меню

Номаро ба Ғалотиен 5 Боб


1 Масеҳ моро барои он аз шариат озод кард, ки мо дар озодӣ зиндагӣ кунем. Акнун ин озодиро маҳкам нигоҳ доред ва дигар ба юғи ғуломӣ, ки он риояи шариат аст, гардан нафуроред.

2 Гӯш кунед, ки ман, Павлус ба шумо чӣ мегӯям: агар шумо хатна шавед, Масеҳ барои шумо дигар ҳеҷ фоида надорад.

3 Боз огоҳ мекунам, ки ҳар кӣ хатна мешавад, бояд тамоми шариатро иҷро намояд.

4 Агар ба воситаи риояи шариат дар назари Худо сафед шуданӣ бошед, пас муносибати шумо бо Масеҳ канда шудааст ва аз файзу меҳрубонии Худо маҳрум гаштаед.

5 Лекин бо ёрии Рӯҳулқудс мо интизор ҳастем, ки ба мақсади умедамон мерасем. Ва умедвории мо ин ба воситаи имонамон дар назари Худо сафед шудан аст.

6 Зеро агар бо Исои Масеҳ муносибат дошта бошем, он гоҳ хатна шудан ё нашудан аҳамият надорад. Фақат имони мо, ки дар муҳаббат намоён мешавад, аҳамият дорад.

7 Шумо дар роҳи имон нағз пешрафт мекардед! Кӣ пеши роҳи шуморо гирифта, намонд, ки ба ростӣ итоат кунед?

8 Аниқ аст, ки Худо ин корро накардааст. Охир Ӯ Худ шуморо даъват намудааст.

9 Таълимоти хато ба монанди хамиртуруши камест, ки тамоми хамирро турш мекунад.

10 Ба ҳар сурат, Худованд маро дилпур мекунад, ки фикри шумо мухолифи фикри ман намешавад. Аммо ҳар касе, ки сари шуморо гаранг мекунад, ҷазояшро мебинад.

11 Эй бародарону хоҳарон, агар ман то ҳол хатна шуданро таълим медодам, пас барои чӣ маро то ҳол азоб медиҳанд? Агар хатна шуданро таълим медодам, аз пайғоми салиби Исо касе хафа намешуд.

12 Кошки онҳое, ки шуморо бо таълимоти хатна гаранг мекунанд, худро на фақат хатна, балки ахта ҳам карда, аз мо канда мешуданд.

13 Эй бародарону хоҳарони ман, шумо ба озодӣ даъват шудаед! Аммо эҳтиёт бошед, ки озодем гуфта, ба ҳавасҳои табиати гунаҳкоратон дода нашавед, балки бо меҳру муҳаббат ба якдигар хизмат кунед.

14 Зеро тамоми шариат дар ин як фармон ҷамъбаст шудааст: «Дигаронро мисли худат дӯст дор».

15 Аммо агар шумо ба якдигар дарафтода, якдигарро хӯрдан гиред, эҳтиёт шавед, ки боз аз дасти ҳамдигар нобуд нагардед.

16 Ман чӣ гуфтаниам? Бо роҳнамоии Рӯҳулқудс зиндагӣ кунед ва он вақт ҳавасҳои табиати гунаҳкори худро иҷро намекунед.

17 Табиати гунаҳкор он чиро, ки зидди хости Рӯҳулқудс аст, ҳавас мекунад ва хосте, ки Рӯҳулқудс ба диламон меандозад, зидди табиати гунаҳкори мост. Ин ҳар ду ба якдигар зид ҳастанд. Аз ин рӯ, шумо хостаатонро иҷро карда наметавонед.

18 Дар айни ҳол агар роҳнамоятон Рӯҳулқудс бошад, шумо тобеи шариат нестед.

19 Корҳои табиати гунаҳкор ба ҳама маълуманд: гуноҳҳои ҷинсӣ, бешармиву беҳаёӣ, бадахлоқии ҷинсӣ,

20 бутпарастӣ, ҷодугарӣ, душманӣ, ҷангу хархаша, ҳасад, қаҳру ғазаб, худпарастӣ, ҷудоиву тарафкашӣ,

21 бахилӣ, бадмастӣ, айшу ишрат ва ғайра. Ман пештар таъкид карда будам ва боз огоҳ мекунам, ки ба онҳое, ки чунин корҳоро мекунанд, Подшоҳии Худо насибашон намегардад.

22 Аммо самарае, ки Рӯҳулқудс дар зиндагии одамон меоварад, инҳоянд: меҳру муҳаббат, шодию хурсандӣ, сулҳу оромӣ, сабру тоқат, некӣ ва меҳрубонӣ, вафодорӣ,

23 хоксорӣ ва нафси худро нигоҳ дошта. Ҳеҷ қонуне бар зидди ин хислатҳо мавҷуд нест.

24 Онҳое, ки аз они Исои Масеҳ ҳастанд, табиати гунаҳкори худро бо майлу ҳавасҳояш ба салиб мехкӯб карда, ба марг супоридаанд.

25 Азбаски Рӯҳулқудс сарчашмаи ҳаётамон мебошад, пас мо бояд бо роҳнамоии Ӯ низ рафтор кунем.

26 Барои ҳамин биёед ҳавобаланд нашавем, якдигарро ба ҷанг наандозем ва ба якдигар бахилӣ накунем.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6