад. Хулоса, касе ки бар зидди таълимоти дуруст мебарояд, аз рӯйи шариат ҷазо мебинад.

11 Ин таълимоти дуруст мувофиқи хушхабари Худост. Худои бузургу сазовори ситоиш ин хушхабарро ба ман супоридааст, то ки ба дигарон эълон кунам.

12 Аз Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба ман қувват додааст, миннатдорам. Ӯ маро шахси вафодор ҳисобида, барои хизмати эълони хушхабар таъйин кард.

13 Ман бошам, пештар аз рӯйи нодонию нобоварӣ Ӯро дашному озор медодам ва ба пайравонаш зӯроварӣ мекардам. Вале Худо ба ман раҳм кард!

14 Файзу меҳрубонии Худо ба ман чунон фаровон буд, ки Ӯ маро аз имон ба Худ ва муҳаббат ба дигарон пур кард. Ин имон ва муҳаббат аз ҷониби Исои Масеҳ меояд.

15 «Исои Масеҳ барои наҷот додани гунаҳкорон ба ҷаҳон омад». Ин суханон дурустанд ва ҳама бояд онҳоро қабул кунанд! Ман – Павлус дар байни гунаҳкорон шахси бадтарин будам,

16 лекин Худо раҳми маро хӯрд. Ӯ ин корро ба он хотир кард, ки Исои Масеҳ ба воситаи ман, ки гунаҳкори бадтарин будам, сабру тоқати зиёдашро нишон диҳад ва дар намунаи ман дигарон ба Ӯ имон оварда, ҳаёти абадӣ ёбанд.

17 Худо шоҳи ҷовидон, нонамоён, ягона ва то абад зинда аст! Ба Ӯ то абад шаъну шараф бод! Омин.

18 Писарам – Тимотиюс, ман мувофиқи пешгӯйиҳои дар бораат гуфташуда ба ту супориш медиҳам. Ба он итоат карда, ба мисли сарбози хуб бар зидди бадӣ мубориза бар ва

19 виҷдони поку имонатро ба Масеҳ нигоҳ дор. Зеро баъзе касон виҷдонашонро пок нигоҳ надоштанд ва дар натиҷа имонашонро аз даст доданд.

20 Ҳименоюс ва Искандар дар байни онҳо буданд ва ман онҳоро ба ихтиёри шайтон супорида, ҷазо додам, то ки бар зидди Худованд баромаданро бас кунанд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6