Номаро ба Ибриен 10 Боб
1 Шариати Мусо наҷоти ҳақиқиро бахшида наметавонад. Он фақат мисли соя шакли наҷотро дораду худи наҷот нест. Аз ин рӯ шариат онҳоеро, ки ҳар сол пеши Худо бо қурбонии ҳайвон меоянд, ҳаргиз бегуноҳ гардонда наметавонад.
2 Агар метавонист, магар онҳо қурбонӣ карданро бас намекарданд? Агар парастандагон як бор ва доимӣ пок мешуданд, магар виҷдонашон аз азоби гуноҳ озод намешуд?
3 Баръакс ҳар сол қурбон кардани ҳайвон ба онҳо инсони гунаҳкор буданашонро хотиррасон мекард.
4 Чунки бо хуни бузу барзаговҳо аз байн бурдани гуноҳҳо ғайриимкон аст.
5 Бинобар ин Масеҳ ҳангоми ба ҷаҳон омаданаш ба Худо гуфт: «Қурбониҳову ҳадяҳоро Ту нахостӣ, балки баданеро ба Ман тайёр кардӣ.
6 Сӯхтани ҳайвонҳо болои қурбонгоҳ ё ягон қурбонии дигаре барои бахшиши гуноҳҳо ба Ту маъқул нест».
7 Баъд Ӯ гуфт: «Худоё, ана Ман, ҳамон тавре ки дар навиштаҷот дар бораам гуфта шудааст, барои иҷро кардани хости Ту омадаам».
8 Дар аввал Масеҳ ба Худо гуфт: «Ту қурбониҳову ҳадяҳо, қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳо барои бахшиши гуноҳҳо нахостӣ ва онҳо ба Ту маъқул ҳам нестанд». Ҳол он ки аз рӯйи шариат ин қурбониҳо талаб мешаванд.
9 Баъд Ӯ илова кард: «Ана Ман барои иҷро кардани хости Ту омадаам». Ҳамин тавр Масеҳ барои пойдор намудани аҳду паймони дуюм аҳди аввалинро бекор мекунад.
10 Аз рӯйи ҳамин хости Худо мо ба воситаи қурбонии бадани Исои Масеҳ як бор ва то абад аз гуноҳ пок шудаем.
11 Ҳар коҳин вазифаашро ҳар рӯз иҷро намуда, гаштаю баргашта як хел қурбониҳо мекунад, ки ин қурбониҳо гуноҳҳоро ҳаргиз аз байн бурда наметавонанд.
12 Вале Масеҳ, ки Худро як бор ва то абад қурбонӣ барои гуноҳҳо тақдим карда, аз дасти рости Худо нишаст,
13 ҳоло дар интизори замонест, ки Худо душманонашро зери пояш кунад.
14 Зеро Ӯ бо як қурбонии Худ онҳоеро, ки аз гуноҳҳояшон пок мешаванд, то абад бегуноҳ мегардонад.
15 Рӯҳулқудс низ инро тасдиқ намуда, мегӯяд:
16 «Ана ин аҳду паймонест, ки Ман дар оянда бо онҳо мебандам, мегӯяд Худованд: Ман қонунҳои Худро дар дили онҳо мегузорам ва дар фикрашон менависам».
17 Боз илова карда мегӯяд: «Ман гуноҳҳо ва қонуншикании онҳоро дигар ба ёд намеорам».
18 Пас баъд аз бахшида шудани гуноҳҳо, қурбонии дигар барои гуноҳҳо даркор нест.
19 Хуллас, эй бародарону хоҳарон, мо ба воситаи хуни Исо ба ҳузури Худо, ки дар ҷойи муқаддастарин аст, боҷуръат даромада метавонем.
20 Ин роҳро ба ҳузури Худо барои мо Исо ба воситаи қурбонии баданаш кушодааст ва ин роҳи наву ҳаётбахш аст, ки аз пардаи хаймаи осмонӣ гузаштааст.
