меню

Нома ба Эфсӯсиен 1 Боб


1 Салом ба халқи Худо, ки дар шаҳри Эфесус Исои Масеҳро вафодорона пайравӣ мекунанд! Ман, Павлус, ки бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ интихоб шудаам,

2 ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худо ва Худованд Исои Масеҳро хоҳонам.

3 Шаъну шараф ба Худо, ки Падари Худовандамон Исои Масеҳ аст! Ӯ ба хотири Масеҳ ба мо ҳар баракати рӯҳониро дар даргоҳаш бахшидааст.

4 Охир, Худо моро аллакай, пеш аз офариниши дунё ба воситаи Масеҳ интихоб карда буд, ки аз они Ӯ шуда, дар назараш беайбу нуқсон бошем.

5 Ӯ бо меҳру муҳаббат пешакӣ мувофиқи хости дилаш муқаррар карда буд, ки ба воситаи Исои Масеҳ моро ба фарзандӣ қабул мекунад.

6 Худо мақсад дошт, ки мо ҳамин файзу меҳрубонии бузургашро, ки Ӯ ба воситаи Писари азизаш бароямон ато кардааст, таърифу ситоиш кунем.

7 Охир файзу меҳрубонии Худо он чунон бепоён аст, ки ба воситаи хуни Писараш мо ба озодӣ харида шудаему гуноҳҳоямон бахшида шуданд.

8 Худо файзу меҳрубониашро ба мо бо додани тамоми хираду ҳикмат саршор кардааст.

9 Зеро Ӯ сирри Худро, ки он хости дилаш буд ва иҷрои онро ба воситаи Масеҳ дар назар дошт, ба мо ошкор кард.

10 Нақшаи Худо ин буд, ки дар вақти муайяншуда ҳама чизи дар осмону дар замин бударо дар ихтиёри Масеҳ гузорад.

11 Худо инчунин, ба хотири Масеҳ ба мо насиб гардонд, ки халқи Ӯ шавем. Ин тақдирро Худо аз аввал барои мо ба нақша гирифта буд ва Ӯ ҳама вақт хосту фикрашро ба амал меоварад.

12 Дар натиҷа мо, яҳудиён, ки аввалин шуда ба Масеҳ умедвор гаштем, ба таърифу ситоиш ёфтани бузургии Худо сабабгор мешавем.

13 Ана шумо, ғайрияҳудиён низ ба воситаи Масеҳ бо Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо муҳр зада шудаед, ки аз они Худо будани шуморо нишон медиҳад. Ин Рӯҳи ваъдашудаи Худо бароятон ҳамон вақт дода шуд, ки хабари ростиро, яъне хушхабари наҷоти худро шунида, ба Масеҳ имон овардед.

14 Худо Рӯҳулқудсро ба мо ҳамчун гарави он додааст, ки дар рӯзе, ки халқаш пурра ба озодӣ мебарояд, ҳамон мероси ваъдакардааш ба мо насиб мегардад, то ки мо барои таърифу ситоиш ёфтани бузургии Худо сабабгор шавем.

15 Бинобар ин, аз вақте ки дар бораи имони шумо ба Худованд Исо ва муҳаббате, ки ба тамоми халқи Худо доред, хабардор шудам,

16 бароятон дуо карда, ҳамеша Худоро ба хотири шумо шукргузорӣ мекунам.

17 Ман ба Худои Исои Масеҳ Худовандамон, ки Падари бузургвор аст, дуо карда хоҳиш мекунам, ки барои шинохтани Ӯ ба шумо ба воситаи Рӯҳ ҳикмату хирад бахшад ва Худро ошкор созад.

18 Бигзор Ӯ чашми дили шуморо кушояд, то дарк кунед, ки Худо шуморо даъват карда, бароятон чӣ умеде додааст ва чӣ мероси пуршукӯҳу бузурге барои халқаш дорад.

19 Инчунин, қудрати беҳад азими Худоро, ки барои кумаки мо, имондорон амал мекунад, фаҳмед. Ин ҳамон қудрати азимест,

20 ки Худо бо он Масеҳро аз марг бархезонд ва аз дасти рости Худ дар даргоҳаш шинонд.

21 Акнун мақоми Масеҳ болотар аз ҳар тахту тоҷ, қуввату қудрат, ҳукумату роҳбарият ва ҳар мақоми дигарест, ки на фақат дар ин олам, балки дар олами оянда низ ҳаст.

22 Худо ҳама чизро зери пойҳои Масеҳ гузошта, Ӯро аз ҳама касу ҳама чиз болотар ҳамчун сар барои ҷамоати имондорон муқаррар кард.

23 Ҷамоати имондорон бадани Масеҳ аст, яъне пуррагии Ӯст, ки ҳама чиз ва ҳама ҷойро бо ҳузури Худ пур мекунад.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6