Нома ба Эфсӯсиен 3 Боб
1 Ана барои ҳамин ман, Павлус, ки баҳри шумо, ғайрияҳудиён, ҳамчун хизматгузори Исои Масеҳ дар зиндон мебошам, ба Худо дуо мекунам.
2 Дар омади гап, шумо дар бораи вазифае, ки баҳри шумо аз рӯйи файзу меҳрубонии Худо ба ман дода шудааст, аниқ шунидаед.
3 Ман дар бораи ин пештар каме навишта будам, ки чӣ тавр Худо сиррашро ба ман ошкор кардааст.
4 Навиштаҳоямро хонда, шумо фаҳмиши маро дар бораи сирри Масеҳ дарк мекунед.
5 Ин сир, ки ба одамони гузашта номаълум монда буд, ҳоло ба воситаи Рӯҳулқудс ба пайғамбарон ва фиристодагони муқаддаси Худо ошкор гаштааст.
6 Худо ошкор кард, ки ба хотири Исои Масеҳ ғайрияҳудиён низ ба хушхабар бовар карда, якҷоя бо яҳудиён ба мероси Худо ҳақ пайдо мекунанд. Онҳо аъзои ҳамон як бадани Масеҳ мешаванду ба ваъдае, ки Худо ба яҳудиён дода буд, шарик мегарданд.
7 Барои эълон кардани ана ҳамин хушхабар ман хизматгузори Худо гаштаам. Ин хизмат бароям ҳамчун файзу баракати Худо ва бо қудрати бузурги Ӯ ато шудааст.
8 Гарчанде ман дар байни тамоми халқи Худо аз ҳама камарзиштарин ҳастам, ба ман ҳамин ато дода шудааст, ки ба халқҳои ғайрияҳудӣ хабари хушро дар бораи сарвати бепоёни Масеҳ расонам.
9 Инчунин, ба ман ато шудааст, ки нақшаи ҳамон сирри Худоро, ки Ӯ, Офарандаи ҳама чиз аз асрҳои пеш пинҳон нигоҳ медошт, ба ҳама равшан гардонам.
10 Ҳамаи инро Худо бо мақсади он кард, ки акнун ба воситаи ҷамоати имондорон хираду ҳикмати серпаҳлуи Худро ба ҳокимону сардорони олами рӯҳонӣ маълум гардонад.
11 Ана ҳамин буд нақшаи абадии Худо, ки Ӯ онро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ амалӣ гардонд.
12 Инак, ба хотири Масеҳ мо бо имоне, ки ба Ӯ дорем, бе тарсу ҳарос ва дилпурона ба Худо наздик шуда метавонем.
13 Бинобар ин илтимос мекунам, ки аз сабаби азобу уқубате, ки ман ба хотири шумо мекашам, рӯҳафтода нашавед, чунки он боиси обрӯйи шумо мебошад.
14-15 Аз ин рӯ, ман пеши Падар, ки Офарандаи ҳама кас чи дар осмону чи дар замин аст, зону зада,
16 дуо мекунам, ки аз рӯйи сарвати пуршукӯҳаш бо Рӯҳи Худ ба шумо қудрат бахшида, шуморо рӯҳан боқувват кунад.
17 Бигзор аз барои имонатон, ки ба Масеҳ доред, Ӯ дар дили шумо сокин бошаду шумо дар муҳаббат реша давонда, устувор гардед,
18 то ки якҷоя бо тамоми халқи Худо муҳаббати беҳадду канор ва беохиру бепоёни Худоро пурра дарк карда тавонед.
19 Дуо мекунам, ки муҳаббати Масеҳро низ, ки бо ақл фаҳмида намешавад, дарк кунед, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед.
20-21 Ҳоло шаъну шараф ба Худо ба воситаи ҷамоати имондорон ва Исои Масеҳ дар ҳар насл ва то абад, чунки Ӯ бо қудрати бузургаш бештар аз ҳар он чи орзу ва хоҳиш мекунем, карда метавонад ва ин қудраташ дар мо амал мекунад! Омин.