меню

Номаро ба Ғалотиен 1 Боб


1-2 Салом ба ҷамоатҳои имондорони вилояти Ғалотия! Ман, Павлус, ки фиристодаи Масеҳ ҳастам, на бо қарори одамон ё аз ҷониби ягон инсон, балки аз ҷониби Исои Масеҳ ва Худо Падар, ки Исоро баъд аз мурданаш зинда гардондааст, ба ин вазифа таъйин гаштаам. Ҳамчунин ҳамаи имондороне, ки бо ман ҳастанд,

3 ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Худо Падар ва Худовандамон Исои Масеҳро хоҳонем!

4 Исои Масеҳ мувофиқи хости Падарамон Худо ба хотири гуноҳҳои мо Худро фидо кард, то ки моро аз ин дунёи палид озод намояд.

5 Ба Ӯ шаъну шараф то абад бод. Омин.

6 Ҳайронам, ки шумо ин қадар зуд аз Худо, ки шуморо бо файзу меҳрубонии Масеҳ даъват кардааст, рӯй гардонда, ба хушхабари дигаре рӯй меоваред.

7 Дар асл хушхабари дигар вуҷуд надорад. Фақат баъзе касон майнаи шуморо гаранг мекунанд ва хушхабари Масеҳро тағйир доданӣ ҳастанд.

8 Аммо агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон баръакси ҳамон хушхабаре, ки ба шумо эълон карда будем, таълимоти дигар диҳад, бигзор вайро Худо занад!

9 Чуноне ки мо аллакай гуфтем, боз ҳам такрор мекунам, лаънат ба касе, ки ба шумо хушхабари дигаре аз он, ки қабул кардаед, эълон намояд!

10 Ҳоло гӯед, ки оё ман бо гуфти одамон зиндагӣ мекунам ё бо гуфти Худо? Магар ман ба одамон маъқул шудан мехоҳам? Агар ман то ҳол кӯшиш мекардам, ки ба одамон маъқул шавам, хизматгузори Масеҳ намебудам.

11 Эй бародарону хоҳарон, мехоҳам инро донед, ки хушхабари эълон кардаамро одамизод бофта набаровардааст.

12 Ман онро аз одамизод на қабул кардааму на таълим ёфтаам, балки Исои Масеҳ ин хушхабарро бароям ошкор намудааст.

13 Шумо шунидаед, ки ҳангоми пайрави дини яҳудӣ буданам чӣ хел зиндагӣ мекардам. Ман бераҳмона ҷамоати имондорони Худоро азоб медодаму дар пайи нобуд кардани он будам.

14 Ман дар риояи дини яҳудӣ дар байни авлодамон аз ҳамаи ҳамсолони худ зиёдтар пешрафт карда будам, чунки дар иҷрои расму русуми аҷдодонамон бисёр кӯшишу ғайрат мекардам.

15 Аммо Худо маро пеш аз он, ки ба дунё оям, интихоб намуда, файзу меҳрубонӣ нишон дода, маро ба хизмати Худ даъват кардааст. Худо дар вақту соате, ки муносиб донист,

16 Писари Худро ба ман ошкор кард, то ки ман рафта, дар бораи Писараш ба халқҳои ғайрияҳудӣ хабар диҳам. Ман ҳамон замон барои маслиҳат пеши ягон инсон нарафтам.

17 Ҳатто ба шаҳри Уршалим назди фиристодагоне, ки аллакай ба ин вазифа таъйин шуда буданд, нарафтам, балки ба Арабистон рафтам ва баъдан ба шаҳри Димишқ баргаштам.

18 Баъд аз се сол ман барои шинос шудан бо Петрус ба Уршалим рафта, понздаҳ рӯз ҳамроҳаш истодам.

19 Вале аз фиристодагони дигар касеро ба ғайр аз Яъқуби бародари Худовандамон Исои Масеҳ надидам.

20 Худо шоҳид аст, ки он чи ба шумо навишта истодаам, дурӯғ нест!

21 Сипас ман ба сарзамини Сурия ва Киликия раҳсипор шудам.

22 Имондорони ҷамоатҳои Масеҳ дар сарзамини Яҳудия маро ҳанӯз шахсан намешинохтанд.

23 Фақат ба гӯшашон хабар расида буд, ки Павлуси азобдиҳандаи онҳо ҳамон имонеро, ки пештар аз байн бурдан мехост, акнун дар бораи ин имон худаш эълон карда истодааст.

24 Бинобар ин онҳо ба хотири ман Худоро шукр гуфтанд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6