Номаро ба Ғалотиен 6 Боб
1 Эй бародарону хоҳарон, ки бо роҳнамоии Рӯҳи Худо зиндагӣ мекунед, агар касе аз шумо гирифтори гуноҳ шавад, вайро бо меҳрубонӣ ва хоксорӣ ислоҳ намоед. Аммо бохабар бошед, ки боз худатон ба доми гуноҳ наафтед.
2 Якдигарро дар вақти вазнинӣ дастгирӣ кунед ва ҳамин тавр қонуни Масеҳро иҷро менамоед.
3 Агар касе худро аз дигарон калон гирад, дар ҳоле ки ночиз аст, фақат худро фиреб медиҳад.
4 Пас ҳар кас бояд рафтори худро аз назар гузаронад. Он гоҳ вай худро бо каси дигар муқоиса карда, калонгирӣ намекунаду аз муваффақияти худ фахр мекунад.
5 Охир ҳар кас уҳдадории худро ба зиммааш дорад.
6 Бигзор ҳар кас аз молу давлаташ бо муаллими худ, ки гуфтаҳои Худоро барояш таълим медиҳад, бо ҳам бинад.
7 Ба фикри хато, ки гӯё Худоро фиреб дода метавонед, роҳ надиҳед. Чизи коштаатонро мегиред.
8 Касе ки ҳавасҳои табиати гунаҳкорашро қонеъ гардонда зиндагӣ мекунад, аз табиати гунаҳкор маргро ҳосил мегирад. Вале касе ки барои шод гардондани Рӯҳулқудс мекорад, аз Ӯ ҳаёти абадӣ ҳосил мегирад.
9 Пас, биёед аз некӣ кардан дилгир нашавем, чунки агар ноумед нагардем, дар вақти муносиб ҳосилашро ҳам мегирем.
10 Бинобар ин, ҳанӯз ки имконият ҳаст, ба ҳама некӣ кунем, махсусан, ба онҳое, ки бо мо дар имон аъзои як хонавода ҳастанд.
11 Ҳоло ман худам менависам ва шумо инро аз тарзи навиштанам мебинед, чунки ман бо ҳарфҳои калон менависам.
12 Касоне, ки шуморо ба хатна шудан маҷбур мекунанд, ба дигарон маъқул шуданӣ ҳастанд. Онҳо бо азобҳо дучор шудан намехоҳанд, чунки агар эълон кунанд, ки Масеҳ ба хотири наҷоти мо ба салиб мехкӯб шуда буд, азобу уқубат мекашанд.
13 Ин хатнашудагон худашон шариатро иҷро намекунанд, вале мехоҳанд, ки шумо хатна шаведу онҳо аз ин фахр намоянд.
14 Ман бошам, ба ғайр аз салиби Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳеҷ чизи дигар фахр кардан намехоҳам. Ба воситаи марги Исои Масеҳ дар салиб чизҳои ҷаҳонӣ барои ман мурдаанд ва ман барои ин ҷаҳон мурдаам.
15 Охир хатна шудан ё нашудан аҳамият надорад, балки аз ҳама муҳимаш он аст, ки Худо моро офаридаи нав кардааст.
16 Бар ҳамаи онҳое, ки аз рӯйи ҳамин гуфтаҳо зиндагӣ мекунанд ва халқи ҳақиқии Худо мебошанд, осоиштагӣ ва раҳму шафқати Худо бод!
17 Минбаъд касе маро азоб надиҳад, чунки ман дар баданам доғи захмҳоеро дорам, ки аз они Исо буданамро нишон медиҳанд.
18 Эй бародарону хоҳарон, бигзор файзу меҳрубонии Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бошад. Омин.