Номаро ба Ибриен 4 Боб
1 Пас, дар сурате ки ваъдаи ба истироҳати Худо дохил шудан ҳанӯз эътибор дорад, бояд эҳтиёт шавем, мабодо маълум шавад, ки касе аз шумо ин ваъдаро аз даст додааст.
2 Зеро ин хушхабар ба мо низ ҳамон тарзе эълон шудааст, ки ба аҷдодонамон эълон шуда буд. Лекин ба онҳо шунидаашон фоида набахшид, чунки ба имони онҳое, ки ба ин хабар гӯш карданд, шарик нашуданд.
3 Вале мо ки имон овардаем, ба он истироҳат роҳ меёбем. Дар бораи дигарон бошад, Худо фармудааст: «Пас, дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки ҳаргиз ба истироҳати Ман дохил намешаванд», ҳол он ки истироҳати Ӯ аз вақти офариниш вуҷуд дорад.
4 Мо инро аз навиштаҷот медонем, ки дар як ҷойи он дар бораи рӯзи ҳафтум чунин гуфта шудааст: «Худо дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ истироҳат кард».
5 Боз дар қисме, ки болотар гуфта гузаштем, омадааст, ки «ҳаргиз ба истироҳати Ман дохил намешаванд».
6 Барои баъзеҳо ҳанӯз имконияти дохил шудан ба ин истироҳат ҳаст. Вале онҳое, ки пештар барояшон хушхабар эълон шуда буд, аз сабаби беитоатӣ дохил нашуданд.
7 Бинобар ин Худо рӯзи дигареро барои дохил шудан ба истироҳати Ӯ муқаррар мекунад ва онро «имрӯз» меномад. Баъд аз солҳои зиёд Худо ба воситаи Довуд дар бораи ин рӯз, чунон ки аллакай қайд кардем, ин тарз эълон мекунад: «Имрӯз ки овози Худоро мешунавед, саркашӣ накунед».
8 Халқи Исроил бо роҳбарии Юшаъ заминеро, ки Худо барояшон ваъда дода буд, соҳиб шуда бошад ҳам, истироҳат накард. Агар ба истироҳати Худо дохил мешуданд, дертар Худо дар бораи рӯзи дигари истироҳат гап намезад.
9 Пас, истироҳати рӯзи шанбе барои халқи Худо то ҳол ҳаст.
10 Ҳар касе, ки ба истироҳати Худо дохил шавад, ба мисли Худо аз корҳояш дам мегирад.
11 Пас, биёед ҷидду ҷаҳд кунем, ки ба ин истироҳат дохил шавем, то ҳеҷ кас аз сабаби беитоатӣ мисли гузаштагон инро аз даст надиҳад.
12 Охир каломи Худо зинда ва таъсирбахш аст. Он аз ҳар шамшери ду тарафаш тез дида чуқуртар ба дохили мо даромада, таъсир мерасонад. Калом ҷонро аз рӯҳ ва буғумҳоро аз иликҳо ҷудо намуда, фикру ниятҳои дилро фош мекунад.
13 Ҳеҷ чиз дар тамоми офариниш аз назари Худо пинҳон нест, балки ҳама чиз дар пеши Ӯ лучу урён ва кушоду ошкор аст. Мо барои ҳама чиз дар пеши Ӯ ҷавоб медиҳем.
14 Пас биёед имони эълон мекардаамонро маҳкам нигоҳ дорем. Охир саркоҳине, ки мо дорем, он чунон бузург аст, ки аз қабатҳои осмон гузашта рост ба даргоҳи Худо дохил шудааст ва ин саркоҳин Писари Худо Исо аст.
15 Саркоҳини мо аз ҷумлаи онҳое нест, ки сустии моро надонад, чунки Худаш аз ҳар ҷиҳат ба монанди мо ба васваса дучор шудааст, вале гуноҳ накардааст.
16 Бинобар ин биёед, ба пеши тахти файзу меҳрубонии Худо боҷуръат оем, то Худо ба мо раҳм карда, дар вақти муҳтоҷӣ бароямон аз рӯйи файзу меҳрубониаш ёрӣ диҳад.