Номаро ба Ибриен 12 Боб
1 Инак мо бо намунаи имони ҳамин қадар одамон иҳота шудаем. Пас биёед ҳар бореро, ки барои пеш рафтан халал мерасонаду ҳар гуноҳеро, ки бо осонӣ моро ба худ мекашад, як тараф монда, мисли варзишгар бо сабру тобоварӣ масофаи давишеро, ки Худо дар пешамон гузоштааст, медавем.
2 Биёед ба Исо назар дӯзем, ки Ӯ пешво ва ба мақсад расонандаи имон аст. Ӯ ба хотири хурсандии дарпешистода ба шармандагӣ аҳамият надода марг дар салибро сабру тоқат намуд ва ҳоло аз тарафи рости тахти Худо нишастааст.
3 Пас, барои он ки дар ин мусобиқа суст ва ноумед нашавед, дар бораи Исо андеша кунед. Ӯ аз дасти гунаҳкорон чӣ азобу шиканҷаи зиёде дид!
4 Ҳол он ки шумо ба мисли Исо бар зидди гуноҳ то дами марг мубориза набурдаед.
5 Шумо насиҳати Худоро аз ёд баровардаед, ки ба шумо ҳамчун фарзандонаш гуфта буд: «Писарам, тарбияи Худовандро назарногирӣ накун ва ҳангоми туро ислоҳ карданаш ноумед нашав.
6 Чунки Худованд касеро адаб медиҳад, ки дӯсташ дорад ва касеро ҷазо медиҳад, ки ҳамчун писар қабул мекунад».
7 Азобе, ки шумо аз сар мегузаронед, барои тарбия гирифтанатон аст. Зеро ҷазо диданатон нишон медиҳад, ки шумо барои Худо ҳамчун фарзанд ҳастед. Охир кадом писарро падар тарбия намедиҳад?!
8 Ҳамаи фарзандон тарбия мегиранд. Агар шумо тарбия нагиред, писарони ҳақиқӣ нестед, балки ҳаромзода ҳастед.
9 Ҳамаи мо падарони заминӣ дорем, ки моро тарбия додаанд ва мо онҳоро барои ҳамин ҳурмат мекунем. Пас чӣ қадар бештар мо бояд ба ҷазои Падари осмониамон сар фарорем, то ки ҳаёти ҳақиқӣ дошта бошем?
10 Падарон моро ба андак вақт ва ба тавре ки ба назарашон дуруст менамуд, ҷазо медоданд. Худо бошад, моро барои фоидаамон ҷазо медиҳад, ки мисли Ӯ аз гуноҳ ҷудо бошем.
11 Ягон ҷазо дар аввал дилписанд нест, балки дардовар аст. Вале баъд онҳое, ки ба воситаи ҷазо тарбия ёфтаанд, натиҷаашро мебинанд. Натиҷааш ҳамин аст, ки шахс зиндагии росткорона ва ором ба сар мебарад.
12 Бинобар ин беқувват шуда бошед ҳам, худро бардам гиред.
13 Бо роҳи рост рафтанро давом диҳед, то онҳое, ки ланг ҳастанд, тоб нахӯранд, балки шифо ёбанд.
14 Талош кунед, ки бо ҳама дар осудагӣ зиндагӣ кунед ва худро пурра ба Худо бахшед, чунки бе ин касе Худовандро нахоҳад дид.
15 Эҳтиёт шавед, ки касе аз шумо аз файзу меҳрубонии Худо маҳрум нашавад ва ҳеҷ «решаи талхе» сабзида, бисёриҳоро олуда карда, ба шумо зарар нарасонад.
16 Ҳамчунон касе набояд мисли Эсав бадахлоқу худобехабар бошад. Эсав барои як коса хӯрок шуда, ҳаққи меросеро, ки ҳамчун фарзанди аввалин дошт, фурӯхт.
17 Сипас худатон медонед, ки вақти аз падараш ҳаққи баракаташро гирифтан хост, рад гардид. Гарчанде бо зорию тавалло кори кардаашро тағйир доданӣ буд, вале натавонист.
18 Шумо, эй бародарону хоҳарон, на ба ҷойи монанди кӯҳи Сино, ки онро дида ва расида мешавад, омадаед. Ҳангоме ки Худо ба исроилиён назди он кӯҳ шариат медод, кӯҳ бо алангаи оташ, торикию зулмот ва тӯфон фаро гирифта шуда буд.
19 Исроилиён садои пурғулғулаи карнаю сухангӯйии Худоро шунида, тавалло мекарданд, ки Худо ба онҳо дигар сухан нагӯяд.
20 Чунки Худо фармон дода буд, ки «агар ҳатто ҳайвоне ба кӯҳ расад, бояд сангсор шавад» ва онҳо ба ин фармон тоб оварда натавонистанд.
21 Тамоми манзара чунон ваҳмангез буд, ки худи Мусо гуфт: «Ман тарсону ларзон ҳастам».
22 Валекин шумо ба назди кӯҳи Сион ва назди Уршалими осмонӣ, ки шаҳри Худои зинда аст, омадаед. Шумо назди ҷамъомади шодонаи ҳазорон-ҳазор фариштаҳо омадаед,
23 назди ҷамъомади онҳое омадаед, ки ҳамаашон ҳаққи писари калониро доранд ва номҳояшон дар осмон навишта шудааст. Шумо назди Худо, ки ҳамаи инсонҳо ба Ӯ ҷавоб медиҳанд ва назди гузаштагони росткоре, ки ба ҳадди камолот расидаанд, омадаед.
24 Ҳамчунон, назди Исо, миёнарави аҳди нав ва назди хуни пошидашудае омадаед, ки ин хун баръакси хуни Ҳобил на қасос, балки бахшиши гуноҳҳоро талаб мекунад.
25 Пас, эҳтиёт шавед, ки аз гӯянда рӯй нагардонед. Охир халқи Исроилро Худо дар замин огоҳ карда буд, вале онҳо аз Ӯ рӯй гардонданду аз ҷазо халосӣ наёфтанд. Акнун мо ки Худо бароямон аз осмон гап мезанад, агар ба суханонаш гӯш надиҳем, ҳаргиз халосӣ намеёбем.
26 Дар он замоне, ки Худо дар кӯҳи Сино гап зад, овозаш заминро ба ларза овард. Ҳоло бошад, Ӯ ваъда дода мегӯяд: «Боз як бори дигар Ман на танҳо замин, балки осмонро низ меларзонам».
27 Ибораи «боз як бори дигар» нишон медиҳад, ки тамоми офариниш ларзонда, аз байн бурда мешавад, то он чизҳое, ки аз таъсири ларза намеафтанд, боқӣ монанд.
28 Пас, мо ки аз Худо Подшоҳии ба ларза устуворро мегирем, биёед бо шукргузорӣ парастиши сазовори Худоро бо иззату эҳтиром ва худотарсӣ ба ҷо оварем.
29 Чунки Худои мо дар ҳақиқат ба мисли оташи сӯзонанда аст.