Нома ба Эфсӯсиен 5 Боб
1 Инак, ҳамчун фарзандони азизи Худо дар ҳама чиз аз Ӯ ибрат гиред.
2 Ҳамон тавре бомуҳаббат зиндагӣ кунед, ки Масеҳ нишон додааст. Ӯ моро дӯст дошта, Худро ба хотири мо ба Худо ҳамчун қурбонӣ тақдим кард ва ин қурбонӣ ҳамчун бӯйи хуш ба димоғи Худо расидааст.
3 Инак, ҳеҷ гуноҳи ҷинсӣ ё бешармиву беҳаёӣ ё чашмгуруснагӣ дар байни шумо ҳатто набояд зикр шавад, чунки ба халқи Худо ин рафтор ношоиста аст.
4 Инчунин, гапҳои бемаънӣ гуфтан ва шӯхиҳои беодобона кардан ба шумо муносиб нестанд. Баръакс, бояд шукргузорӣ кунед.
5 Ҳаминро донед, ки ба ягон шахси бероҳа, бешарму ҳаё ё чашмгурусна, ки чунин рафтораш баробари бутпарастӣ аст, Подшоҳии Масеҳ ва Худо насиб намешавад.
6 Нагузоред, ки касе шуморо бо гапҳои беҳуда, ки гӯё чунин рафтор гуноҳ нест, фиреб диҳад! Охир, ана ҳамин рафторҳо ғазаби Худоро бар сари шахсони саркаш меоранд.
7 Бо ин гуна шахсҳо шиштухез накунед!
8 Шумо як замон худ торикӣ будед, вале акнун, ки бо Худованд ҳастед, равшанӣ гаштаед. Пас ҳамон рафтору кирдореро кунед, ки мувофиқи равшанӣ бошад.
9 Агар равшанӣ дар вуҷуди шумо ҳаст, рафторатон бояд нек, дуруст ва рост бошад.
10 Барои фаҳмидани он чи ба Худованд писанд меояд, кӯшишу ғайрат кунед.
11 Ба корҳои беҳудаи торикӣ ҳамроҳ нашаведу онҳоро фош кунед.
12 Кас ҳатто аз гуфтани он корҳое, ки онҳо пинҳонӣ дар торикӣ мекунанд, шарм медорад.
13 Аммо, вақте ки рӯшноӣ ба ҳаёти онҳо метобад, ҳама чиз ошкор мегардад.
14 Пас онҳое, ки ошкор шудаанд, худ равшанӣ мешаванд. Бинобар ин гуфторе ҳаст, ки «Эй хобрафта, бедор шаву аз марг бархез! Ва нури Масеҳ бар ту медурахшад!»
15 Инак, монанди шахсони беақл набошед. Балки ҳушёр буда, ҳамчун шахсони бохирад қадаматонро дониста монед.
16 Азбаски ин замон замони бадӣ аст, ҳар фурсатро ғанимат донед.
17 Бефаросат набошеду донед, ки хости Худованд чист.
18 Маст нашавед, ки мастӣ шуморо ба расвоӣ мебарад. Баръакс, бо Рӯҳулқудс пур шуда,
19 дар вақти суҳбат бо якдигар сурудҳои Забурро хонед ва Худоро ҳамду сано гуфта, дар дилҳоятон таронаҳои парастиш барои Худованд хонед.
20 Инчунин, ҳамеша Худоро, ки Падарамон аст, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ барои ҳама чиз шукргузорӣ кунед.
21 Ҳурмати Масеҳро карда, ба якдигар итоат кунед.
22 Занон, ҳамон тавре ки ба Худованд итоат мекунед, ба шавҳарони худ низ итоат кунед.
23 Охир, шавҳар барои занаш сар аст, чунон ки Масеҳ сари ҷамоати имондорон аст, ки он бадани Ӯст. Масеҳ ҳамчунин, Наҷотдиҳандаи ҷамоаташ мебошад.
24 Пас, чунон ки ҷамоати имондорон ба Масеҳ итоат мекунад, ҳамон тарз зан низ бояд ба шавҳари худ аз ҳар ҷиҳат итоат кунад.
25 Мардҳо, занони худро бояд ҳамон тарз дӯст доред, ки Масеҳ ҷамоати имондоронро дӯст доштааст. Охир ба хотири ҷамоати имондорон Масеҳ Худро фидо намуд,
26 то ки ба воситаи каломаш ин ҷамоатро гӯё бо об шустушӯ намуда, барои Худ ҷудо карда гирад.
27 Масеҳ бо ин кораш хост имондоронро барои Худ ҳамчун ҷамоати бошукӯҳе муҳайё созад, ки бе ягон доғу иллат ва беайбу нуқсон аз они Ӯ бошад.
28 Ана ҳамин тавр мард занашро ҳамчун ҷисму ҷони худ бояд дӯст дорад. Ҳар кӣ занашро дӯст дорад, нишон медиҳад, ки худашро дӯст медорад.
29 Ҳеҷ инсоне нест, ки ягон бор ҷисмашро бад дида бошад. Баръакс, ҳар кас ҷисмашро хӯронда парвариш мекунад. Масеҳ ба ҷамоати имондорон чунин рафтор мекунад,
30 чунки мо аъзои бадани Ӯ ҳастем.
31 Дар навиштаҷот омадааст, ки «Аз ҳамин сабаб мард падару модари худро гузошта, ба зани худ мепайвандад ва онҳо як тан мешаванд».
32 Ин гуфтаҳо маънои чуқур доранд, аммо ман бо ин мисол Масеҳ ва ҷамоати имондоронро дар назар дорам.
33 Лекин ба шумо низ ин гуфтаҳо тааллуқ доранд, ки ҳар мард бояд занашро баробари ҷонаш дӯст дорад. Занҳо бошанд, бояд иззату ҳурмати шавҳарони худро ба ҷо оваранд.