меню

2 Нома ба Қӯринтиён 1 Боб


1 Салом ба аҳли ҷамоати имондорони Худо дар шаҳри Қуринтус ва ба тамоми халқи Ӯ, ки дар вилояти Охоия зиндагӣ мекунанд! Ман, Павлус, ки бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ таъйин шудаам ва бародари мо Тимотиюс

2 файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Худо Падари мо ва Худованд Исои Масеҳро бар шумо хоҳонем.

3 Ба Худо, ки Падари Худованди мо Исои Масеҳ ва Падари раҳмдил ва Худои ҳама гуна тасаллӣ аст, ҳамду сано бод!

4 Ӯ моро дар ҳама гуна мусибатҳоямон тасаллӣ медиҳад, то ки мо низ бо ҳамон тасаллое, ки худамон аз Худо меёбем, дигаронро ҳам дар ҳама гуна мусибаташон дилбардорӣ намоем.

5 Мо барои Масеҳ чӣ қадар бештар азоб кашем, ҳамон қадар зиёдтар Худо ба воситаи Масеҳ ба мо тасаллӣ медиҳад.

6 Агар мо азобу уқубат кашем, ин ба хотири тасаллову наҷоти шумост ва агар тасаллӣ ёбем, боз ҳам ба хотири тасалло ёфтани шумост. Дар ҳамин ҳолат шумо ба мисли мо бо сабру тоқат азобҳоеро, ки мо аз сар мегузаронем, паси сар мекунед.

7 Боварии комил дорем, ки чи хеле дар азобу уқубати мо шарик ҳастед, ҳамчунин дар тасаллое, ки аз Худо меёбем, шарик мешавед.

8 Эй бародарону хоҳарон, мо намехоҳем, ки шумо аз мусибатҳое, ки дар вилояти Осиё ба сарамон омад, бехабар монед. Азобу уқубати ба сарамон омада аз қувватамон чунон зиёд буд, ки мо ҳатто аз зинда мондан умедамонро канда будем.

9 Дар ҳақиқат, мо интизор будем, ки ҳалок мешавем. Ин аз он сабаб рӯй дод, ки мо на ба қуввати худамон, балки ба Худое, ки мурдагонро зинда мекунад, таваккал кунем.

10 Ӯ моро аз хатари марговар наҷот дод ва боз ҳам наҷот медиҳад. Мо ба Ӯ умед мебандем, ки Ӯ боз моро наҷот хоҳад дод.

11 Шумо ҳам бо дуоҳоятон ба мо ёрӣ мерасонед, чунки Худо аз рӯйи меҳрубониаш ба дуоҳои зиёд ҷавоб дода, моро наҷот медиҳад ва бисёр одамон Ӯро шукр мегӯянд.

12 Мо бо боварӣ ва виҷдони пок гуфта метавонем, ки дар ҳамаи корҳоямон бо нияти пок ва самимияте, ки Худо ба мо додааст, зиндагӣ кардем. Нисбат ба мардуми ҷаҳон ва бахусус нисбат ба шумо мо чунин рафтор намудем ва ин рафторамон на аз рӯйи хиради одамизод, балки аз рӯйи файзу меҳрубонии Худо буд.

13-14 Мо ба шумо танҳо чизҳоеро менависем, ки хонда ва маънояшро фаҳмида метавонед. Ҳатто агар ҳозир қисман суханамонро фаҳмед, умедворам, ки дар оянда пурратар мефаҳмед. Сипас дар Рӯзи бозгашти Худованди мо Исо чӣ гунае ки мо аз шумо фахр мекунем, шумо низ аз мо ҳамон тавр фахр мекунед.

15 Азбаски дилпур ҳастам, ки шумо ба мо боварӣ доред, қарор додам, ки ҳангоми сафар карданам ду бор ба пешатон омада, баракат диҳам. Яъне дар сари сафарам,

16 ҳангоми ба вилояти Мақдуния рафтан ва ҳам аз он ҷо бозгаштанам шуморо бинам. Он гоҳ шумо ба ман ёрӣ дода, маро ба сарзамини Яҳудия гусел карда метавонистед.

17 Шояд шумо пурсед, ки чаро ман нақшаи ба пешатон омаданро тағйир додаам. Ё шояд шумо фикр кунед, ки ман ба мисли одами ҷаҳонӣ бепарвоёна нақша кашида, дар як вақт ҳам «Ҳа» ва ҳам «Не» мегӯям.

18 Лекин чи хеле ки Худо ҳақиқатро мегӯяд, сухани мо низ ба шумо дар як вақт ҳам «Ҳа» ва ҳам «Не» намебошад.

19 Зеро Исои Масеҳ – Писари Худо, ки ман ва Силову Тимотиюс Ӯро ба шумо эълон кардем, байни «Ҳа» ё «Не» дудила нест, балки ҳамеша дар «Ҳа» меистад.

20 Чи қадар ки ваъдаҳои Худо зиёд бошанд, ҳамаи онҳо дар Масеҳ ҷавоби «Ҳа» меёбад, чунки Масеҳ ҳамаи ваъдаҳоро иҷро мекунад. Барои ҳамин мо ба воситаи Масеҳ барои шукӯҳу бузургии Худо «Омин» мегӯем.

21 Худо Худаш мову шуморо дар ягонагӣ бо Масеҳ устувор намуда, барои Худ интихоб кардааст.

22 Ӯ Рӯҳи Худ, яъне Рӯҳулқудсро ҳамчун муҳр дар диламон гузошта, нишон дод, ки мо аз они Ӯ ҳастем. Ҳамин Рӯҳ кафолати баракатҳоест, ки Худо бароямон медиҳад.

23 Худо шоҳид аст, ки сабаби то ҳол ба шаҳри Қуринтус наомаданам он буд, ки намехостам шуморо ҷанг кунам.

24 Мо намехоҳем, ки бар имони шумо ҳукмронӣ кунем, чунки шумо дар имонатон устувор истодаед. Мо баръакс мехоҳем, ки барои хурсандиатон бо шумо ҳамкорӣ кунем.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13