1 номаро ба Тимотиюс 2 Боб
1 Ман пеш аз ҳама шуморо даъват мекунам, ки барои тамоми одамон дуо ва шукргузорӣ кунед. Аз Худо талаб намоед, ки ба онҳо ёрӣ диҳад ва худатон низ дар пеши Ӯ тарафи онҳоро гиред.
2 Инчунин, барои шоҳон ва тамоми ҳукуматдорон дуо кунед, то ки мо дар худотарсӣ ва сарбаландӣ зиндагии орому осуда дошта бошем.
3 Зеро чунин дуоҳо хубанд ва ба Худо Наҷотдиҳандаи мо писанд меоянд.
4 Худо мехоҳад, ки тамоми одамон наҷот ёбанд ва ростиро фаҳманд.
5 Ростӣ ҳамин аст, ки танҳо як Худо аст ва танҳо як одам метавонад моро бо Худо оштӣ кунад. Ин одами миёнарав Исои Масеҳ мебошад.
6 Ӯ Худашро фидо карда, озодии тамоми одамонро харидааст. Инро Худо дар вақту соати муносиб ба мо нишон додааст.
7 Барои ҳамин Ӯ маро – Павлусро эълонкунандаи хушхабар ва фиристода интихоб кардааст, то ки ба ғайрияҳудиён дар бораи имону ҳақиқат таълим диҳам. Суханҳоям рост асту ҳеҷ дурӯғ надорад.
8 Мехоҳам, ки мардҳо дар ҳама ҷо бо дилу нияти нек, беқаҳр ва бебаҳсу мунозира дасти дуо бардоранд.
9 Занон бошанд, худро на бо тиллову марворид, балки бо шарму ҳаё ва некандешӣ оро диҳанд. На бо мӯйбофӣ ва пироҳани пурқимат,
10 балки бо корҳои некашон худро оро диҳанд. Ин чизҳо муносиби заноне аст, ки худро худотарс меноманд.
11 Зан бояд бо камоли фармонбардорӣ дар хомӯшӣ таълим гирад.
12 Ба занон иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳанд ва бар мард ҳукмронӣ кунанд. Онҳо бояд оромона ба таълимот гӯш диҳанд.
13 Барои чӣ чунин мегӯям? Барои он ки Худо на зан, балки мардро аввал офарид.
14 Ҳамчунин, шайтон на Одамро, балки Ҳаворо фиреб дода, ӯро ба гуноҳ водор намуд.
15 Лекин агар занҳо нақшеро, ки Худо барояшон додааст, қабул кунанд, яъне фарзанд ба дунё оранд, ҳаёти пур аз имону муҳаббат дошта бошанд ва покдоману оқила бошанд, Худо онҳоро наҷот медиҳад.