Номаро ба Ғалотиен 4 Боб
1 Мақсади ман ин аст: вақте ки ба кӯдаке аз падараш мерос мемонад, то замоне ки кӯдак ноболиғ аст, ӯ аз ғулом фарқ намекунад. Гарчанде кӯдак соҳиби тамоми молу мулк бошад ҳам,
2 вале то расидани муҳлате, ки падараш дар васият муайян кардааст, ӯро сарпарастону мураббияҳо идора мекунанд.
3 Мо низ ҳамин тавр то замоне, ки ҳанӯз гӯё кӯдак будем, ғуломи қонунҳои динии ин ҷаҳон будем.
4 Аммо вақте ки замони муайяншуда расид, Худо Писари Худро фиристод, ки аз зан таваллуд шуд ва тобеи шариат буд.
5 Худо Писарашро барои он фиристод, ки моро аз ғуломии шариат озод карда, фарзандони Худ хонад.
6 Азбаски фарзандонаш ҳастем, Худо ба дилҳои мо Рӯҳи Писари Худро фиристодааст ва ин Рӯҳ аз дохили мо ба Худо муроҷиат карда «Эй Або, эй Падарҷонам!» мегӯяд.
7 Ту дигар ғулом нестӣ, балки фарзанди Худоӣ. Ва агар фарзандаш бошӣ, Худо туро меросхӯр таъйин намудааст.
8 Пештар, ки шумо Худоро намешинохтед, ғуломони ба ном худоёне будед, ки дар асл Худо нестанд.
9 Аммо акнун шумо Худоро мешиносед ё аниқтараш Худо шуморо мешиносад! Пас, бо кадом фикр шумо боз ғуломи қонунҳои динӣ шудан мехоҳед? Охир ин қонунҳо худ нотавону суст ҳастанд.
10 Шумо ҳатто рӯзҳо, моҳҳо, идҳо ва солҳои диниро риоя мекардагӣ шудаед.
11 Ҳоло хавотирам, ки мабодо меҳнати ба хотири шумо кардаам беҳуда шуда бошад.
12 Эй бародарону хоҳарон, аз шумо илтиҷо менамоям, ки мисли ман озод бошед, чуноне ки ман мисли шумо, ғайрияҳудиён аз шариат озод шудаам. Шумо бо ман муомилаи бад накардаед.
13 Ба шумо маълум аст, ки ман ба шумо бори аввал аз сабаби бемор шуданам хушхабарро эълон намуда будам.
14 Гарчанде шумо метавонистед аз сабаби бемориам аз ман рӯй гардонед, вале ин корро накардед ва ба ман хунукназарона рафтор накардед. Баръакс, маро гӯё фариштаи Худо ё Худ Исои Масеҳ бошам, хуш қабул кардед.
15 Пас, он шодию хурсандиатон куҷо шуд?! Ман аниқ медонам, ки шумо тайёр будед, ки ҳатто чашмони худро канда гирифта бароям диҳед.
16 Ҳоло чӣ шуд? Магар ба шумо гапи ростро гуфта, душманатон шудам?
17 Он муаллимони бардурӯғ кӯшишу ғайрат мекунанд, ки диққати шуморо ба тарафи худ ҷалб кунанд. Вале ин ба фоидаи шумо нест, чунки нияташон моро аз ҳам ҷудо кардан аст, то ки баъд шумо танҳо ба онҳо диққат диҳед.
18 Кӯшишу ғайрат нишон додан хуб аст, вале дар сурате ки мақсад нек бошад. Инчунин, на фақат дар ҳузури ман, балки бояд ҳамеша нишон дода шавад.
19 Эй фарзандони азизам! Ман боз ҳам ба монанди модаре, ки вақти таваллуд карданаш аст, бароятон то он даме, ки ба Масеҳ монанд мешавед, дарду азоб мекашам.
20 Эй кош ҳоло дар наздатон мебудаму бо шумо бо тарзи дигар гап мезадам. Аммо ҳозир ҳайрон мондаам, ки чӣ гӯям.
21 Шумо, ки шариатро риоя кардан мехоҳед, ҳоло ба ман гӯед, ки оё медонед шариат чӣ мегӯяд?
22 Навишта шудааст, ки Иброҳим соҳиби ду писар буд. Як писарашро канизаш, яъне ғуломзанаш Ҳоҷар таваллуд карда буду писари дигарашро Соро, зани озодаш таваллуд карда буд.
23 Писари каниз ба таври одӣ ба дунё омад, вале зани озоди Иброҳим нозой буд, бинобар ин писари вай ба воситаи муъҷизаи ваъдакардаи Худо ба дунё омад.
24 Ин ду зан ба ду аҳду паймони Худо ишора мекунанд, ки Худо бо халқи Худ баста буд. Як аҳд дар кӯҳи Сино дар асоси шариат баста шуда буд. Ҳоҷари каниз рамзи ҳамин аҳд аст ва фарзандонашро барои ғуломӣ мезояд.
25 Ӯ инчунин, рамзи кӯҳи Сино дар Арабистон мебошад ва шаҳри Уршалими ҳозираро, ки бо фарзандонаш ғуломи шариат ҳастанд, нишон медиҳад.
26 Аммо зани озод Соро рамзи Уршалими осмонӣ аст. Ӯ модари ҳамаи мост.
27 Дар навиштаҷот чунин омадааст: «Шод бош, эй зани нозой, ки ҳеҷ фарзанд таваллуд карда натавонистаӣ! Бо овози баланд садои хурсандӣ барор, эй ту, ки дарди зоиш накашидаӣ, зеро зане, ки шавҳараш ӯро партофтааст, аз зани шавҳардор дида, фарзандони зиёдтар дорад!»
28 Эй бародарону хоҳарон, ҳамон тавре ки Исҳоқ аз рӯйи ваъдаи Худо ба дунё омад, шумо низ, аз рӯйи ваъдаи Худо фарзандони Худо ҳастед.
29 Дар вақти зиндагиашон ҳамон писаре, ки бо роҳи инсонӣ таваллуд шуда буд, писари дигареро, ки бо муъҷизаи Рӯҳулқудс таваллуд шуда буд, озор медод. Ҳоло ҳам ҳамин тавр аст.
30 Аммо дар навиштаҷот дар бораи ин чӣ гуфта шудааст? «Канизро бо писараш аз ин ҷо дафъ кун, чунки писари каниз бо писари зани озод якҷоя меросхӯр намешавад».
31 Хуллас, эй бародарону хоҳарон, мо на фарзандони каниз, балки фарзандони зани озод ҳастем.