меню

Номаро ба Ибриен 8 Боб


1 Мағзи гуфтаҳои мо ин аст, ки мо саркоҳине дорем, ки аз тарафи рости тахти Худои Олимақом дар осмон нишастааст.

2 Ӯ дар даргоҳи Худо, ки хаймаи ҳақиқии ибодат дар он ҷост, вазифаи коҳинро иҷро мекунад. Ва ин хайма на бо дасти инсон, балки аз тарафи Худованд гузошта шудааст.

3 Ҳар саркоҳин барои тақдим кардани ҳадяҳо ба Худо ва маросими қурбониро анҷом додан таъин мешавад. Аз ин рӯ ин коҳин низ мебоист чизе барои тақдим кардан дошта бошад.

4 Агар Исо дар рӯйи замин мебуд, ба вазифаи коҳин таъин намешуд, чунки коҳинони дигаре ҳастанд, ки мувофиқи шариат ба Худо ҳадяҳо тақдим мекунанд.

5 Аммо хаймаи заминие, ки онҳо хизмат мекунанд, фақат монандӣ ба хаймаи ҳақиқии дар осмонбуда дорад ва тақлид ба он мебошад. Пеш аз он ки Мусо хаймаро созад, Худо вайро огоҳ карда гуфт: «Аммо бин, ки ҳамаашро аз рӯйи намунае созӣ, ки ба ту дар болои кӯҳ нишон дода будам».

6 Вале хизмате, ки ба Исо дода шудааст, бузургтар аз хизмати насли Левӣ аст, ҳамон тавре ки аҳду паймоне, ки Ӯ миёнарави он аст, бузургтар аз аҳди пештара мебошад. Чунки ваъдаҳое, ки Худо дар асоси аҳди нав додааст, беҳтар аз ваъдаҳое ҳастанд, ки дар аҳди пештара буданд.

7 Агар аҳди аввал камбудӣ намедошт, аҳди дуюм ба ивазаш лозим намешуд.

8 Аммо Худо ба норасоии халқи Худ ишора карда гуфт: «Замоне мерасад, ки Ман, – мегӯяд Худованд, – аҳду паймони наве бо хонадони Исроилу Яҳудо хоҳам баст.

9 Ин аҳди нав монанди он аҳди пештарае намешавад, ки Ман бо аҷдодонашон баста будам. Дар он замон Ман дасти аҷдодонашонро гирифта, онҳоро аз Миср бароварда будам. Аммо онҳо ки ба аҳди Ман вафодор намонданд, Ман низ аз онҳо рӯй гардондам.

10 Сипас Худованд эълон мекунад: Ана ин аҳду паймонест, ки Ман дар оянда бо хонадони Исроил мебандам: Ман қонунҳои Худро дар фикри онҳо мегузорам ва дар дилашон менависам. Он гоҳ Ман Худои онҳо мешавам ва онҳо халқи Ман мешаванд.

11 Дигар эҳтиёҷ намешавад, ки онҳо ба ҳамдиёрон ё бародарону хоҳарони худ „Худовандро шиносед“-гӯён таълим диҳанд, чунки ҳама аз хурд то калон Маро мешиносанд.

12 Зеро Ман корҳои бадашонро мебахшам ва гуноҳҳояшонро дигар ба ёд намеорам».

13 Худо вақте ки дар бораи аҳди нав мегӯяд, аҳди аввалро бекор месозад. Чизи куҳна ва бекорашуда зуд аз байн меравад.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13