1 номаро ба Тимотиюс 5 Боб
1 Агар марди аз худат калонсолтар кори нодуруст кунад, ӯро сарзаниш накун, балки мисли он ки ӯ падарат бошад, маслиҳат деҳ. Бо ҷавонмардон ба мисли бародаронат муомила кун.
2 Бо занҳои аз худ калонсолтар ба мисли модарон ва бо ҷавонзанон ба мисли хоҳар бо дили пок муносибат намо.
3 Ба бевазанони бекас ғамхорӣ кун.
4 Аммо агар бевазан фарзандон ё набераҳо дошта бошад, бигзор онҳо аввал ба ӯ ғамхорӣ карда, қарзи фарзандиашонро адо кунанд. Бо ҳамин восита онҳо худотарсиашонро нишон медиҳанд. Ҳамин кор ба Худо писанд меояд.
5 Бевазани ҳақиқӣ ҳамонест, ки танҳо мондааст ва умедашро ба Худо баста, шабу рӯз даст ба дуо Худоро илтиҷо мекунад.
6 Вале бевазане, ки барои кайфу сафо зиндагӣ мекунад, зинда ба зинда мурда аст.
7 Ин дастурҳоро ба имондорон таълим деҳ, то ки онҳо итоат кунанд ва беайб бошанд.
8 Ҳар кас ки дар бораи хешу табори худ, бахусус, дар бораи аъзоёни оилааш ғамхорӣ намекунад, ӯ аз имонаш рӯй гардонда, аз беимон бадтар шудааст.
9 Дар рӯйхати эҳтиёҷмандон бевазане навишта шавад, ки ба шавҳараш вафодор буд ва синнаш аз шаст боло аст.
10 Дигарон бояд тасдиқ кунанд, ки ӯ ҳамеша корҳои нек кардааст. Масалан, ба фарзандонаш тарбияи хуб дода бошад ва меҳмоннавозиро ба ҷо оварда, ба имондорони дигар хоксорона хизмат карда бошад. Инчунин, ба мусибатзадагон дасти ёрӣ дароз карда бошад. Умуман, дар ҳар гуна корҳои нек ғайратманд бошад.
11 Вале намонед, ки бевазанони ҷавонтар ба рӯйхат дохил шаванд. Чунки вақте ки онҳоро ҳавасҳои шаҳвонӣ фаро мегирад, онҳо боз шавҳар кардан мехоҳанд ва аз Масеҳ рӯй мегардонанд.
12 Азбаски онҳо имони пештараашонро рад мекунанд, ҳукм мешаванд.
13 Агар онҳо дар рӯйхати эҳтиёҷмандони ҷамоати имондорон бошанд, танбал мешаванд. Онҳо хона ба хона гашта, на танҳо бекорхӯҷа, балки ғайбатчию кунҷков низ мешаванд ва ҳар гапи беҳударо гуфтан мегиранд.
14 Барои ҳамин ман ба бевазанони ҷавон маслиҳат медиҳам, ки ба шавҳар баромада, кӯдак таваллуд кунанд ва аз пайи зиндагиашон шаванд. Он гоҳ душман дар бораи мо – имондорон сухани бад гуфта наметавонад.
15 Охир баъзе занон аз имон гашта, аз пайи шайтон рафтаанд.
16 Агар хоҳари имондор хешованди бевамонда дошта бошад, бояд дар бораи ӯ ғамхорӣ кунад. Ин борро ба дӯши ҷамоати имондорон нагузорад, то ки ҷамоат фақат ба бевазанони бекас ёрӣ расонда тавонад.
17 Роҳбароне, ки хуб кор мекунанд, бахусус, онҳое, ки дар шарҳу таълим додани каломи Худо меҳнат мекунанд, ҳам ба маош ва ҳам ба эҳтиром сазоворанд.
18 Навиштаҷот дар бораи ин мегӯяд: «Вақте ки барзагов хирманро мекӯбад, даҳонашро набанд» ва «Меҳнаткаш сазовори музди меҳнат аст».
19 Шикоятро бар зидди роҳбаре танҳо бо тасдиқи ду-се шоҳид қабул намо.
20 Лекин агар вай гуноҳ кардан гирад, дар ҳузури ҷамоати имондорон сарзаниш намо, то ки дигарон битарсанд.
21 Дар назди Худову Исои Масеҳ ва фариштаҳои интихобшуда ба ту фармон медиҳам, ки ба ин дастурамалҳо бе рӯйбинӣ итоат намоӣ ва шиносбозӣ накунӣ.
22 Тимотиюс, вақте ки дастонатро бар касе гузошта, барои роҳбар шудани ӯ дуо мекунӣ, боэҳтиёт бош ва саросема нашав. Зеро агар ӯ гуноҳ карда бошад, ту ҳам барои гуноҳаш ҷавобгар мешавӣ. Эҳтиёт бош, то ки худат гуноҳ накунӣ.
23 Медонам, ки меъдаву шикамат тез-тез дардманд мешаванд. Барои ҳамин минбаъд на фақат об, балки каме май ҳам нӯш.
24 Гуноҳҳои баъзеҳо пеш аз санҷиш аллакай аён мебошанд, вале гуноҳҳои дигарон дертар маълум мешаванд.
25 Инчунин, корҳои нек низ маълум аст. Ҳатто агар маълум набошанд, пинҳон низ намемонанд.