меню

Номаро ба Ибриен 11 Боб


1 Инак, имон доштан чӣ аст? Ин дилпур будан, ки умедамон ҳақиқатан, ҷомаи амал мепӯшад ва боварии қатъӣ доштан ба чизҳоест, ки мо ҳанӯз намебинем.

2 Аз сабаби имонашон одамони гузашта ба таърифи Худо ноил гаштанд.

3 Азбаски мо имон дорем, мефаҳмем, ки тамоми ҷаҳон бо амри Худо офарида шудааст ва чизҳои медидаамон аз чизҳои нонамоён сохта шудаанд.

4 Азбаски Ҳобил имон дошт, қурбонии беҳтар аз қурбонии Қоин тақдим кард. Худо қурбонии Ҳобилро қабул карда, бо ҳамин шаҳодат дод, ки Ҳобил ба воситаи имонаш дурусткор шинохта шуд. Агарчи Ҳобил мурда бошад ҳам, ҳанӯз ба воситаи имонаш ҳамчун ибрат сухан мегӯяд.

5 Азбаски Ҳанӯх имон дошт, маргро начашида, ба осмон гирифта шуд. Ӯро дигар наёфтанд, чунки Худо ӯро пеши Худ гирифт. Лекин, пеш аз он ки гирифта шавад, дар борааш шаҳодат дода шуд, ки вай дили Худоро ёфта буд.

6 Аммо бе имон дили Худоро ёфтан ғайриимкон аст. Зеро ҳар кӣ пеши Худо меояд, бояд бовар кунад, ки Ӯ вуҷуд дорад ва ба онҳое, ки Ӯро меҷӯянд, мукофот медиҳад.

7 Азбаски Нӯҳ ба Худо имон дошт, сухани Худоро ба замин намонда, барои наҷоти тамоми оилааш киштие сохт. Чунки Худо Нӯҳро дар бораи воқеаҳои ояндае, ки Нӯҳ ҳанӯз дида наметавонист, огоҳ карда буд. Бо ҳамин амалаш Нӯҳ соҳиби унвони дурусткор шуд, ки ин унвон дар натиҷаи имон дода мешавад. Инчунин, кори Нӯҳ нишон дод, ки ҳамаи дигарон дар ин ҷаҳон айбдор ҳастанд.

8 Азбаски Иброҳим имон дошт, ба Худо итоат намуд. Вақте ки Худо ӯро даъват кард, аз сарзамини худ баромада, ба ҷое, ки Худо ба вай насиб дониста буд, рафт. Ҳангоми баромаданаш ӯ ҳатто намедонист, ки ба куҷо меравад.

9 Азбаски Иброҳим имон дошт, ҳатто дар он сарзамине, ки Худо ба вай ваъда дода буд, чун ғариб хайма зада зиндагӣ мекард. Ваъдае, ки Иброҳим дошт, ба Исҳоқу Яъқуб низ дода шуда буд, вале онҳо ҳам монанди Иброҳим дар хаймаҳо умр ба сар бурданд.

10 Иброҳим аз он сабаб дар хайма зиндагӣ мекард, ки интизори шаҳри абадие буд, ки меъмор ва бинокораш Худо аст.

11 Азбаски Иброҳиму Соро имон доштанд, агарчи Иброҳим хеле пир шуда буд ва худи Соро низ нозой буд, соҳиби писар шуда тавонистанд. Зеро боварӣ дошт, ки Худо ба ваъдааш вафо мекунад.

12 Ана барои ҳамин аз як марди пири нимҷон насли бешуморе ба мисли ситорагони осмон ё реги соҳили баҳр ба дунё омад.

13 Ҳамаи ин шахсон имонашонро то дами марг нигоҳ дошта рафтанд. Гарчанде онҳо диданд, ки ваъдаи Худо на дар замони онҳо, балки дар оянда иҷро мешавад, шод шуданд. Ҳамин тавр онҳо иқрор намуданд, ки дар рӯйи замин ғариб ва бегонаанд.

14 Онҳое, ки ин тавр мегӯянд, аниқ нишон медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯйи ватан ҳастанд.

15 Агар онҳо ватани тарккардаашонро ёд мекарданд, фурсати ба он ҷо баргаштанро доштанд.

16 Вале, чунон ки мебинем, онҳо муштоқи ватани беҳтаре, яъне ватани осмонӣ буданд. Бинобар ин Худо ҳазар намекунад, ки онҳо Ӯро Худои худ хонанд, чунки барояшон шаҳре тайёр намудааст.

17 Азбаски Иброҳим имон дошт, ба иҷрои амри Худо тайёр буд. Худо ӯро санҷиданӣ шуда, гуфта буд, ки писараш Исҳоқро қурбонӣ кунад. Иброҳим писари ягонааш Исҳоқро қурбонӣ карданӣ шуд, ҳол он ки Худо ба Иброҳим дар бораи Исҳоқ бо ваъда

18 гуфта буд, ки «Насли ту аз Исҳоқ мебарояд».

