меню

Номаро ба Ибриен 9 Боб


1 Инак аҳду паймони аввал аз расму ойинҳои ибодат ва хаймаи ибодати заминӣ иборат буд.

2 Қисми аввали хаймаи заминӣ «ҷойи муқаддас» номида мешуд. Дар он ҷо чароғдон, миз ва нони ба Худо тақдимшуда гузошта шуда буд.

3 Қисми дуюми хайма «ҷойи муқаддастарин» номида мешуд. Ин қисм аз қисми аввал бо парда ҷудо мешуд.

4 Дар он ҷо қурбонгоҳи тилло барои сӯзондани хушбӯйиҳо ва сандуқи аҳд буданд. Ҳама ҷойи сандуқи аҳд тиллопӯш шуда буд. Дар дарунаш зарфи тилло бо нони манна, асои шукуфтаи Ҳорун ва аҳду паймони дар рӯйи лавҳасангҳо навишташуда гузошта шуда буданд.

5 Дар болои сандуқ ҳамчун нишонаи бузургии Худо ҳайкалҳои махлуқҳои осмонӣ буданд, ки каррубӣ ном доштанд. Қанотҳои онҳо болои сарпӯши сандуқ, ки ҷойи бахшиши гуноҳҳо буд, паҳн мешуданд. Ҳоло мо дар бораи ҳамаи ин як ба як гуфта истода наметавонем.

6 Баъд аз он ки ҳама чиз ба ҳамин тартиб гузошта шуд, коҳинон ҳар рӯз барои иҷрои хизматашон ба қисми аввали хайма медаромаданд.

7 Аммо ба қисми дуюм фақат саркоҳин соле як бор медаромад. Он ҳам ҳангоми даромаданаш барои гуноҳҳое, ки надониста худаш ва халқ содир карда буданд, ҳамеша хуни қурбонӣ тақдим мекард.

8 Бо ҳамаи ин суханони дар бораи хаймаи заминӣ баёншуда Рӯҳулқудс нишон медиҳад, ки то дами вуҷуд доштани хаймаи аввал роҳ ба ҷойи муқаддастарин ҳанӯз кушода нашудааст.

9 Ин ба замони ҳозира ишора карда, нишон медиҳад, ки ҳадяҳо ва қурбониҳое, ки одамон ба Худо тақдим мекунанд, виҷдони онҳоро пок карда наметавонанд.

10 Ҳамаи ин хӯрданию нӯшиданӣ ва ҳар гуна анъанаҳои шустушӯие, ки қоидаҳои ҷисмонианд, фақат то омадани тарзи ибодати нав эътибор доранд.

11 Валекин, вақте ки Масеҳ ҳамчун саркоҳини некиҳои оянда зоҳир гардид, Ӯ ба хаймаи осмонӣ, ки бузургтару комилтар аст, дохил шуд. Он хаймаи дохилшудааш на бо дасти инсон сохта шудаасту на ба ин ҷаҳони офаридашуда тааллуқ дорад.

12 Инчунин Масеҳ на бо хуни бузу гӯсола, балки бо хуни Худ як бор ва то абад ба ҷойи муқаддастарин дохил шуда, моро аз гуноҳ то абад халос кард.

13 Мувофиқи шариати Мусо ба одамони ҳаромшуда ибодат кардани Худо ҷоиз нест. Онҳоро бо пошидани хуни бузу барзагов ва хокистари ғуноҷини сӯзондашуда пок мегардонданд.

14 Пас хуни Масеҳ чӣ қадар бештар пок карда метавонад? Масеҳ Худро ба воситаи қудрати Рӯҳулқудси абадӣ ба Худо беайбу нуқсон ба қурбонӣ тақдим кардааст. Хуни Масеҳ виҷдони моро пок мекунад, то ки мо корҳои марговарро такрор накунем, балки ба Худои зинда хизмат карда тавонем.

15 Ана барои ҳамин Масеҳ миёнарави аҳду паймони нави байни Худо ва мардум мебошад, то онҳое, ки даъват шудаанд, мероси ваъдашудаи абадиро ба даст оварда тавонанд. Марги Ӯ ҷуброни гуноҳҳое шуд, ки мардум дар замони аҳду паймони аввал содир карда буданд.

16 Вақте касе васият мекунад, ки молу мулкаш аз они кӣ мешавад, бояд марги ин васиятгар исбот шавад.

17 Чунки васият танҳо баъд аз мурдани васиятгар эътибор пайдо мекунад. То вақте ки васиятгар зинда аст, васияти ӯ эътибор надорад.

18 Аз ин сабаб ҳатто аҳди аввал бо рехтани хун қувват пайдо кард.

19 Баъд аз он ки Мусо ҳамаи фармонҳои шариатро ба мардум эълон намуд, хуни бузу гӯсолаҳоро бо косаи об гирифта, аз он бо пашми сурх ва гиёҳи зуфо ҳам ба рӯйи навиштаҷот ва ҳам ба тамоми мардум пошида,

20 чунин гуфт: «Ин хун аҳду паймонеро, ки Худо риояи онро ба шумо фармудааст, тасдиқ мекунад».

21 Бо ҳамин тарз вай ҳам худи хайма ва ҳам зарфҳои барои ибодат лозимаро хунпошӣ кард.

22 Дар ҳақиқат, мувофиқи шариат қариб ҳама чиз бо хун пок мешавад ва бе рехтани хун гуноҳҳо бахшида намешаванд.

23 Ҳамаи хунпошӣ барои пок намудани чизҳои хаймаи заминӣ зарур буд. Азбаски хаймаи заминӣ тақлиди хаймаи осмонӣ аст, барои чизҳои осмонӣ қурбонии беҳтар аз хуни ҳайвонот талаб карда мешуд.

24 Охир Масеҳ на ба хаймаи сохти дасти инсон, ки фақат тақлиди хаймаи ҳақиқӣ аст, дохил шуд. Ӯ рост ба осмон рафта дохил шуд, то ки акнун дар назди Худо намояндаи мо бошад.

25 Саркоҳин ҳар сол барои тақдим кардани хуни қурбонӣ ба ҷойи муқаддастарин медарояд ва он ҳам на бо хуни худаш, балки бо хуни ҳайвон. Вале Масеҳ ба осмон на барои Худро гаштаю баргашта тақдими қурбонӣ намудан даромадааст.

26 Вагарна ба Вай лозим меомад, ки аз офариниши дунё то ҳол борҳо азобу уқубати маргро кашад. Вале Ӯ дар замонҳои охир як бор зоҳир шуд, то ки бо қурбон кардани Худ гуноҳро аз байн барад.

27 Ҳамон тавре ки ҳар шахс як бор мемираду баъд Худо ӯро ҳукм мекунад,

28 Масеҳ низ як бор мурд. Вале, Ӯ ки Худ бегуноҳ буд, вақти қурбон шуданаш барои ба дӯш гирифтани гуноҳи бисёриҳо ҳукм шуд. Акнун ки бори дуюм меояд, бо гуноҳ кордор намешавад, балки онҳоеро, ки нигарони омаданаш ҳастанд, наҷот медиҳад.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13