1 номаро ба Тимотиюс 4 Боб
1 Рӯҳи Худо аниқ мегӯяд, ки дар замони охир баъзеҳо имонашонро тарк мекунанд ва рӯҳҳои фиребгару таълимоти шайтониро гӯш карда, ба онҳо пайравӣ мекунанд.
2 Чунин таълимотро дурӯғгӯёни дурӯя паҳн мекунанд, ки виҷдонашонро аз даст додаанд.
3 Ҳамин устодони дурӯғгӯй никоҳи зану мардро манъ мекунанд ва хӯрдани ин ё он хӯрокро иҷозат намедиҳанд. Лекин хӯрокро Худо офаридааст, то ки имондороне, ки ҳақиқатро мешиносанд, онро бо шукргузорӣ хӯранд.
4 Ҳар чизе, ки Худо офаридааст, хуб аст ва онро набояд рад кунем, балки бо миннатдорӣ қабул кунем.
5 Зеро он ба воситаи сухани Худо ва дуо ҳалол мешавад.
6 Агар ту – Тимотиюс, ин чизҳоро ба имондорон ёдрас кунӣ, хизматгори хуби Исои Масеҳ мешавӣ. Инчунин, аз таълимот дар бораи имон ва аз дастурамалҳои неки иҷро кардаат парвариш меёбӣ.
7 Худро аз ривоятҳои беҳудаву бемаънӣ дур гирифта, дар худотарсӣ инкишоф деҳ.
8 Машқи ҷисмонӣ кори хуб аст, лекин худотарсӣ ҳамеша беҳтар аст, зеро он ҳам барои ин ҳаёт ва ҳам барои ҳаёти оянда зиндагиро ваъда медиҳад.
9 Ин суханон дурустанд ва ҳама бояд онҳоро қабул кунанд!
10 Барои он ки худро дар худотарсӣ инкишоф диҳем, мо меҳнат мекунем ва заҳмат мекашем, зеро ба Худои зинда умед бастаем. Ӯ Наҷотдиҳандаи тамоми одамон, хусусан, имондорон аст.
11 Ана ҳамин чизҳоро аз имондорон талаб намо ва таълим деҳ.
12 Бигзор ҳеҷ кас барои ҷавон буданат ба ту беҳурматӣ накунад. Тимотиюс, дар рафтору гуфторат, дар муҳаббату имонат ва покизагиат барои имондорон намунаи ибрат бош.
13 То вақти омаданам ба хондани навиштаҷот ва шарҳу таълим додани он бештар аҳамият деҳ.
14 Роҳбарони ҷамоати имондорон дасташонро бар ту гузошта дуо карданд ва бо ҳамин роҳ туро ба хизмат таъйин намуданд. Ҳангоме ки онҳо дар бораат пешгӯйӣ мекарданд, аз Худо ба ту қобилият дода шуд. Онро ҳамеша истифода бар.
15 Аз таҳти дил ба ин чизҳо машғул шав ва боғайрат бош, то ки пешравиҳои ту ба ҳама аён гардад.
16 Аҳамият деҳ, ки чиро таълим медиҳӣ ва чӣ гуна зиндагӣ мекунӣ. Агар чунин рафтор кунӣ, ҳам худ ва ҳам шунавандагонатро наҷот медиҳӣ.