Нома ба Эфсӯсиен 2 Боб
1 Замоне буд, ки шумо ба сабаби гуноҳҳо ва саркашиатон мурда ҳисобида мешудед,
2 чунки ба монанди одамони ин дунё зиндагӣ мекардед ва ба ҳокими қувваҳои бад итоат менамудед. Ин ҳоким шайтон аст, ки ҳоло дар шахсони саркаш амал мекунад.
3 Ба монанди ин шахсони саркаш, ҳамаи мо низ замоне аз пайи ҳавасҳои ҷисмонии худ мерафтем ва хости нафсамонро иҷро карда, ҳар чи ба фикрамон ояд, мекардем. Пас, мо табиатан дар қатори дигарон гирифтори ғазаби Худо будем.
4 Лекин Худо моро бениҳоят сахт дӯст доштааст ва аз рӯйи ин меҳру муҳаббаташ Ӯ, ки пур аз раҳму шафқат аст,
5-6 ба мо агарчи аз сабаби гуноҳҳоямон мурда ҳисобида мешудем, ҳамроҳи Масеҳ ҳаёт бахшид. Худо моро ҳамроҳи Масеҳ зинда карда ва бо Исои Масеҳ як намуда, дар даргоҳи Худ ҳамроҳаш шинонд. Инак, наҷот ба шумо аз рӯйи файзу меҳрубонии Худо туҳфа шудааст.
7 Худо бо ҳамаи ин некиҳое, ки ба воситаи Исои Масеҳ нисбати мо кардааст, то чӣ андоза беҳадду канор будани файзу меҳрубониашро дар замони оянда нишон доданӣ аст.
8-9 Охир, шумо аз рӯйи файзу баракати Худо ба воситаи имонатон наҷот ёфтаед. Яъне наҷот на маҳсули кори шумо асту на натиҷаи кирдору рафторатон, балки туҳфаи Худост. Бинобар ин ҳеҷ кас фахр карда наметавонад,
10 чунки мо маҳсули дастони Худо ҳастем. Мо ба воситаи Исои Масеҳ барои корҳои нек офарида шудаем, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо муқаррар намуда буд.
11 Пас фаромӯш накунед, ки як вақт яҳудиён, ки аз хатна шуданашон фахр мекунанд, шуморо халқҳои хатнанашуда меномиданд, чунки шумо ҳамчун ғайрияҳудӣ ба дунё омадед. Ҳол он ки хатнаи яҳудиён фақат ҷисмонӣ асту бо дасти инсон карда шудааст.
12 Он вақт шумо ҳанӯз бе Масеҳ зиндагӣ мекардед ва аз ҷамоати Исроил ҷудо будед. Аз ин рӯ, шумо барои ваъдаҳои аҳду паймони Худо бегонаву дар ин ҷаҳон бе умеду бе Худо будед.
13 Аммо акнун шумо, ки як вақте аз Худо дур будед, ба хотири Исои Масеҳ ва ба воситаи хуни Ӯ ба Худо наздик шудаед.
14-15 Масеҳ Худ оштидиҳандаи мост, ки яҳудиёну ғайрияҳудиёнро бо ҳам муттаҳид кардааст. Ӯ бо қурбонии баданаш шариати Мусоро бо қонуну қоидаҳояш беэътибор сохта, девори душманиро, ки моро аз ҳам ҷудо мекард, шикаст. Масеҳ инро бо мақсади он кард, ки дар Худ аз ин ҳар ду як халқи нав ба вуҷуд оварда, ҳамин тавр сулҳро барпо кунад
16 ва ин ҳар дуро ба як тан пайванд намуда, ба воситаи марг дар салиб душманиро аз байн бараду моро пеши Худо баргардонад.
17 Инак, Масеҳ омада, ҳам ба шумо, ки аз Худо дур будед, ҳам ба онҳое, ки ба Худо наздик буданд, хушхабари сулҳу оштиро эълон кард.
18 Ба василаи Ӯ ҳамаи мо, чи дуру чи наздик, бо ҳамон як Рӯҳ ба пеши Падари Осмонӣ роҳ ёфтаем.
19 Пас, шумо дигар бегона ва ғариб нестед, балки бо халқи Худо ҳамватан шуда, аҳли хонаи Худо гаштаед,
20 ки ин хонавода дар асоси таълимоти фиристодагон ва пайғамбарон сохта шудааст. Санги асосии таҳкурсии хона бошад, Худи Исои Масеҳ аст.
21 Бо Ӯ ҳамаи имондорон ба монанди иморат, бо ҳам пайваст шуда, торафт маъбаде мешаванд, ки ба Худованд бахшида шудааст.
22 Шумо низ дар пайвастагӣ бо Масеҳ ба ҳамин иморат пайваст шуда, ба маконе бино мешавед, ки Худо ба воситаи Рӯҳ дар он сокин мебошад.