меню

1 номаро ба Тимотиюс 3 Боб

гузариш зуд:

1 Дуруст мегӯянд, ки агар касе дар ҷамоати имондорон орзу дошта бошад, ки ҳамчун сардор хизмат кунад, ӯ кори нек кардан мехоҳад.

2 Лекин сардор бояд беайб, яъне ба зани ягонааш вафодор, боандеша бошад, хирадмандона зиндагӣ кунад, баномус, меҳмондӯст бошад ва каломи Худоро шарҳ дода тавонад.

3 Майпараст, ҷангара ва пулпараст набошад, балки нармдил ва марди сулҳҷӯ бошад.

4 Хонаводаашро хуб идора кунад ва фарзандонашро чунон тарбият намояд, ки ба ӯ бо эҳтиром итоат кунанд.

5 Агар касе хонаву дари худро идора карда натавонад, оё ба ҷамоати Худо ғамхорӣ карда метавонад?

6 Сардори ҷамоати имондорон шахси нав имоноварда набошад. Чунин шахс метавонад ҳавобаландӣ карда, ба мисли шайтон ҷазо гирад.

7 Ӯ дар байни мардум ҳам бояд номи нек дошта бошад, вагарна сабаби бадгӯйӣ шуда, ба доми шайтон меафтад.

8 Инчунин, хизматчиёни ҷамоати имондорон бояд одамони баобрӯ бошанд. Дурӯяву чашмгурусна ва майпараст набошанд.

9 Онҳо бояд ростиеро, ки Худо дар бораи имон ба мо ошкор кардааст, бо виҷдони пок нигоҳ доранд.

10 Дар аввал онҳоеро, ки хизматчӣ шудан мехоҳанд, санҷидан лозим аст. Агар беайб бошанд, бигзор хизмат кунанд.

11 Зани хизматчӣ низ бояд баобрӯ бошад ва касеро ғайбат накунад. Ӯ бояд худашро идора кунад ва дар ҳама кор одами боваринок бошад.

12 Хизматчӣ бояд ба зани ягонааш вафодор бошад ва фарзандону хонаводаашро хуб идора кунад.

13 Онҳое, ки хуб хизмат мекунанд, сазовори ҳурмати дигарон мегарданд ва имонашон ба Исои Масеҳ хеле мустаҳкам мешавад.

14 Умедворам, ки ба наздикӣ пешат меоям. Лекин инро барои он ба ту менависам, ки

15 мабодо дер оям, ту бояд бидонӣ, ки дар ҷамоати Худо чӣ гуна рафтор кардан лозим аст. Чи тавре ки таҳкурсӣ ва сутунҳо хонаро мустаҳкам нигоҳ медоранд, ҷамоати Худои зинда низ таълимоти ростиро мустаҳкам нигоҳ медорад.

16 Бегуфтугӯ, ростие, ки Худо дар бораи худотарсӣ ба мо ошкор кардааст, аҷиб аст: Ӯ ҳамчун одам ба дунё омад ва ҳаққонӣ будани Ӯро Рӯҳи Худо исбот кард. Ӯро фариштаҳо диданд, дар борааш ба халқҳо хабар дода шуд. Одамон дар дунё ба Ӯ имон оварданд. Худо Ӯро бо шаъну шараф ба осмонҳо бурд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6