Номаро ба Ибриен 2 Боб
1 Бинобар ин мо бояд ба он чи дар бораи Писар шунидаем, диққати бениҳоят зиёд диҳем, то ки аз он дур нашавем.
2 Дар гузашта паёми шариат ба воситаи фариштагон эълон шуда буд. Ин паёми шариат чунон эътибори зиёд дошт, ки агар аҷдодонамон аз он сарпечӣ ё ба он беитоатӣ мекарданд, сазовори ҷазо мешуданд.
3 Ҳоло бошад, мо паёми аз он бузургтаре гирифтаем. Акнун агар мо ба ин паёми бузург дар бораи наҷот бепарвоӣ нишон диҳем, аз ҷазо ҳаргиз гурехта наметавонем. Аввалан, ин наҷотро Худованд эълон карда буд ва баъд онҳое, ки шунида буданд, онро ба мо расонданд.
4 Дар айни замон, ки паёми наҷот ба мо дода шудааст, Худо рост буданашро бо аломоту корҳои аҷиб ва муъҷизаҳои гуногун тасдиқ кард. Инчунин ростии паёми наҷот ба воситаи атоҳои рӯҳоние тасдиқ мегардад, ки Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо ба ҳар касе, ки хоҳад, мебахшад.
5 Худо ҳатто дар олами оянда, ки мо дар борааш гуфта истодаем, фариштагонро ҳукмрон нагузоштааст.
6 Баръакс дар як ҷойи навиштаҷот касе ба Худо чунин гуфтааст: «Инсон кист, ки Ту дар борааш фикр мекунӣ ва писари одамизод кист, ки Ту ба вай ғамхорӣ менамойӣ?
7 Ту ӯро андак вақт аз фариштагон поёнтар гузоштӣ ва бо шуҳрату ҷалол ва ифтихор сарафроз гардонида,
8 ҳама чизро зери пояш гузоштаӣ». Модом ки Худо ҳама чизро зери пойи инсон гузоштааст, пас дигар чизе намондааст, ки таҳти ҳукмронии ӯ набошад. Аммо ҳозир мо намебинем, ки ҳама чиз таҳти ҳукмронии одам бошад.
9 Валекин мо Исоро мебинем, ки ба андак вақт аз фариштагон поёнтар гузошта шуда буд. Азбаски Ӯ маргро аз сар гузаронд, акнун бо шуҳрату ҷалол ва ифтихор сарафроз гашта, ҳукмронӣ мекунад. Ин аз сабаби файзу меҳрубонии Худо буд, ки Ӯ ба ҷойи ҳама маргро чашид.
10 Худо ки ҳама чизро барои Худ офаридааст, мехост, фарзандони зиёдро ба шуҳрату ҷалолаш шарик гардонад. Барои ин Ӯ лозим донист, ки Исоро ба воситаи азобҳо роҳбари комиле гардонад, то ки фарзандонро ба сӯйи наҷот бурда расонад.
11 Охир ҳам Исо, ки Поккунандаи имондорон аст, ҳам имондорони покшаванда аз як Падаранд. Бинобар ин Исо ор накарда онҳоро бародар хонда,
12 ба Худо мегӯяд: «Ман дар бораи Ту ба бародаронам эълон мекунам ва дар пеши тамоми ҷамъомади онҳо таърифу тавсифи Туро мекунам».
13 Исо боз мегӯяд: «Ман ба Ӯ таваккал мекунам» ва «Ана Ман ва онҳое, ки Худо бароям ҳамчун фарзанд додааст».
14 Азбаски фарзандони Худо инсон ҳастанд ва аз гӯшту хун иборатанд, Исо низ инсон шуд. Зеро фақат инсон шуда Ӯ метавонист, бо марги Худ қудрати шайтонро, ки одамонро ба марг мебурд, нобуд кунад.
15 Инчунин Исо онҳоеро, ки аз марг метарсиданду тамоми умри худ мисли ғуломони шайтон зиндагӣ мекарданд, бо марги Худ озод намуд.
16 Аниқ аст, ки Ӯ на ин ки ба фариштаҳо, балки ба мо, ки аз насли Иброҳим ҳастем, ёрӣ медиҳад.
17 Вазифаи саркоҳин иборат аз он аст, ки ҳар сол барои гуноҳҳои тамоми халқ ба Худо қурбонӣ кунад. Пас барои саркоҳини раҳмдилу бовафо дар хизмати Худо шудан ба Исо лозим буд, ки аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд гардад. Танҳо дар ин сурат Ӯ қурбониеро, ки гуноҳҳои одамонро аз байн мебарад, тақдим карда метавонист.
18 Исо ки Худ дар вақти аз озмоишҳо гузаштан азоб кашида буд, акнун ба онҳое, ки аз озмоиш мегузаранд, ёрӣ расонда метавонад.