19 Иброҳим хотирҷамъ буд, ки агар Исҳоқ мурад ҳам, Худо вайро зинда карда метавонад. Бинобар ин вай Исҳоқро гӯё аз марг баргардонда гирифт.

20 Азбаски Исҳоқ имон дошт, писаронаш, Яъқубу Эсавро дуои нек карда, дар бораи ояндаашон гуфт.

21 Азбаски Яъқуб имон дошт, дар дами маргаш ҳар ду писари Юсуфро дуои нек кард ва ба асои худ такя намуда, ба Худо саҷда кард.

22 Азбаски Юсуф имон дошт, дар охири умраш пешгӯйӣ карда буд, ки халқи Исроил аз Миср мебарояд. Бинобар ин ба исроилиён дастур дод, ки ҳангоми аз Миср баромаданашон устухонҳояшро бо худ гирифта баранд.

23 Азбаски падару модари Мусо имон доштанд, аз фармони шоҳ натарсида, Мусои навзодро се моҳ пинҳон карданд, чунки диданд, ки кӯдак аҷоиб буд.

24 Азбаски Мусо имон дошт, агарчи духтари фиръавн ӯро ба воя расонда бошад ҳам, баъд аз калон шуданаш аз шоҳзодагӣ даст кашид.

25 Ӯ, ба ҷойи он ки аз лаззати муваққатии гуноҳ ҳаловат барад, ҳамроҳи халқи Худо азоб кашиданро интихоб кард.

26 Мусо нисбат ба ганҷҳои Миср нангу хории ба хотири Масеҳ кашиданро авлотар меҳисобид, чунки вай нигарони мукофоти оянда буд.

27 Азбаски Мусо имон дошт, аз ғазаби шоҳ натарсида Мисрро тарк кард. Вай сабру тоқат нишон дод, гӯё ки Худои нонамоёнро медида бошад.

28 Азбаски Мусо имон дошт, ба халқи Исроил фармон дод, ки минбаъд иди Наҷотро ҷашн гиранд ва ба болои дарҳояшон хуни қурбониро моланд, то фариштае, ки барои нобуд кардани писарони аввал фиристода шуда буд, ба писарони халқи Исроил даст нарасонад.

29 Азбаски халқи Исроил имон дошт, аз миёни баҳри Сурх мисли болои хушкӣ гузашт, аммо, вақте ки мисриён гузаштанӣ буданд, ғарқ шуданд.

30 Азбаски халқи Исроил имон дошт, аз рӯйи дастури Худо шаҳри Ариҳоро ҳафт рӯз давр зад ва баъд деворҳои гирди шаҳр фурӯ рафтанд.

31 Азбаски Роҳоби фоҳиша имон дошт, ҳамроҳи мардуми саркаш кушта нашуд, чунки вай ҷосусони халқи Худоро бо сулҳ пешвоз гирифт.

32 Боз чӣ гӯям? Вақт намерасад, ки дар бораи Ҷидъун, Бороқ, Шимшун, Ифтоҳ, Довуд, Самуил ва пайғамбарҳо нақл кунам.

33 Ҳамаи онҳо ба воситаи имонашон шоҳигариҳоро мағлуб намуданд, аз рӯйи адолат ҳукмронӣ карданд, ваъдаҳоро ба даст оварданд, даҳони шеронро маҳкам намуданд,

34 оташи шадидро хомӯш карданд, аз теғи шамшер халосӣ ёфтанд, дар ҳолати нотавонӣ қувват ёфтанд ва дар вақти задухӯрд боқувват шуданду лашкарҳои душманонро торумор намуданд.

35 Занҳое буданд, ки наздикони мурдаашонро Худо барояшон зинда карда дод. Барои баъзеҳо бошад, шарт гузошта шуда буд, ки агар аз имонашон гузаранд, аз зиндон озод мешаванд. Вале онҳо шартро қабул накарданд, чунки дилпур буданд, ки баъд аз қиёмат ба ҳаёти беҳтар соҳиб мешаванд. Дар натиҷа онҳоро мурданивор латукӯб карданд.

36 Дигарон масхараю қамчинкорӣ ва ҳатто занҷирбандию зиндонҳоро аз сар гузаронданд.

37 Онҳоро сангсор мекарданд, бо арра дупора менамуданд, бо шамшер мекуштанд. Онҳо барои пӯшок пӯсти бузу гӯсфанд доштанду сарсону саргардон, қашшоқу бенаво, зери зулму ситам буданд.

38 Ин имондорон, ки ҷаҳон лоиқашон набуд, дар биёбону кӯҳистон ва ғор ба ғору чуқурӣ ба чуқурӣ бо оворагардӣ умр ба сар мебурданд.

39 Имони ҳамаи инҳо ба Худо писанд омада буд, вале сарфи назар аз ин онҳо иҷрошавии ваъдаи Худоро дар айёми зиндагиашон надиданд,

40 чунки Худо нақшаи беҳтарро барои мо дар назар дошт. Худо мехост, ки онҳо интизор шаванду ҳамроҳи мо ба ҳадди камол расанд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13