меню

Номаро ба Ибриен 7 Боб


1 Ин Малкисодақ подшоҳи шаҳри Салим ва коҳине дар хизмати Худои Таоло буд. Ӯ Иброҳимро, ки баъд аз шикаст додани подшоҳон бармегашт, пешвоз гирифта, вайро дуои нек кард.

2 Ва ба ӯ Иброҳим даҳяки ҳама чизи ба даст овардаашро дод. Маънои номи Малкисодақ «Шоҳи дурусткор» аст ва унвонаш шоҳи Салим, яъне «Шоҳи осоиштагӣ» аст.

3 Дар бораи Малкисодақ дар ҳеҷ ҷо қайд нашудааст, ки падару модараш киҳо буданд, чӣ аслу насаб дошт ва умраш кай сар шудаасту кай ба охир расидааст. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат вай ба Писари Худо монандӣ дошта, то абад дар хизмати коҳинӣ мемонад.

4 Бинед, ки Малкисодақ чӣ шахси бузурге буд, ки ҳатто Иброҳим, асосгузори қавми Исроиламон, ба вай даҳяки ҳама чизи дар ҷанг ба даст овардаашро дод.

5 Аз рӯйи фармони шариат, ҳатто насли Иброҳим бояд аз тамоми дороияшон даҳяк диҳад. Исроилиён бояд ба хеши худ, яъне насли Левӣ, ки коҳинон буданд, даҳяк медоданд.

6 Аммо Малкисодақ, ки аз авлоди Левӣ набуд, аз дасти Иброҳим даҳяк гирифт. Ва бо вуҷуди он ки Иброҳим худ соҳиби ваъдаҳои Худо буд, Малкисодақ ӯро дуои нек кард.

7 Бешубҳа, шахси бузург шахси хурдро дуои нек мекунад.

8 Дар ҳолати ҳозира коҳиноне, ки рӯзе мемиранд, даҳякҳоро ҷамъ мекунанд. Аммо дар бораи Малкисодақ, ки аз Иброҳим даҳяк гирифта буд, гуфта шудааст, ки вай зинда аст.

9 Гуфтан мумкин аст, ки худи Левӣ, ки наслаш ҷамъкунандагони даҳяк буданд, ба воситаи Иброҳим ба Малкисодақ даҳяк дода буд.

10 Охир вақте ки Малкисодақ ба пешвози Иброҳим баромад, Левӣ ҳанӯз ба дунё наомада буд, балки дар вуҷуди Иброҳим буд.

11 Гарчанде ки шариати Мусо дар замоне дода шуд, ки ба вазифаи коҳинон аз насли Левӣ интихоб мешуданд, хизматгузории ин коҳинон касеро комил гардонда наметавонист. Чунки, агар комил гардонда метавонист, лозим намешуд, ки коҳини дигаре ва он ҳам на ба мисли Ҳорун, балки ба мисли Малкисодақ биёяд.

12 Зеро, вақте ки қоидаҳои интихоби коҳинон тағйир меёбанд, худи шариат низ бояд иваз шавад.

13 Ҳамаи ин дар бораи Худованди мо гуфта шудааст, ки Ӯ на аз насли Левӣ, балки аз қабилаи дигаре буд, ки касе аз он ҳаргиз пеши қурбонгоҳ хизмат накардааст.

14 Маълум аст, ки Худованди мо аз қабилаи Яҳудо буд ва Мусо ҳеҷ вақт нагуфтааст, ки аз ин қабила коҳине мебарояд.

15 Вақте ки коҳини дигаре ба мисли Малкисодақ мебарояд, рӯй додани табаддулотро боз ҳам равшантар нишон медиҳад.

16 Исо на аз рӯйи қоидаҳои тааллуқ ба қабила, балки бо қудрати ҳаёти нобуднашаванда ба вазифаи коҳин таъин шудааст.

17 Охир дар навиштаҷот дар бораи Ӯ чунин омадааст: «Ту то абад коҳин ба мисли Малкисодақ ҳастӣ».

18 Фармони пештара аз барои суст ва бенатиҷа буданаш бекор карда шуд.

19 Чунки шариат ҳеҷ чизеро пурра пок гардонда ва ё ҳеҷ касеро бо Худо оштӣ дода наметавонист. Вале ҳоло умеди беҳтаре дода шудааст, ки ба воситаи он ба Худо наздик мешавем.

20 Ин ҳам бе қавлу қасам нашудааст! Дигарон бе қавлу қасам коҳин мешуданд,

21 аммо, вақте ки Исо коҳин таъин мешуд, Худо ба Ӯ қасам дода гуфтааст: «Ман, Худованд, қасам мехӯрам ва қарорамро тағйир намедиҳам: Ту то абад коҳин ҳастӣ».

22 Ба сабаби ин қасам Исо кафили ин аҳду паймони беҳтаре бо Худо шудааст.

23 Коҳинони пештара хеле бисёр буданд, чунки марг намемонд, ки онҳо хизмати худро давом диҳанд.

24 Лекин Исо то абад зинда аст, бинобар ин хизмати коҳинии Ӯ низ беохир аст.

25 Исо метавонад онҳоеро, ки ба воситаи Ӯ ба ҳузури Худо меоянд, комилан ва абадан наҷот бахшад. Зеро Ӯ ҳамеша зинда аст, то ки дар пеши Худо ба тарафдории онҳо сухан гӯяд.

26 Мо ана ба ҳамин хел саркоҳине эҳтиёҷ дорем, ки пок ва беайбу нуқсон, ҷудо аз гуноҳкорон ва дар ҷойи болотарини осмон бошад.

27 Бар хилофи саркоҳине, ки аз насли Левӣ буд, Исо зарурат надорад, ки ҳар рӯз аввал барои гуноҳҳои Худ ва баъд барои гуноҳҳои халқ қурбонӣ кунад. Зеро Ӯ Худро як бор ва барои ҳамеша барои гуноҳҳои одамон ҳамчун қурбонӣ тақдим намуд.

28 Аз рӯйи шариат ба вазифаи саркоҳин инсонро таъин мекунанд, ки дорои камбудиҳо аст. Лекин баъд аз дода шудани шариат Худо бо қавлу қасам Писарашро ба ин вазифа таъин кард, ки то абад саркоҳини комил гардид.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13