меню

Нома ба Эфсӯсиен 6 Боб


1 Бачаҳо, ҳамчун пайравони Худованд падару модаратонро гӯш кунед. Ин вазифаи шумо аст.

2 Охир, аввалин фармони асосии Худо, ки шарт дорад, чунин аст: «Падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо.

3 Он гоҳ корат барор меёбаду умри дароз мебинӣ».

4 Падарон, шумо ҳам фарзандони худро асабонӣ накунед, балки бо панду насиҳатҳои Худованд онҳоро тарбия намуда, ба воя расонед.

5 Ғуломон, ба хӯҷаинони хокии худ аз рӯйи иззату эҳтиром бо тарс ва самимона итоат кунед гӯё ба Масеҳ мекарда бошед.

6 Мисли ғуломи хушомадгӯй, ки дар пеши соҳибаш нағз кор карда, дар набудани ӯ бо дили нохоҳам кор мекунад, хизмат накунед. Балки ҳамчун ғуломи Масеҳ хости Худоро бо ҷону дил иҷро намоед.

7 Хизмати шумо на ҳамчун ба инсон, балки ҳамчун ба Худованд бо майлу рағбат бошад.

8 Фаромӯш накунед, ки ҳар кас, хоҳ ғулому хоҳ озод, барои ҳар кори некаш аз Худованд мукофот мегирад.

9 Хӯҷаинон, шумо низ ҳамин муомиларо нисбати ғуломони худ кунед. Ба онҳо дӯғу пӯписа заданро бас намоед. Дар ёд дошта бошед, ки дар осмон як Хӯҷаин доред, ки Ӯ ҳам хӯҷаини шумову ҳам хӯҷаини ғуломонатон аст ва ба ҳама бо як чашм нигоҳ мекунад.

10 Ниҳоят, аз Худованд ва қудрати пурзӯраш қувват гиред.

11 Ҳамаи аслиҳаи ҷангиеро, ки Худо ба шумо медиҳад, пӯшед ва ба даст гиред, то ки ба фиребу найрангҳои шайтон муқобилат нишон дода тавонед.

12 Охир, мо на бар зидди инсон, ки соҳиби гӯшту хун аст, балки бар зидди соҳибони тахту тоҷ ва соҳибқудратону фармондеҳони ҳамин олами ҷинҳо ва бар зидди қувваҳои баде, ки дар осмон амал мекунанд, меҷангем.

13 Бинобар ин тамоми силоҳи Худоро ба худ гиред, то ки дар рӯзи ҳамлаи душман бо он зиддият нишон дода тавонеду муборизаро ба охир расонда, дастболо гардед.

14 Инак, тайёр бошед! Мисли сарбоз ҳақиқатро ҳамчун тасма ба миёнатон баста, росткориро ҳамчун ҷавшани рӯйи сандуқи дил дар бар кунед.

15 Инчунин, хушхабареро, ки дар бораи сулҳу осоиштагӣ гирифтаед, ҳамчун пойафзори тайёр буданатон ба пой пӯшед.

16 Илова бар ҳамаи ин, имонро сипар кунед, ки бо он ҳамаи тирҳои сӯзони шайтонро хомӯш карда метавонед.

17 Наҷотро низ ҳамчун кулоҳи ҷангӣ ва сухани Худоро ҳамчун шамшере, ки Рӯҳулқудс медиҳад, ба даст гиред.

18 Ҳамаи инро бо дуову илтиҷо аз Худо мадад талабида, ба ҷо оред ва ҳама вақт бо роҳнамоии Рӯҳ дуо гӯед. Бинобар ин, ҳушёр бошеду барои тамоми халқи Худо ҳамеша истодагарона дуою илтиҷо намоед.

19 Аз он ҷумла, барои ман дуо кунед, ки Худо суханони даркориро ба забонам андозад ва ман нотарсона сирри хушхабарро эълон кунам.

20 Ман ҳатто дар зиндон ҳамчун намояндаи Масеҳ хушхабарро паҳн мекунам. Пас, дуо кунед, ки ман ин хушхабарро ҳамон тавр ки бояд эълон шавад, далерона эълон кунам.

21 Аз тамоми ҳолу аҳвол ва кору борам шуморо Тихикос, бародари азизу хизматгузори бовафои Худованд, хабардор мекунад.

22 Ман бо ҳамин мақсад вайро пеши шумо фиристодам, ки аз ҳолати мо хабар дода, шуморо хотирҷамъ созад.

23 Аз Худо Падар ва Худованд Исои Масеҳ барои бародарону хоҳарони имондор осоиштагӣ ва муҳаббат якҷоя бо имон металабам.

24 Бигзор файзу меҳрубонии Худо бо ҳамаи онҳое бошад, ки Худовандамон Исои Масеҳро самимона дӯст медоранд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6