21 Мо чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки идораи корҳои хонаводаи Худоро дар уҳдаи Худ дорад.
22 Пас, биёед рост ба ҳузури Худо бо дили соф ва пур аз имон равем. Биёед бо дилҳое ба Худо наздик шавем, ки бо пошидани хуни Масеҳ аз азоби виҷдон пок гаштаанд. Инчунин, бо баданҳое ба Худо наздик шавем, ки бо оби пок шуста шудаанд.
23 Биёед он умедамонро, ки эълон мекунем, бе дудилагӣ маҳкам нигоҳ дорем, чунки Худо ба ваъдаҳояш вафо мекунад.
24 Биёед дар фикри он бошем, ки чӣ тавр якдигарро ба муҳаббат ва корҳои нек водор созем.
25 Баъзе касон одат пайдо кардаанд, ки ба ҷамъомадҳои имондорон наоянд. Биёед ба монанди онҳо нашавем ва аз ҷамъомади ҳамдигар намонем. Баръакс якдигарро рӯҳбаланд намоем, хусусан, дар ин вақте ки рӯзи баргаштани Худованд наздик аст.
26 Зеро, агар мо баъд аз қабул кардани дониши ҳақиқат дидаву дониста гуноҳ кардан гирем, барои гуноҳи мо қурбонии дигар намондааст.
27 Барои мо фақат ҳамин мемонад, ки бо тарсу ҳарос интизори рӯзи ҷазо ва он оташи шадиде бошем, ки душманони Худоро фурӯ мебарад.
28 Шахсе, ки шариати Мусоро назарногирӣ кардааст, бо шаҳодати ду ё се нафар бераҳмона кушта мешавад.
29 Пас чӣ қадар шадидтар ҷазои касест, ки Писари Худоро поймол мекунаду хуни аҳди паймонро, ки бо он пок гаштааст, ҳаром месозад ва Рӯҳи файзу меҳрубонии Худоро меранҷонад?
30 Мо медонем, ки Худо гуфтааст: «Қасосгирӣ аз они Ман аст ва Ман ҷазо медиҳам». Инчунин, гуфта шудааст: «Худованд халқи Худро ҳукм мекунад».
31 Чӣ даҳшатест ба дастони Худои зинда афтодан!
32 Замонеро ба ёд оваред, ки нав дар бораи Масеҳ сарфаҳм рафта будед ва аз барои имонатон бо чи муборизаи сахте дучор шудед. Вале шумо истодагарӣ карда тавонистед.
33 Шумо ба хотири имонатон ё худ дар пеши мардум ба масхараву таҳқир ва азобҳо гирифтор мешудед ё ба онҳое, ки нисбаташон чунин рафтор мекарданд, дасти ёрӣ дароз мекардед.
34 Шумо ба онҳое, ки ба хотири имонашон зиндонӣ шуда буданд, ҳамдардӣ мекардед. Вақте ки молу мулкатонро кашида гирифтанд, шумо хурсандӣ кардед, чун медонистед, ки молу мулки беҳтар ва абадӣ доред.
35 Инак ҳамин хел ба Худованд таваккал карданро давом диҳед! Чунки ин мукофоти бузург меоварад.
36 Шумо бояд босабру пуртоқат шавед, то ки хости Худоро иҷро карда, ба он чи ваъда шудааст, соҳиб гардед.
37 Чунон ки дар навиштаҷот Худо дар бораи Масеҳ гуфтааст: «Баъд аз андак вақт он Касе, ки дар роҳ аст, меояд ва дер намемонад.
38 Аммо шахси росткор ба воситаи имон зиндагӣ мекунад. Вале, агар ақиб гардад, аз вай розӣ намешавам».
39 Мо бошем, аз он касоне нестем, ки ақиб гашта, нобуд шавем, балки касоне ҳастем, ки имонро нигоҳ дошта, наҷот меёбем.