меню

Номаро ба Ибриен 13 Боб


1 Ҳамеша бо имондорон бомеҳру дилсӯз бошед.

2 Меҳмоннавозиро гум накунед. Охир баъзе касон меҳмон фикр карда, дар асл фариштаҳоро қабул карда буданд.

3 Инчунин, онҳоеро дар ёд дошта бошед, ки ба хотири имонашон зиндонӣ шудаанд, гӯё ҳамроҳашон дар зиндон бошед. Онҳоеро низ фаромӯш накунед, ки нисбаташон бад рафтор мекунанд, гӯё шумо ба рӯзи онҳо гирифтор шуда бошед.

4 Издивоҷро бояд ҳама ҳурмат кунанд ва пайванди занушӯйӣ бояд пок нигоҳ дошта шавад, чунки онҳоеро, ки ба ҳамсараш хиёнат мекунанд ва бадахлоқ мебошанд, Худо ҳукм мекунад.

5 Дар зиндагӣ пулпараст нашаведу аз дороиятон қаноатманд бошед. Охир Худи Худо гуфтааст: «Ман ҳаргиз шуморо тарк нахоҳам кард ва танҳо нахоҳам гузошт».

6 Пас мо бо дилпурӣ гуфта метавонем: «Худованд мададгори ман аст ва ман аз ҳеҷ чиз наметарсам. Инсон ба ман чӣ кор карда метавонад?»

7 Роҳбарони худро, ки ба шумо каломи Худоро таълим медоданд, дар ёд доред. Ба самараи хуби ҳаёти онҳо нигоҳ кунед ва аз имонашон ибрат гиред.

8 Исои Масеҳ дирӯз, имрӯз ва то абад бетағйир аст.

9 Пас нагузоред, ки ҳар гуна таълимоти аҷибу ғариб шуморо аз роҳ берун кунад. Хуб мешавад, ки рӯҳи шуморо файзу меҳрубонии Худо мустаҳкам гардонад ва на қоидаҳои динӣ дар бораи хӯрокҳо, чунки ин қоидаҳо ба риоякунандагони он ҳеҷ фоида наоварданд.

10 Мо, масеҳиён, қурбонгоҳе дорем, ки коҳинони хаймаи ибодат ҳаққи хӯрдани қурбонии онро надоранд.

11 Онҳо барои пок гардондани гуноҳи халқ ҳайвонҳо қурбонӣ мекунанд. Хуни ҳайвонҳоро саркоҳин ба ҷойи муқаддастарин мебарад, вале ҷасадашон берун аз қароргоҳ сӯзонида мешавад.

12 Барои ҳамин ҳам Исо берун аз дарвозаҳои шаҳр азоб кашида мурд, то ки ба воситаи хуни Худ одамонро аз гуноҳашон пок созад.

13 Пас, биёед мо ҳам берун аз қароргоҳ ба пеши Ӯ баромада, ба нангу хорие, ки Ӯ кашидааст, шарик шавем.

14 Охир дар ин дунё мо шаҳри доимӣ надорем, балки шаҳреро нигаронем, ки дар роҳи омадан аст.

15 Инак, биёед ба воситаи Исо ҳамеша ба Худо ҳамду саноро ҳамчун қурбонӣ тақдим намоем, яъне дар васфи Ӯ таърифу тавсифро ба забон гирем.

16 Ҳамчунон, некӣ ва хайрия карданро бе аҳамият намонед, чунки ҳамин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меоянд.

17 Роҳбарони имондори худро гӯш кунед ва ба онҳо итоат намоед, чунки онҳо ҳамчун касоне, ки назди Худо масъулият доранд, ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд. Бигзор онҳо бо хурсандӣ ин корро кунанд ва на бо оҳу воҳ, ки дар ин ҳолат шумо фоида намебинед.

18 Барои мо дуо кунед. Мо боварии қатъӣ дорем, ки дар пеши виҷдонамон пок ҳастем, чун хоҳиш дорем, ки аз ҳар ҷиҳат дуруст рафтор кунем.

19 Аз ҳама бештар илтимос дорам, дуо кунед, ки Худо ҳарчи зудтар маро ба назди шумо баргардонад.

20 Ҳоло бошад, ба Худои сулҳу осоиштагӣ барои шумо дуо мекунам. Ӯ Худовандамон Исоро, ки Чӯпони бузурги гӯсфандон аст, ба воситаи хуне, ки барои аҳди абадӣ рехта шуда буд, аз марг зинда гардонд. Ва дуои ман ин аст, ки

21 Худо ба шумо ҳама чизи некеро, ки барои иҷро кардани хости Ӯ даркор мешавад, диҳад. Бигзор Ӯ ба воситаи Исои Масеҳ дар шумо ҳар кореро, ки табъи дилаш аст, иҷро кунад. Шукӯҳу ҷалол то абад ба Исои Масеҳ бод! Омин.

22 Эй бародарону хоҳарон, илтимос мекунам, ки ба панду насиҳатгӯйии ман бо сабру тоқат гӯш диҳед, чун ман ба шумо кӯтоҳакак навиштаам.

23 Хабардор мекунам, ки бародарамон Тимотиюс аз ҳабс озод шудааст. Агар вай зуд биёяд, ҳамроҳи ӯ ба дидани шумо меравам.

24 Ба тамоми халқи Худо ва аз он ҷумла ба роҳбаронатон салом расонед. Онҳое, ки аз Италия ҳастанд, низ ба шумо салом мегӯянд.

25 Файзу меҳрубонии Худо бо ҳамаи шумо бод!

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13