Номаро ба Ибриен 3 Боб
1 Пас, эй бародарону хоҳарон, ки аз они Худо ҳастеду ба даргоҳи Худо даъват шудаед, дар бораи Исо, ки мо Ӯро фиристодаи Худо ва саркоҳин эълон мекунем, бомулоҳиза фикр кунед.
2 Ҳамон тавре ки Мусо ба тамоми хонаводаи Худо вафодор буд, Исо низ ба Худо дар вазифаи ба он таъиншудааш вафодор монд.
3 Аммо, чӣ қадаре ки шуҳрату ҷалоли бинокори хона аз худи хона бештар аст, ҳамон қадар Исо аз Мусо дида сазовори шуҳрату ҷалоли бештаре гардид.
4 Ҳар хона бо дасти касе сохта мешавад, аммо бинокори ҳама чиз Худост.
5 Мусо ба тамоми хонаводаи Худо ҳамчун хизматгораш вафодор буд, то ки намунаи он ростие бошад, ки Худо дар оянда аён карданӣ буд.
6 Масеҳ бошад, ҳамчун Писар ба хонаводаи Худо соҳиби вафодор аст. Ва хонадони Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки бовариамонро дилпурона нигоҳ дорем ва хурсандона умедвори он чизҳое бошем, ки Худо бароямон мекунад.
7-8 Пас, бо гуфтаи Рӯҳулқудс: «Имрӯз ки овози Худоро мешунавед, саркашӣ накунед, чунон ки халқи Исроил шӯриш карда, ҳангоми дар биёбон аз озмоиш гузаштанаш ба Худо беитоатӣ карда буд».
9 Худо боз гуфтааст: «Аҷдодони шумо корҳои Маро тӯли чил сол дар биёбон медиданд, вале боз ҳам косаи сабрамро лабрез мекарданд.
10 Аз ин сабаб Ман аз он насл хашмгин шуда, гуфтам, ки Онҳо ҳамеша дар дили худ аз Ман рӯй мегардонанд ва роҳҳои Маро нафаҳмидаанд.
11 Пас, дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ҳаргиз ба истироҳати Ман дохил намешаванд».
12 Эй бародарону хоҳарон, эҳтиёт шавед, ки касе аз шумо дили сиёҳу беимоне, ки аз Худои зинда рӯй мегардонад, надошта бошад.
13 Балки ҳар рӯз ба якдигар насиҳат кунед. То он замоне, ки ҳанӯз «имрӯз» номида мешавад, насиҳат карданро давом диҳед. Дар акси ҳол шумо ба фиреби гуноҳ афтода, шахси саркаш мешавед.
14 Охир мо шарики Масеҳ гаштаем ва шарик мемонем, ба шарте ки боварии аввалаи худро то ба охир маҳкам нигоҳ дорем.
15 Чи тавре ки пештар гуфта шуда буд: «Имрӯз ки овози Худоро мешунавед, саркашӣ накунед, чунон ки халқи Исроил ҳангоми шӯриш саркашӣ карда буд».
16 Киҳо овози Худоро шуниданду шӯриш бардоштанд? Мо медонем, ки ин ҳамаи онҳое буданд, ки Мусо аз Миср берун овард.
17 Худо аз кӣ чил сол хашмгин буд? Чунон ки медонем, аз аҷдодони гунаҳкорамон, ки аз барои гуноҳ ҷасадҳояшон дар биёбон монд.
18 Дар ҳаққи киҳо Худо қасам хӯрда гуфт, ки ба истироҳати Ӯ дохил намешаванд? Мо ҳама медонем, дар ҳаққи онҳое, ки итоат накарданд.
19 Хулоса, мо мебинем, ки онҳо аз сабаби беимониашон ба истироҳати Худо дохил шуда натавонистанд.