меню

Нома ба Эфсӯсиен 4 Боб


1 Пас ман, ки ба хотири Худованд зиндонӣ гаштаам, аз шумо илтимос мекунам, ки муносиби мақоме, ки Худо шуморо барояш даъват кардааст, зиндагӣ кунед.

2 Дар зиндагӣ ҳамеша хоксору нармдил бошеду аз рӯйи муҳаббат якдигарро бо сабру тоқат бардошт кунед.

3 Инчунин, то тавонед, ягонагиеро, ки аз ҷониби Рӯҳулқудс дода мешавад, ба воситаи созиш кардан бо якдигар нигоҳ доред.

4 Чунон ки Худо ҳамаи шуморо ба як умед даъват кардааст, ҳамин тавр фақат як бадани Масеҳ ва як Рӯҳ,

5 як Худованд, як имон ва як маросими таъмид бо об аст.

6 Мо як Худо дорем, ки Падари ҳамаи мост. Ӯ болои сари ҳамаамон аст ва ба воситаи ҳамаи мо амал мекунаду дар вуҷуди ҳамаамон сокин мебошад.

7 Лекин атоҳо ва қобилиятҳоро Масеҳ ба ҳар яки мо ба андозае, ки Худаш мехоҳад, мебахшад.

8 Бинобар ин дар навиштаҷот омадааст, ки «Вақте Ӯ боло рафт, бо Худ бисёр асиронро бурд ва ба одамон атоҳо бахшид».

9 «Ӯ боло рафт» гуфтан чӣ маъно дорад? Ҳамин, ки Ӯ аввал ба қаъри замин фаромадааст.

10 Пас ҳамон, ки фаромада буд, баъд ба ҷойи болотарини осмон низ рафт, то ки ҳама ҷойро бо Худ пур кунад.

11 Инак атоҳои Масеҳ ҳамин буд, ки Ӯ баъзеҳоро фиристодагон, баъзеҳоро пайғамбарон, баъзеҳоро эълонкунандагони хушхабар ва баъзеҳоро ба мисли чӯпон нигоҳубинон ва муаллимони халқи Худо интихоб намудааст.

12 Вазифаи онҳо халқи Худоро ба иҷрои кори Худо тайёр намудан аст, то ки бо хидмати онҳо ҷамоати имондорон, ки бадани Масеҳ аст, инкишоф ёбад.

13 Мо то замоне инкишоф меёбем, ки ҳамаамон як хел бовар мекунем ва як хел фаҳмиш дар бораи Писари Худо пайдо мекунем. Дар натиҷа мо ба дараҷаи пурраи Масеҳ ба камол мерасем.

14 Он гоҳ мо дигар ба монанди кӯдакон рафтор намекунем. Мо намегузорем, ки бовариамон мисли мавҷ алвонҷ хӯраду мо бо шамоли ҳар гуна таълимоти одамони ҳилагар ва сохтакор гумроҳ гардем,

15 балки аз рӯйи муҳаббат ростиро баён намуда, аз ҳар ҷиҳат ба дараҷаи Масеҳ, ки Ӯ сари бадан аст, инкишоф меёбем.

16 Ба воситаи Ӯ тамоми бадан бо банду буғумҳо бо ҳам пайваст шудааст. Ҳар яки он вазифаи худро иҷро карда, ба сабзиши бадани Масеҳ ёрӣ медиҳад. Дар натиҷа тамоми бадани Масеҳ худро бо муҳаббат такмил медиҳад.

17 Инак, аз номи Худованд шуморо таъкид карда мегӯям, ки дигар ба мисли беимонон зиндагӣ накунед. Охир онҳо аз рӯйи фаҳмиши пучу холиашон рафтор мекунанд.

18 Азбаски ақлашон тира гаштааст, онҳо барои ҳаёте, ки аз ҷониби Худо дода мешавад, бегонаанд, чунки кундфаҳму гарданшах гаштаанд.

19 Ин одамон ҳисси нангу номусро аз даст дода, ба нафси шаҳвонӣ дода шудаанд ва ҳар қадар рафтори бешарму ҳаё кунанд ҳам, барояшон боз ҳам кам аст.

20 Вале шумо аз Масеҳ чунин тарзи ҳаётро таълим нагирифтаед.

21 Шумо, ки аниқ дар бораи Исо шунидаед ва аз Ӯ таълим гирифтаед, чун ростӣ дар Исо аст,

22 медонед, ки бояд аз тарзи зиндагии пештара ва аз табиати куҳнаи худ, ки ба фиреби ҳавасҳои шаҳвонӣ гирифтор шуда, торафт нобуд мегашт, даст кашед.

23 Шумо медонед, ки тарзи фикррониатон бояд пурра нав шавад

24 ва он табиати наверо бояд дар бар кунед, ки ба Худо монанд офарида шудаасту хислатҳои ҳақиқии росткорӣ ва покиро дорад.

25 Пас дурӯғгӯйиро бас кунед! Азбаски мо дар бадани Масеҳ аъзои якдигарем, биёед ба якдигар рост мегӯем.

26 Дар сари қаҳру ғазаб гуноҳ накунед. Нагузоред, ки ғазабатон то ғуруби офтоб давом ёбад

27 то ки ба шайтон роҳ дода нашавад.

28 Дуздон, дигар дуздӣ накунед. Баръакс, бо дастони худ меҳнати фоиданок кунед, ки барои хайрияи муҳтоҷон чизе дошта бошед.

29 Бигзор аз даҳони шумо ягон гапи хунук набарояд, балки бамаврид гап занед, то суханонатон фоидаовар бошанду шунавандагонатон аз он баҳра гиранд.

30 Ҳамчунин, Рӯҳулқудси Худоро ғамгин накунед. Охир бо Ӯ шумо муҳр зада шудаед, ки ин аз они Худо будану рӯзе пурра аз гуноҳ озод шуданатонро нишон медиҳад.

31 Ҳамаи қаҳру ғазаб, хашм, ҷангу ғавғо ва дашномдиҳӣ ва ҳамаи кинаву адоватро аз худ дур кунед.

32 Ба якдигар бомеҳру шафқат бошед ва ҳамон тавре ки Худо шуморо ба воситаи Масеҳ бахшидааст, шумо низ якдигарро бахшед.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6