меню

Номаро ба Ғалотиен 3 Боб


1 Эй ғалотиёни бефаҳм! Кӣ шуморо сеҳру ҷоду кардааст?! Охир ман мақсади марги Исои Масеҳро ба шумо чунон аниқ фаҳмонда будам, ки шумо ба салиб мехкӯб шуданашро гӯё бо чашми худ дидаед.

2 Ман аз шумо фақат як чиз пурсиданӣ ҳастам, ки оё Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо бароятон ба воситаи иҷро намудани шариат дода шуд? Не, Рӯҳулқудс ба шумо дар натиҷаи он дода шуд, ки шумо хушхабарро шунидеду имон овардед.

3 Наход ин қадар бефаҳм бошед! Охир шумо ҳаёти имондориро бо қудрати Рӯҳулқудс сар кардаед, вале ҳоло мехоҳед, ки бо иҷрои қонунҳое, ки ба ҷисм тааллуқ доранд, то охир давом диҳед?

4 Оё ҳамаи он чие, ки дар роҳи имон аз сар гузарондед, беҳуда буд? Аниқ, ки беҳуда набуд!

5 Оё ба хотири иҷро кардани шариат Худо ба шумо Рӯҳулқудсро дода, дар байнатон муъҷизаҳо нишон медиҳад? Магар на ба хотири он, ки шумо ба хушхабар бовар кардаед?

6 Ана Иброҳим пайғамбар низ ба ваъдаи Худо бовар карда буд ва барои ҳамин Худо ӯро беайб ҳисоб намуд.

7 Пас бояд донед, ки насли Иброҳим онҳое ҳисобида мешаванд, ки имон доранд.

8 Азбаски навиштаҷот пешбинӣ карда буд, ки Худо халқҳои ғайрияҳудиро ба хотири имонашон сафед мекунад, пешакӣ ба Иброҳим хушхабар дода гуфт: «Ба воситаи ту ҳамаи халқҳоро баракат медиҳам».

9 Иброҳим ба Худо бовар карду баракат ёфт. Пас онҳое, ки ба Исо имон доранд, ба баракати Иброҳим шарик мешаванд.

10 Аммо онҳое, ки бо иҷрои шариат дар назари Худо сафед шудан мехоҳанд, гирифтори лаънат мешаванд, чунки дар навиштаҷот чунин омадааст: «Ҳар кӣ ҳамаи навиштаҳои китоби шариатро доимо иҷро намекунад, лаънатзада мешавад».

11 Пас аниқ аст, ки ба воситаи риояи шариат касе худро дар пеши Худо сафед карда наметавонад, чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки шахси росткор ба воситаи имон зиндагӣ мекунад.

12 Аммо иҷрои шариат як чиз асту имон овардан дигар чиз аст. Зеро навишта шудааст, ки «Ҳар кӣ тамоми шариатро иҷро мекунад, бо он зинда мемонад».

13 Азбаски мо шариатро иҷро карда наметавонистем, лаънатзада шуда будем. Лекин Масеҳ ба ҷойи мо ҳамин ҷазои лаънатро ба Худ гирифта, моро озод кард. Зеро дар навиштаҷот омадааст, ки «лаънатзада аст ҳар касе, ки ба дарахт овехта мешавад».

14 Исои Масеҳ ин корро бо мақсади он кард, ки ба воситаи Ӯ баракате, ки Худо ба Иброҳим дода буд, ба халқҳои ғайрияҳудӣ дастрас шавад. Дар натиҷа мо Рӯҳулқудсро, ки Худо ваъда дода буд, ба воситаи имон гирифта метавонем.

15 Эй бародарону хоҳарон! Аз ҳаёти ҳаррӯза мисол меоварам, ки агар аҳду паймон бо розигии тарафҳо баста шуда бошад, онро касе на бекор карда ва на ба он чизе илова намуда метавонад.

16 Худо ваъдаҳои Худро ба Иброҳим ва ба насли вай дода буд. Диққат кунед, ки дар навиштаҷот «наслҳои вай» гуфта нашудааст, ки бисёриҳо ба назар гирифта шуда бошанд, балки «насли вай» гуфта шудааст, ки фақат ба як кас, яъне ба Масеҳ, ки Таъйиншудаи Худост, ишора мекунад.

17 Бо ҳамаи ин ман чӣ гуфтаниам? Худо бо Иброҳим аҳду паймон баста буд. Баъд аз чорсаду сӣ соли он шариати Мусо омад, аммо ин шариат аҳди Худоро, ки аллакай баста шуда буд, бекор карда ва ваъдаҳои Худоро аз байн бурда наметавонад.

18 Агар он чи Худо ваъда додааст, ба мо ба воситаи иҷрои шариат насиб мешуда бошад, пас он дигар мувофиқи ваъда нест. Аммо Худо баракаташро ба Иброҳим мувофиқи ваъдааш ато кардааст.

19 Пас шариат барои чӣ даркор аст? Он баъдтар барои он илова шуда буд, ки чӣ будани гуноҳро нишон диҳад. Эътибори шариат фақат то замони омадани ҳамон насле буд, яъне Исои Масеҳ, ки барояш ваъда тааллуқ дошт. Худо шариатро ба воситаи фариштаҳо ба Мусо дод, ки вай байни Худо ва халқаш миёнарав буд.

20 Агар миёнарав бошад, пас тарафҳо низ ҳастанд. Аммо вақте ки Худо ваъда медод, миёнарав надошт. Ин нишон медиҳад, ки ваъда фақат аз як тараф дода шудааст, аз тарафи Худо.

21 Пас магар шариати Худо зидди ваъдаҳояш аст? Ҳаргиз! Агар шариат ба одамон ҳаёти нав бахшида метавонист, Худо онҳоро дар асоси иҷрои шариат сафед мекард.

22 Аммо навиштаҷот мефармояд, ки ҳамаи одамон ба доми гуноҳ ҳамчун ба зиндон афтодаанд, то ки ваъдаи Худо ба онҳое дода шавад, ки ба Исои Масеҳ имон меоваранд.

23 Пеш аз омадани хушхабар дар бораи имон ба Исои Масеҳ шариат моро ҳамчун посбон дар ҳабсхона нигоҳ медошт.

24 Инак шариат то замони омадани Масеҳ парастори мо буд, то ки мо аз рӯйи имон ба Масеҳ сафед шавем.

25 Акнун ки замони имон расидааст, мо аз таҳти назорати парастор баромадаем.

26 Охир ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ фарзандони Худо шудаед.

27 Ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаед, яъне ғарқи Ӯ шудаед, Масеҳро гӯё дар бар карда, ба Ӯ монанд шудаед.

28 Пас ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як шудаед ва бинобар ин дигар на яҳудӣ ҳасту на ғайрияҳудӣ, на ғулом ҳасту на озод ва на мард ҳасту на зан.

29 Ҳоло ки шумо аз они Масеҳ шудаед, пас ҳамон насли Иброҳим ва меросхӯрони вай мебошед. Ваъдае, ки Худо ба Иброҳим дода буд, аз они шумо шудааст.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6