1 Имондороне, ки ғулом ҳастанд, хӯҷаинони худро бояд аз таҳти дил ҳурмату иззат кунанд. Чунин муносибат номи Худо ва таълимоти масеҳиро аз бадномӣ нигоҳ медорад.
2 Агар хӯҷаин низ имондор бошад, ғулом набояд бо сабаби бародар буданаш ба хӯҷаинаш беҳурматӣ кунад. Баръакс, ӯ бояд боз ҳам беҳтар хизмат кунад, чунки аз хизмати ӯ бародари имондору маҳбуб фоида мегирад. Ҳаминро ба дигарон таълим деҳ ва онҳоро насиҳат намо.
3 Баъзе одамон таълимоти бегонаро ёд медиҳанд, ба суханони дурусти Худованди мо Исои Масеҳ розӣ нестанд ва таълимоти худотарсиро пайравӣ намекунанд.
4 Чунин касон ҳавобаланданд ва ҳеҷ чизро намедонанд. Онҳо хоҳиши носолим доранд ва мехоҳанд, ки дар бораи калимаҳо бо баҳсҳои беохир машғул шаванд. Ҳамин гуна баҳсҳо ҳасад, ҷудоӣ, дашном ва шубҳаҳои бадро ба вуҷуд меоранд.
5 Ҳамин касон ҳамеша дар байни одамоне, ки ақлашонро хӯрда, аз ростӣ маҳрум шудаанд, боиси ҷанҷолҳо мешаванд. Хаёл мекунанд, ки худро худотарс нишон дода, ба ин восита сарватманд мешаванд.
6 Бале, худотарсӣ манфиати бисёр дорад, лекин ин фақат барои одамони қаноатманд аст.
7 Зеро мо ба ин дунё ҳеҷ чиз наовардаем ва ҳамроҳи худ ба он дунё чизе бурда наметавонем.
8 Аз ин рӯ, агар ризқу рӯзӣ ва сарулибос дошта бошем, бояд қаноат кунем.
9 Онҳое, ки сарватманд шудан мехоҳанд, ба васваса, дом ва бисёр ҳавасҳои аблаҳонаву зараровар гирифтор мешаванд, ки одамонро ба фалокат дучор намуда, несту нобуд мекунанд.
10 Пулпарастӣ решаи ҳар намуди бадӣ мебошад. Баъзе одамон аз пайи он рафта аз имон дур шудаанд ва ба азобҳои бисёр дучор гардидаанд.
11 Лекин, азбаски ту одами Худо ҳастӣ, аз ин чизҳои бад гурез! Бо роҳи росткорӣ, худотарсӣ, имон, муҳаббат, сабр ва нармдилӣ бирав.
12 Бисёр кӯшиш намуда, таълимоти Масеҳро пайравӣ кун, то ки ҳаёти абадиеро, ки ба он даъват шудаӣ, соҳиб шавӣ. Охир, ту ба таври сазовор дар назди шоҳидони бисёр имонатро эътироф кардаӣ.
13 Ман дар ҳузури Худо, ки ба ҳама чиз ҳаёт мебахшад ва дар ҳузури Исои Масеҳ, ки Ӯ дар назди ҳокими румӣ – Понтиюс Пилотус ба ростӣ хуб шаҳодат додааст, аз ту талаб мекунам, ки
14 то омадани Худованди мо Исои Масеҳ ҳамин фармонро бекамбудӣ риоя намоӣ.
15 Худо – Ҳокими ягона, Шоҳи шоҳон, Сарвари сарварон, ки сазовори ситоиш аст, омадани Исоро дар вақташ ошкор менамояд.
16 Фақат Худо ҳеҷ гоҳ намемирад! Ӯ дар рӯшноие зиндагӣ мекунад, ки ҳеҷ кас ба он наздик шуда наметавонад. Ӯро чашми инсон надидааст ва дида наметавонад. Шарафу қудрати абадӣ ба Худо бод! Омин!
17 Сарватмандони ин дунёро насиҳат бикун, ки ҳавобаланд нашаванд ва ба сарвати дурӯза умед набанданд, балки ба Худо умед банданд, ки ҳама чизро барои ҳаловати мо ба таври фаровон медиҳад.
18 Ба онҳо фармон деҳ, ки пулашонро барои корҳои нек сарф кунанд. Онҳо бояд доимо корҳои нек кунанд ва саховатманду дасткушод бошанд.
19 Ба ин восита онҳо бо корҳои некашон дар он дунё ганҷи рӯҳоние ҷамъ мекунанд, ки он мисли таҳкурсии бино мустаҳкам меистад. Бо ҳамин роҳ ҳаёти ҳақиқиро ба даст меоранд.
20 Тимотиюс, он чизҳоеро, ки ба ту дода шудаанд, ҳимоя кун. Аз беҳудагӯйии ношоям ва баҳсҳое, ки одамон онро бардурӯғ «дониш» меноманд, рӯй гардон.
21 Баъзеҳо ин чизҳоро пайравӣ карда, аз имон дур шудаанд. Бигзор файзу меҳрубонии Худованд бо ҳамаи шумо бошад!