1 Баъд аз чордаҳ сол ман боз ба Уршалим рафтам. Ин дафъа ман ҳамроҳи Барнаббо будам ва Титуси юнониро низ бо худ овардам.
2 Нияти ба Уршалим рафтанро ба дилам Худо андохта буд. Дар он ҷо ман бо роҳбарони обрӯманди ҷамоати имондорон алоҳида вохӯрда, хушхабареро, ки ба ғайрияҳудиён эълон мекардам, ба онҳо баён кардам, то ки аз назар гузаронанд. Ман хавотир будам, ки мабодо меҳнате, ки барои расондани хушхабар мекунам, бефоида набошад.
3 Агарчи ҳамсафари ман Титус хатна нашуда ҳам буд, роҳбарони яҳудӣ аз ӯ хатна шуданро талаб накарда, қабул карданд.
4 Масъалаи хатна фақат аз ҷониби он яҳудиёне, ки имондорони дурӯғин буданд, ба миён омад. Онҳо махфиёна ба мобайни мо роҳ ёфта, хостанд дар бораи озодӣ аз шариате, ки мо, имондорон ба хотири Исои Масеҳ дорем, маълумот гиранд. Онҳо хостанд, ки моро аз ин озодӣ маҳрум карда, ғуломи қонуну қоидаҳои яҳудиён гардонанд.
5 Вале мо як лаҳзае ҳам ба гапҳои онҳо дода нашудем, чун хостем, ки ҳақиқати хушхабарро барои шумо нигоҳ дорем.
6 Ва онҳое, ки роҳбарони ҷамоати имондорон ҳисобида мешаванд (дар ҳар мансабе, ки бошанд, ба ман фарқ надорад, чунки Худо ба ҳама бо як чашм нигоҳ мекунад), – ана ҳамон роҳбарон низ ба хушхабари эълон мекардаам чизе илова накарда, тасдиқ намуданд, ки он дуруст аст.
7 Баръакс, онҳо диданд, ки Худо маро уҳдадор намудааст, ки хушхабарро ба халқҳои ғайрияҳудӣ эълон кунам. Ҳамон тавре ки Худо Петрусро вазифадор кардааст, ки ба яҳудиён хушхабарро расонад, маро вазифадор кардааст, ки хушхабарро ба ғайрияҳудиён эълон кунам.
8 Зеро ҳамон Худо, ки ба Петрус қудрат дод, то фиристода барои яҳудиён бошад, ба ман низ қудрат дод, ки фиристода барои ғайрияҳудиён бошам.
9 Вақте Яъқуб, Петрус ва Юҳанно, ки сутунҳои ҷамоати имондорон ҳисобида мешаванд, диданд, ки Худо ба ман файзу меҳрубонӣ нишон додааст, ману Барнабборо ба қатори ҳамкорони худ дароварданд. Онҳо розӣ шуданд, ки мо ба назди халқҳои ғайрияҳудӣ рафта, хушхабарро эълон кунему онҳо ба яҳудиён эълон кунанд.
10 Ин роҳбарон фақат як хоҳиш доштанд, ки мо ба камбағалони ҷамоати онҳо ёрӣ расонданро давом диҳем, ки ман худ ба ин кор майлу рағбат доштам.
11 Аммо, ҳангоме ки Петрус ба шаҳри Антокия омад, ман ба вай рӯйирост зид баромадам, чунки рафтори нодуруст карда буд.
12 Аввал ӯ вақте ба Антокия омад, бо имондорони ғайрияҳудӣ, ки хатна нашудаанд, аз як дастархон нон мехӯрд. Аммо ҳамин ки аз ҷониби Яъқуб одамон омаданд, Петрус худро аз ғайрияҳудиён канора гирифта, дигар ҳамроҳашон намехӯрд, чунки аз танқиди тарафдорони хатна тарсида буд.
13 Дар натиҷа имондорони яҳудии дигар низ мисли Петрус дурӯягӣ карданд ва дурӯягии онҳо ҳатто Барнабборо аз роҳ зад.
14 Вақте дидам, ки онҳо аз рӯйи ростии хушхабар амал намекунанд, дар пеши ҳама ба Петрус гуфтам: «Агар туи яҳудӣ ҳамчун ғайрияҳудӣ зиндагӣ кунӣ, пас чаро ғайрияҳудиёнро маҷбур месозӣ, ки аз рӯйи қонуну қоидаҳои яҳудӣ зиндагӣ кунанд?»
15 Мо аз таваллудамон на ягон ғайрияҳудии гунаҳкор, балки яҳудӣ ҳастем.
16 Лекин фаҳмидем, ки инсон на бо иҷро кардани шариат, балки бо имон ба Исои Масеҳ дар назари Худо сафед мешавад. Бинобар ин мо низ ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки на бо иҷрои шариати Мусо, балки ба воситаи имон ба Масеҳ сафед шавем, чунки ба воситаи иҷро кардани шариат ҳеҷ кас сафед намешавад.
17 Ҳоло мо на ба воситаи иҷрои шариат, балки ба воситаи имон ба Масеҳ сафед шуданӣ ҳастем ва бинобар ин аз шариат рӯй гардондем. Агар ба сабаби ин гуноҳкор ҳисобида шавем, пас магар Масеҳ моро ба сӯйи гуноҳ мебарад? Ҳаргиз!
18 Баръакс, агар ман он чиро, ки худ вайрон кардаам, боз аз нав барпо намоям, нишон медиҳам, ки ҷинояткор ҳастам.
19 Охир вақте ки ман бо иҷрои шариат зиндагӣ мекардам, шариат нишон дод, ки гуноҳкорам ва сазовори марг ҳастам. Пас ман барои шариат мурдам ва онро дигар риоя намекунам, то ки акнун барои Худо зиндагӣ кунам. Ман ба марги Масеҳ, ки ба салиб мехкӯб шуда буд, шарик шуда, мурдам.
20 Акнун на ман, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ҳоло, ки дар ҷисм ҳастам, ман бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва ба хотири ман Худро фидо кард.
21 Ман файзу меҳрубонии Худоро рад намекунам. Зеро, агар мо бо риояи шариат дар назари Худо сафед шуда метавонистем, пас Масеҳ беҳуда ҷон додааст!