Номаро ба Ибриен 1 Боб
1 Дар замони қадим Худо ба аҷдодони мо ба воситаи пайғамбарон бо роҳҳои гуногун гаштаю баргашта гап мезад.
2 Аммо дар ин замони охир Ӯ ба мо ба воситаи Писари Худ гап задааст. Худо ҷаҳон ва тамоми мавҷудотро ба воситаи Писараш офарид ва ҳама чизро ба ихтиёри Ӯ дод.
3 Писар дурахши шуҳрату ҷалоли Худоро нишон медиҳад ва аз ҳар ҷиҳат монанди Худо буда, бо амри пурқудраташ тамоми олами мавҷудотро идора мекунад. Баъд аз пок кардани гуноҳҳои одамизод Писар дар боло аз дасти рости Худои Олимақом нишаст.
4 Аз ин дида мешавад, ки мақоми Писар аз мақоми фариштагон хеле баландтар аст, чунки Худо на фариштагон, балки Ӯро Писар хондааст.
5 Охир, Худо ба ҳеҷ кадом фаришта нагуфтааст: «Ту Писари Ман ҳастӣ. Имрӯз Ман Падари Ту шудаам». Ё гуфта бошад, ки «Ман Падари Ӯ мешавам ва Ӯ Писари Ман мешавад».
6 Инчунин ҳангоми ба ҷаҳон овардани Писари аввалаш Худо мегӯяд: «Бигзор ҳамаи фариштагони Худо ба Ӯ саҷда кунанд».
7 Дар бораи фариштагон бошад, Худо мегӯяд, ки «ин хизматгоронашро ба шакли шамолу шуълаҳои оташ табдил медиҳад».
8 Аммо ба Писар Худо мегӯяд: «Тахти Ту, эй Худо, то абад пойдор аст! Ту дар подшоҳиат одилона ҳукмронӣ мекунӣ.
9 Ту дурусткориро дӯст доштаӣ ва бадиро чашми дидан надорӣ. Бинобар ин, Худо, ки Худои Ту аст, Туро аз шодӣ лабрез намуда, болотар аз шариконат таъин кардааст».
10 Ҳамчунин Худо ба Писараш мефармояд: «Эй Худованд, дар ибтидо Ту асосгузори замин будӣ ва қабатҳои осмон кори дастони Туст.
11 Замину осмон нест мешаванд, лекин Ту то абад хоҳӣ монд. Онҳо мисли либос фарсуда мешаванд.
12 Ба мисли ҷома замину осмонро печонда ҷамъ мекунӣ ва ҳамон тавре ки либосро иваз мекунанд, ин ҷаҳонро иваз менамойӣ. Аммо Ту якхел меистӣ ва умри Ту беохир аст».
13 Худо ҳеҷ вақт ба ҳеҷ фариштае нагуфтааст: «То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам, аз дасти ростам бишин».
14 Пас фариштагон кистанд? Онҳо рӯҳҳои хизматгузори Худо ҳастанд ва барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки насибашон наҷот ёфтан аст.