Номаро ба Ибриен 6 Боб
1 Пас биёед, ба таълимоти ибтидоӣ дар бораи Масеҳ гаштаю баргашта барнагардем, балки роҳи ба камол расиданро давом диҳем. Шумо аллакай таълимоти асосиро гирифтаед, ки он дар бораи тавба кардан аз корҳои марговар ва имон овардан ба Худост.
2 Инчунин, таълимоти асосӣ аз қоидаҳои шустушӯйӣ, расму русуми ба имондорон даст гузоштан, зиндашавии мурдагон ва аз ҷазои абадӣ иборат аст. Лозим нест, ки онҳоро ба шумо таълим додан гирем.
3 Ана Худо хоҳад, дар таълим пеш меравем.
4-6 Шахсоне ҳастанд, ки Худо фикрашонро як бор равшан кардаасту мазаи ҳадяи осмонро чашидаанд ва баробари дигар имондорон Рӯҳулқудс барояшон низ дода шудааст. Онҳо хубии каломи Худо ва қудратҳои замони ояндаро чашидаанд, лекин бо вуҷуди ҳамаи ин аз имон даст кашиданд. Чунин одамонро боз ба тавба овардан ғайриимкон аст, чунки онҳо Писари Худоро бори дигар гӯё бо дастони худ ба салиб мехкӯб мекунанд. Бо ин корашон Ӯро дар назари ҳама расво месозанд.
7 Замине, ки пас аз серборонӣ нарм гашта, ба кишткунандагон ҳосили фоидаовар мерӯёнад, аз Худо баракат меёбад.
8 Аммо замине, ки хору хас мерӯёнад, бефоида ва наздики лаънат шудан аст, ки оқибат сӯзонда мешавад.
9 Эй азизон, гарчанде ин суханонро гӯем ҳам, дар мавриди шумо дилпур ҳастем, ки ҳолати имони шумо беҳтар аст ва ин ҳолат шуморо ба наҷот бурда мерасонад.
10 Зеро Худо беинсоф нест, ки амали шумо ва муҳаббатеро, ки ба хотири номи Ӯ дар роҳи хизмат ба халқи Худо нишон додаед ва нишон медиҳед, фаромӯш кунад.
11 Орзуи мо ин аст, ки ҳар яки шумо ҳамин ҷидду ҷаҳди худро то ба охир давом диҳед, то ки умедатон ҷомаи амал пӯшад.
12 Он гоҳ шумо танбал намешавед, балки ба касоне пайравӣ мекунед, ки ба воситаи имону пурсабрӣ ваъдаҳои Худоро ба даст меоваранд.
13 Вақте ки Худо ба Иброҳим ваъда медод, бо номи Худ қасам хӯрд, чунки касе бузургтар аз Ӯ набуд, ки бо номи вай қасам хӯрад.
14 Ӯ чунин гуфта буд: «Ҳатман туро баракат медиҳам ва наслатро бешумор мегардонам».
15 Ҳамин тавр Иброҳим босабр интизор шуда, ваъдаи Худоро ба даст овард.
16 Одамон ҳамеша ба номи касе қасам мехӯранд, ки аз худашон бузургтар бошад ва ин қасам ба ҳар гуна баҳс хотима мегузорад.
17 Худо низ ваъдаашро бо қасам тасдиқ кард, чунки ба касоне, ки ваъда дода буд, нишон додан мехост, ки мақсадашро тағйир намедиҳад.
18 Пас ин ду чиз, яъне ваъда ва қасам тағйирнопазиранд, чунки барои Худо дурӯғ гуфтан имкон надорад. Ба воситаи ин ду чиз Худо хост, ки мо, яъне онҳое, ки дар Ӯ паноҳ ёфтаем, бо дили пур умеди пешниҳодшударо мустаҳкам нигоҳ дорем.
19 Ҳамон тавре ки лангар киштиро дар як ҷо нигоҳ дошта меистад, ин умед ба мисли лангар ҷони моро дар бехатарӣ мустаҳкам нигоҳ медорад. Умеди мо ба Исо аст, ки аз қабати пардаи хаймаи осмонӣ гузашта, ба ҷойи муқаддастарин, яъне ҳузури Худо дохил мешавад.
20 Ин ҳамон ҷоест, ки Исо пешопеши мо ва аз номи мо даромада, то абад саркоҳине ба мисли Малкисодақ гаштааст.